“Ҳамешабаҳор” – маҳфили адабиву мусиқии Китобхонаи миллӣ

ҲамешабаҳорШоми 1-уми июни соли 2026 бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон” маҳфили “Ҳамешабаҳор”-и Муассисаи давлатии  “Китобхонаи миллӣи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳни барҳавои Китобхонаи миллӣ бо иштироки доираи васеъи шоирону нависандагон ва роҳбарияту кормандони Китобхона доир гардид.

Нахуст маҳфилро директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ оғоз бахшид ва аз ҷумла гуфт: “Маҳфили доимамалкунандаи «Ҳамешабаҳор»и Китобхонаи миллӣ дар ташаккули худшиносӣ ва худогоҳии миллии ҷавонон, ба баланд бардоштани ҳисси худогоҳӣ, худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандӯстӣ мусоидат намуда, дар замиру ботини насли наврас нақши созгор мегузорад. Насли наврасу ҷавон дар ҷараёни омӯзиши осори пурғановати адибони номвари миллат ва мутолиаи шоҳасарҳои бузургони адаб бо сарнавишти ниёгони хеш шинос мегардад. Ҷавононро мебояд, ки китобҳои зиёд мутолиа намоянд ва ҷаҳонбиниашонро васеъ кунанд. Зеро китобу адабиёт қувваи бузурги дарккунӣ ва эҳсоси инсонро комил месозанд”.

Сипас, гардонандаи маҳфил, Шоири халқии Тоҷикистон устод Хайрандеш ба мавзӯи асосии маҳфил ворид шуда, ширкаткунандагонро, аз ҷумла дар бахшҳои «Афрӯза», «Афроза», «Афшина», «Афшона» «Андеша», «Ангора», «Ангеза» фаъол буданашонро хоҳиш намуд.

Ҳамчунин ҳунармандон бо дастовези суруди мусиқиҳои марғуб хотири бошандагони маъфилро болида намуданд.

Маҳфили “Ҳамешабаҳор” муҳимтарин васила барои зиёд шудани хонандагони наврас дар Китобхонаи миллӣ шуда, барои наврасон ҷиҳати бештар мутолеа кардан, зеҳнро тамрин додан, санъат ва нутқи сухани наврасонро бурро сохтан имкон фароҳам сохтааст. Илова бар ин хонандагонро аз лиҳози зеҳнӣ ва фикрӣ ташаккул медиҳад. Зеро ҳар як иштирокчии маҳфил барои пурра посух гуфтан ба суолҳои пешниҳодшуда, шеърҳо  азёд карда, ифоданок мехонанд ва ҷиҳати дарки моҳияти китобҳо талош мекунад.

Дақиқтар бигӯем, маҳфил барои омода кардани наврасон дар руҳияи фарҳангсолорӣ, шеърхонӣ, ҳикоянависӣ ва адабиётдӯстӣ хидмат намуда, хонандагонро ба самти китобу китобхонӣ равона месозад.

Дар суҳбате бо сомонаи Китобхонаи миллӣ устод Хайрандеш аз таърихи маҳфил ёдовар шуда ин хотироти хонданиву шуниданиро нақл карда буд:

Маҳфили “Ҳамешабаҳор”-ро 5-уми сентябри соли 1981 дар хонаи хурдакаки иҷораам таъсис дода будам. Азбаски ин маҳфил бо завқи хосса асос ёфт, мушкилҳои давоми 40 солро, ки зиёд буданд, бо шавқу шўре, ки доштем, ҳал кардем. Он шавқ ҳоло ҳам гум нашудааст, бештар шудааст. Яъне он чӣ дил мехост, кардем. Мавлоно Ҷомӣ як байт дорад ба ин маъно, ки агар шавқ бошад, куҳҳои дар пешат истода ба мисли реганд. Барои ҳамин мушкилот дар назари ман ҳеҷ метофтанд, дар назди шавқе, ки дар ин маҳфил доштам. Аввалин иштирокчиёни маҳфил дар хонаи иҷораам шоири маъруф  Салими Хатлонӣ, собиқ сармуҳаррири рўзномаи “Ҷумҳурият” Камоли Қурбониён, шоир Абдулқодири Раҳим, набераи шоир Сайдалӣ Вализода Фарҳоди Аброр буданд.

ҲамешабаҳорИн маҳфилро ба хотири як мисраи устод Бозор Собир таъсис дода будам. Дар он вақт се нафар: устод Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулрухсор Сафӣ як инқилобе дар шеър ба вуҷуд оварданд. Дар он замон ҳар кас ба шеъру шоир эҳтиром дошт, завқ дошт, ба дидани ин шоирон ҳавас доштанд. Ва мо низ рўзе бесаброна дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон онҳоро интизор будем. Вақте онҳо аз дар даромаданд, ҳама аз ҷо баланд шудему бо кафкўбиҳои пурмавҷ пешвозашон гирифтем. Онҳо бо қарсакҳои бардавоми мо ба саҳна баромаданд, вале кафкубиҳои мо хомўш намешуд. Бисёр хотирмон буд он маҳфил ва дар ҷараёни он устод Бозор Собир гуфтанд, ки ҷавонони навқалам шеър хонанд. Ростӣ дар ин хел маҳфилҳо шеър намехондам, чун бовар надоштам, ки шеърҳоям хубанд. Камоли Қубониён, ки он вақт Камоли Абдураҳим буд, ду шеър хонд:

Тоҷикон бо шеър дар по ростанд,
Оламе бо шеъри худ оростанд.

Ў донишҷўи соли аввал буд. Устод Бозор Собир аз шеърҳои Камоли Қурбониён ба ваҷд омада гуфтанд, ки шеърҳои баъзе шоироне, ки аз деҳот омаданд, мисли харбузаи лалмӣ ширин аст. Ва ин ду мисраи шеърро мисол оварданд:

Эй ташнаи ишқу ҳунару меҳру вафо,
Гар об бихоҳӣ, дили Кулоб биё.

Ин мисраъҳо аз як рубоии Камоли Абдураҳим буд. Ин қадар баҳои баланд гирифт дар шеърнависӣ, вале вақте ба журналистика ворид шуд, муддати муайян шеърро канор гузошт. Ба шунидам ҳоло боз ба шеър рў овардааст. Дар шеър завқи баланд дошт, дар журналистика ҳам комёбиҳои назаррас ба даст овард.

Дар дилам шавқе пайдо шуд, ки 4-5 шоири маҳал ҷамъ шавему маҳфил ороем. Ин маҳалчигӣ нест, маҳалдӯстист. Баҳои устод Бозор Собир ба шеъри Камоли Қурбониён сабаб шуд номи маҳфили нахустинамро “Дили Кўлоб” гузорам. Дар гӯшам он вақт чӣ қадар гушнавоз расида буд “Дили Кулоб”. Мо бачаҳои кулобӣ ҳар ҳафта рўзи шанбе, дар давоми 2-3 сол дар хонаи кирояам ҷамъ омада, маҳфилро бисёр хотирмон мегузарондем. Абдулқодири Раҳим ғайр аз он ки шеърҳои хуб мегуфт, бисёр хати зебо дошт. Абдулқодири Раҳим ба сабки хоси худаш менавохт ва суруд мехонд, рубоби милии тоҷикиро тарзе менавозад, ки дар ягон ҷо надидам. Фарҳоди Аброр ҳам бо сабки кулобӣ бисёр хуб менавохт ва овози фораму ширин дошт. Суҳбатҳоямон суруд буду шеърхониву таҳлили шеър, дилгиркунанда набуд. Тавре, ки наврасон маҳфили “Ҳамешабаҳор”-ро бесаброна интизор мешаванд. Мо низ бетоқатона дар интизори рўзҳои шанбе мемондем…

Инак, 45 сол аст, ки маҳфили “Хайрандеш” пайваста доир мешавад.

Абдуғаюр Саломов