«Робияи Балхӣ – нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс»

Имрӯз, 10 июн дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмию назариявӣ таҳти унвони «Робияи Балхӣ – нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» баргузор гардид.
Дар кори конфронс, роҳбарияти Китобхонаи миллӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорати фарҳанг, намояндагони аз донишгоҳҳои кишвар ва меҳмонон аз хориҷи мамлакат ширкат карда, аҳамияти омӯзиши осори Робияи Балхиро мавриди барасӣ қарор доданд.
Ба кори конфронс директори Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Фарангис Шарифзода ҳусни оғоз бахшида таъкид дошт, ки Робияи Балхӣ аз зумраи чеҳраҳои барҷастаи адабиёти классикии тоҷику форс буда, осори ӯ дар ташаккули анъанаҳои шеърӣ ва рушди адабиёти форсизабон нақши арзишманд гузоштааст.

Дар идома, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Қобилҷон Хушвахтзода дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки Робияи Балхӣ аз чеҳраҳои дурахшони адабиёти классикии тоҷику форс буда, бо истеъдоди нодир, ҷаҳонбинии васеъ ва маҳорати баланди суханварӣ дар таърихи фарҳангу адабиёти миллӣ мақоми хосса касб намудааст. Таъкид гардид, ки осори гаронбаҳои ин бонуи соҳибқалам на танҳо бозгӯи эҳсосу андешаҳои инсонист, балки намунаи олии зебоишиносӣ, озодандешӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои маънавӣ мебошад.

Президенти АМИТ дар бахши дигар аз суханронии худ иброз дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзиш, ҳифз ва муаррифии мероси гаронбаҳои фарҳангиву адабии миллат таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, барои таҳқиқи ҳамаҷонибаи осори шахсиятҳои барҷастаи таърихиву адабӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Сипас, мушовири калони Бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдулозода суханронӣ карда, таъкид дошт, ки мероси адабӣ ва фарҳангии халқи тоҷик яке аз муҳимтарин пояҳои худшиносии миллӣ ба шумор рафта, омӯзиш ва муаррифии шахсиятҳои барҷастаи илму адаб дар таҳкими ҳувияти миллӣ ва тарбияи маънавии ҷомеа нақши муассир дорад.
Матлубахон Сатториён – вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ зикр дошт, ки Робияи Балхӣ аз ҷумлаи нобиғаҳои сухан ва чеҳраҳои мондагори тамаддуни форсизабон буда, номи ӯ ҳамчун нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Қайд гардид, ки осори боқимондаи ин бонуи соҳибистеъдод намунаи олии фарҳанги суханварӣ ва бозгӯи мақому манзалати зан дар ҷомеаи фарҳангии он давра мебошад.
Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Қаландаров омӯзиши осори Робияи Балхиро омӯзиши як падидаи фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ном бурда, гуфт ки намояндагони кишварҳои гуногун ба ашъори ӯ таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд ва аз ҳамоиш ва ҷамъ омадани гурӯҳе аз муҳақиқон ва пажӯҳишгарон дар ин самт изҳори хушнудӣ кард.

Профессори Донишгоҳи давлати Хуҷанд Матлубаи Мирзоюнус яке аз аввалин муҳаққиқони осори Робияи Балхӣ доир ба симои ин шоири соҳибдевон дар адабиёт ҳарф зада, гуфт, ки бузургоне чун Аттор ба Робияи Балхӣ ва сабку нигориши ӯ аҳамияти хоса зоҳир намуда дар навиштаҳои худ аз ӯ чун як чеҳраи ирфонӣ ёд кардаанд.
Ҳамчунин, иброз гардид, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифз, омӯзиш ва муаррифии мероси таърихиву фарҳангии миллат аҳаммияти хосса дода мешавад. Гуфта шуд, ки арҷгузорӣ ба зиндагӣ ва эҷодиёти шахсиятҳои бузурги фарҳангӣ, аз ҷумла Робияи Балхӣ, барои таҳкими худшиносии миллӣ, боло бурдани маърифати фарҳангӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мусоидат менамояд. Ашъори Робияи Балхӣ ҳарчанд маҳдуд бошад ҳам тавонист мақом ва манзалати худро дар адабиёти форсу тоҷик то имрӯз устувор нигоҳ дорад. Осори ӯ аз ҷониби Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода бо 11 забон тарҷума гардида, ба иштирокдорони конфронс тақдим карда шуд.

Дар идомаи конфронс олимону муҳаққиқон аз дохил ва хориҷи кишвар маърӯза намуда, таъкид доштанд, ки Робияи Балхӣ аз нахустин ситораҳои тобноки осмони адабиёти форсӣ-тоҷикӣ ба шумор рафта, эҷодиёти ӯ дар ташаккули адабиёти классикӣ ва рушди анъанаҳои суханварии форсизабонон нақши муҳим бозидааст.
Ҳамзамон аз филми “Робияи Балхӣ”-ки соли 1973 рӯйи кор омадааст ва ҳуввийяти занона дар ин филм, симои зан дар филм ва дигар паҳлуҳои ҳаёти Робия дар конфронс муҳаққиқон андешаронӣ карданд.
Зикр гардид, ки осори ин шоири соҳибзавқ саршор аз муҳаббат, покӣ, садоқат, озодандешӣ ва арзишҳои волои инсонӣ буда, то имрӯз аҳаммияти илмӣ ва адабии худро нигоҳ доштааст.
Таъкид гардид, ки омӯзиши амиқи ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Робияи Балхӣ барои дарки беҳтари марҳалаҳои аввали ташаккули адабиёти форсӣ-тоҷикӣ ва муайян намудани ҷойгоҳи занон дар таърихи фарҳангу тамаддуни минтақа аҳаммияти хос дорад.

Дар ин замина, мероси адабии Робияи Балхӣ ҷузъи муҳими ганҷинаи фарҳангии халқҳои форсизабон маҳсуб ёфта, муаррифии бештари он дар сатҳи байналмилалӣ ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва густариши ҳамкориҳои илмӣ мусоидат хоҳад кард.
Бояд гуфт, Робияи Балхӣ аз нахустшоири форсигӯ ва ҳамзамони устод Рӯдакӣ мебошад. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО 1050-солагии Робияи Балхӣ ба Феҳристи бузургдоштҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2026–2027 ворид карда шуд.
Наргис НАЗАРЗОДА,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеаи Китобхонаи миллӣ