Иштироки Китобхонаи миллӣ дар онлайн-семинари байналмилалӣ

Набиева СаодатБо ташаббуси Китобхонаи вижаи вилоятии Новосибирски Федератсияи Русия барои нобиноён ва шахсони биноиашон заъиф онлайн-семинар бо иштироки китобхонаҳои Русия ва давлатҳои Осиёи Миёна баргузор гардид, ки  шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он ширкат варзид.

XVI Мактаби байналмилалии хидматрасониҳои ёрирасон «Китобхонаи муосир дар меҳвари маҳсулнокӣ ва хушбинии иҷтимоӣ» баҳри такмили фаъолияти китобхонаҳо ҳамчун иштирокчиёни ҳамкории байниидоравӣ оид ба масъалаҳои ташкили муҳити мутобиқшавандаи байникасбӣ равона гардидааст. Ҳадафи он мусоидат ба ҳамгироии шахсони дорои маъюбият ба коллективҳои маъмулӣ (бе маҳдудияти саломатӣ) мебошад.

Муассисаи Давлатии “Китобхонаи миллӣ”-ро дар ин семинари байналмилалӣ Набиева Саодат – сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд муаррифӣ намуд. Набиева Саодат иштирокдоронро бо шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд шинос намуд. Зимни суҳбат аз рафти кору  фаъолияти  шуъбаи мазкур бо хонандагонаш маълумот дод. Қайд карда шуд, ки Китобхонаи миллӣ баҳри болидагӣ ва рушди зеҳниву ҳунарии хонандагон пайваста дар талош аст. Маҳфилҳои адабиву, омӯзишӣ  ба монанди “Ганҷи сухан”, “Дастони моҳир” ва маҳфилҳои фароғатии мунтазам дар ин шуъба бозгӯи ин матлабанд.

Дастони моҳирЧуноне ки аз рафти суҳбати иштирокдорон маълум гардид, ҳар яке аз фаъолияти муассиса худ маълумот дода, бо ҳамкасбони бурунмарзӣ мубодилаи таҷрибаи корӣ намуданд. Таҷрибаи фаъолияти шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ дар самти омӯзиши ҳунар дар маҳфили “Дастони моҳир” диққати иштирокчиёни онлайн-семинарро ба худ ҷалб намуд. Сардори шуъбаи мазкур маҳсули дастони хонандагону иштирокдорони маҳфили “Дастони моҳир”-ро ба маърази тамошои иштирокчиёни онлайн-семинар гузошта, боиси таҳсину офарин гаштани соҳибони ин ашёҳо гардид. Гулдони пур аз гул, ки бо мӯҳраҳои рангоранг ва силсилаҳои пурҷило сохта шудааст, бозгӯи маҳорати баланду ҷаҳони ботинии бойи офарандааш буд. Ҳамчунин  ҷузвдони зебое аз мӯҳраҳои марворидранг, ки аз диданаш сер чашм намешавад, ҳамагонро ба ваҷд овард. Гарчанде  ин гуна ҷузвдонҳо зиёданд, вале омода сохтани ин аз тарафи шахси биноияш заиф боиси офарин аст.

Дастанданкорони семинар – Китобхонаи вижаи вилоятии Новосибирски Федератсияи Русия барои нобиноён ва шахсони биноиашон заъиф иброз доштанд: “месазад, ки чунин таҷрибаро дигарон низ амалӣ созанд.”

семинарЗимнан, XVI Мактаби байналмилалии хидматрасониҳои ёрирасон «Китобхонаи муосир дар меҳвари маҳсулнокӣ ва хушбинии иҷтимоӣ» шакли семинари дурӯзаи амалӣ дошта, ба такмили фаъолияти китобхонаҳо ҳамчун иштирокчиёни ҳамкории байнимуассисавӣ оид ба масъалаҳои ташкили муҳити мутобиқшавандаи байникасбӣ равона гардидааст. Ҳадаф аз баргузории семинар ба таҳкими ҳамкориҳои муассисаҳо ва ташкилотҳои мансуб ба сохторҳои гуногун дар сатҳи байниминтақавӣ ва байналмилалӣ мусоидат намудан мебошад.

Махфират МУҲИДДИНОВА,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа