Татбиқи сиёсати созандаи Пешвои миллат вобаста ба рақамикунонӣ дар Китобхонаи миллӣ

Чӣ тавре ки маълум аст, дар марҳилаи муосири рушди тамаддуни ҷаҳонӣ технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ба яке аз омилҳои асосии пешрафти давлатҳо ва ҷомеа табдил ёфтааст. Равандҳои ҷаҳонишавӣ, рушди иқтисоди рақамӣ ва ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ тақозо менамоянд, ки тамоми муассисаҳои илмӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ фаъолияти худро мутобиқ ба талаботи замон таҷдиди назар намоянд. Дар ин замина дар ҷаҳони муосир тамоми китобхонаҳои дунё аз шакли анъанавии фаъолият тадриҷан ба марказҳои интеллектуалӣ, рақамӣ ва иттилоотии муосир табдил меёбанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсола уфуқҳои нави рушди технологиро муайян намуда, фармуданд: «Пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ин дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо самаранок истифода гардида, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил дода шаванд.»
Замони муосир китобхона танҳо макони нигоҳдорӣ ва истифодаи китоб нест, балки ба муассисаҳои бисёрсамтаи илмиву фарҳангӣ, фазои ташаккули маърифат, маркази табодули иттилоот ва муҳити рушди захираҳои рақамӣ табдил ёфтааст. Дар чунин шароит масъалаи рақамикунонӣ ва истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ (Artificial Intelligence) ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати иттилоотӣ ва фарҳангии давлатҳо мубаддал гардидааст.
Дар ин замина Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолаи худ таъкид намуданд: «Имрӯз моро зарур аст, ки раванди идоракунии давлатиро бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба роҳ монда, таъсири омили инсониро дар тамоми соҳаҳо ва ҳама гуна муносибатҳои молиявӣ коҳиш диҳем.»
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ раванди рақамикунонӣ ҳамчун бахши муҳими сиёсати давлатӣ тадриҷан густариш ёфта, дар ин самт нақши Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас арзёбӣ мегардад. Китобхонаи миллӣ ҳамчун бузургтарин муассисаи китобдорӣ, илмиву фарҳангӣ ва иттилоотии кишвар, имрӯз дар самти мутобиқсозии фаъолияти китобдорӣ ба талаботи ҷомеаи рақамӣ тадбирҳои муҳимро амалӣ менамояд.
Солҳои охир дар фаъолияти китобхона ҷиҳати ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ, ташкили феҳристҳои электронӣ, таъсиси китобхонаҳои рақамӣ, автоматикунонии равандҳои хидматрасонӣ ва таҳкими инфрасохтори электронии иттилоотӣ корҳои муайян анҷом дода шудаанд. Фаъолияти шуъбаҳои махсуси автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ далели равшани таваҷҷуҳи муассиса ба истифодаи технологияҳои навин мебошад. Ин раванд ба рушди муҳити ягонаи иттилоотӣ, баланд гардидани сифати хидматрасонӣ ва густариши дастрасии хонандагон ба захираҳои илмӣ мусоидат менамояд.
Яке аз дастовардҳои муҳим дар самти рақамикунонӣ таъсиси Китобхонаи электронии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ташкили чунин пойгоҳи иттилоотӣ барои рушди фазои ягонаи электронии миллӣ аҳаммияти стратегӣ дошта, имконият медиҳад, ки хонандагон ва муҳаққиқон ба осори илмӣ, адабӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ ба таври фосилавӣ дастрасӣ пайдо намоянд. Дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ ва афзоиши талабот ба иттилооти электронӣ чунин иқдом барои густариши дониш, таҳкими фаъолияти илмӣ ва рушди фарҳанги мутолиа бисёр муҳим мебошад.
Масъалаи дигари муҳим дар фаъолияти муосири китобхонаҳо истифодаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ мебошад. Имрӯз технологияҳои AI дар ҷаҳон ба таври васеъ барои таҳлили иттилоот, идоракунии пойгоҳҳои додаҳо, ҷустуҷӯи интеллектуалӣ ва хидматрасонии рақамӣ истифода мешаванд. Дар фаъолияти китобхонаҳо низ зеҳни сунъӣ метавонад заминаи нави рушди хидматрасонии иттилоотиро фароҳам оварад.
Аз ҷумла, истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ имконият медиҳад, ки:
∗ ҷустуҷӯи интеллектуалӣ ва таҳлилии адабиёт ба роҳ монда шавад;
∗ талабот ва завқи иттилоотии хонандагон таҳлил гардад;
∗ низоми автоматии пешниҳоди адабиёти мувофиқ ташаккул ёбад;
∗ тарҷума ва коркарди рақамии матнҳо амалӣ шавад;
∗ дастхатҳо ва ҳуҷҷатҳои қадимӣ рақамикунонӣ гарданд;
∗ технологияи муосир барои шинохти матни дастхатҳо истифода шавад;
∗ мушовири виртуалӣ ва «китобдори электронӣ» таъсис дода шавад.
Татбиқи чунин технологияҳо метавонад фаъолияти Китобхонаи миллии Тоҷикистонро ба сатҳи сифатан нав бароварда, самаранокии хидматрасонӣ ва суръати дастрасии иттилоотро ба маротиб афзоиш диҳад.
Дар баробари ин, рақамикунонӣ ҳамчун воситаи муҳими ҳифзи мероси таърихиву фарҳангии миллат аҳаммияти махсус дорад. Тоҷикистон дорои мероси бойи хаттӣ, осори нодир ва дастхатҳое мебошад, ки қисми муҳими ҳуввияти таърихиву фарҳангии миллатро ташкил медиҳанд. Нигоҳдорӣ ва ҳифзи чунин осор дар шароити анъанавӣ ҳамеша хавфи осебпазирӣ дорад. Аз ин рӯ, табдил додани онҳо ба шакли рақамӣ метавонад воситаи муассири ҳифзи мероси миллӣ барои наслҳои оянда гардад.
Дар ин самт Китобхонаи миллӣ, ки дорои фонди ғании адабиёти миллӣ ва дастхатҳои нодир мебошад, метавонад ба маркази асосии ҳифз ва муаррифии мероси хаттии тоҷикон дар фазои рақамӣ табдил ёбад. Инчунин рақамикунонии захираҳо барои муаррифии фарҳангу тамаддуни тоҷикон дар сатҳи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Яке аз ҷанбаҳои муҳими рақамикунонӣ – ин ташаккули ҷомеаи рақамӣ ва фарҳангӣ – иттилоотӣ мебошад. Имрӯз ҷавонон ва муҳаққиқон бештар ба манбаъҳои электронӣ рӯ меоранд. Дар чунин шароит китобхона бояд тавонад муҳити муосири рақамиро фароҳам оварда, дастрасии озод ва босифат ба иттилоотро таъмин созад. Ин масъала махсусан дар самти рушди маърифати иттилоотӣ, омӯзиши технологияҳои рақамӣ ва ташаккули фарҳанги истифодаи дурусти иттилоот аҳаммияти калон дорад.
Ҳамзамон, рушди рақамикунонӣ масъалаи омодасозии мутахассисони соҳавиро низ ба миён мегузорад. Имрӯз корманди китобхона бояд на танҳо мутахассиси соҳаи китобдорӣ, балки донандаи технологияҳои иттилоотӣ, низомҳои рақамӣ ва усулҳои коркарди электронии иттилоот бошад. Аз ин рӯ, такмили ихтисос, омӯзиши барномаҳои муосири компютерӣ ва баланд бардоштани саводнокии рақамии кормандон яке аз шартҳои асосии рушди фаъолияти китобдорӣ ба ҳисоб меравад.
Дар баробари имкониятҳои васеъ, рақамикунонӣ масъалаҳои амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи маълумотро низ пеш мегузорад. Муҳофизати пойгоҳҳои электронӣ, нигоҳдории дарозмуддати бойгониҳои рақамӣ, таъмини ҳуқуқи муаллиф ва пешгирии дастрасии ғайриқонунӣ ба маълумот аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими фаъолияти китобхонаҳои рақамӣ мебошанд. Аз ин рӯ, таҳкими заминаҳои техникии амнияти иттилоотӣ ва истифодаи технологияҳои муосири ҳифзи додаҳо аҳаммияти махсус касб менамояд. Дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ китобхонаҳо тадриҷан ба марказҳои интеллектуалӣ ва инноватсионӣ мубаддал мегарданд.
Аз ин рӯ, самтҳои зерин метавонанд барои рушди фаъолияти рақамии Китобхонаи миллии Тоҷикистон самаранок арзёбӣ шаванд:
∗ тавсеаи китобхонаи электронӣ ва афзоиши ҳаҷми захираҳои рақамӣ;
∗ ҷорӣ намудани низоми интеллектуалии ҷустуҷӯи адабиёт;
∗ рақамикунонии дастхатҳо ва осори нодир;
∗ ташкили хизматрасониҳои фосилавӣ;
∗ таъсиси пойгоҳҳои миллии иттилоотӣ;
∗ рушди барномаҳои мобилӣ ва хизматрасониҳои онлайнӣ;
∗ истифодаи васеи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар фаъолияти китобдорӣ;
∗ ҳамгироӣ ба шабакаҳои байналмилалии иттилоотӣ.
БАРОИ ТАТБИҚИ САМАРАНОКИ ИН РАВАНДҲО ПЕШНИҲОДИ ЗЕРИН АҲАММИЯТИ АМАЛӢ ДОРАНД:
∗ таҳияи барномаи давлатии рақамикунонии фондҳои китобхонаҳо;
∗ таъсиси маркази технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар назди Китобхонаи миллӣ;
∗ таҳкими заминаҳои техникӣ ва серверҳои нигоҳдории додаҳо;
∗ омода намудани мутахассисони касбӣ дар самти китобдории рақамӣ;
∗ густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти табодули технология ва таҷриба;
∗ ҷорӣ намудани низоми «Китобхонаи ҳушманд» дар фаъолияти китобхона;
∗ таҳкими амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи ҳуқуқи муаллиф дар муҳити рақамӣ.
Дар маҷмӯъ, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ имрӯз на танҳо воситаи техникии такмили фаъолияти китобдорӣ, балки омили муҳими рушди илму маърифат, фарҳанг ва фазои иттилоотии ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун маркази муҳими фарҳангиву иттилоотии кишвар метавонад дар ташаккули муҳити рақамии миллӣ, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва рушди ҷомеаи иттилоотӣ нақши калидӣ бозад. Дар шароити ташаккули ҷомеаи рақамӣ, истифодаи оқилонаи технологияҳои муосир, бахусус зеҳни сунъӣ, метавонад Китобхонаи миллии Тоҷикистонро ба маркази интеллектуалӣ, инноватсионӣ ва рақамии сатҳи байналмилалӣ табдил дода, барои таҳкими фазои ягонаи иттилоотии миллӣ заминаи устувор фароҳам оварад.
Зикри ин нукта зарур аст, ки:
∎ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ эътироф гардида, «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040» қабул шудааст;
∎ муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин маркази иттилоотию фарҳангии кишвар буда, дорои фонди бойи адабиёти миллӣ, илмӣ ва дастхатҳо мебошад;
∎ дар китобхона феҳристҳои электронӣ, толорҳои рақамӣ ва хизматрасониҳои электронӣ амал мекунанд, ки нишонаи гузариш ба низоми муосири иттилоотӣ мебошанд;
∎ рақамикунонии дастхатҳо ва китобҳои нодир воситаи муҳими ҳифзи мероси фарҳангии миллат ба ҳисоб меравад;
∎ китобхонаҳои пешрафтаи ҷаҳон аз технологияҳои зеҳни сунъӣ барои ҷустуҷӯи интеллектуалӣ, таҳлили маълумот ва хизматрасонии виртуалӣ истифода мебаранд;
∎ дар шароити ҷомеаи рақамӣ талаботи ҷавонон ба манбаъҳои электронии иттилоотӣ рӯ ба афзоиш дорад, ки рушди китобхонаҳои рақамиро зарур мегардонад.
Самаранокии рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ дар амал:
▲ рақамикунонӣ ба омили муҳими рушди фазои иттилоотӣ табдил меёбад;
▲ зеҳни сунъӣ имкониятҳои нави мудирияти захираҳои китобдориро фароҳам меорад;
▲ китобхонаҳои муосир тадриҷан ба марказҳои интеллектуалӣ ва рақамии дониш табдил меёбанд.
Ҳамин тавр, рақамикунонӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ имрӯз ба самти калидии сиёсати давлатӣ ва рушди фарҳангиву иттилоотии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Дар ин замина, Китобхонаи миллӣ бо ҷорӣ намудани феҳристҳои электронӣ ва китобхонаҳои рақамӣ ба талаботи ҷомеаи муосир мутобиқ мегардад. Ин раванд сифати хидматрасонӣ ва дастрасии хонандагонро беҳтар карда, ҳамзамон ҳифзи мероси фарҳангиро таъмин менамояд. Дар навбати худ истифодаи зеҳни сунъӣ имкониятҳои ҷустуҷӯи интеллектуалӣ, таҳлили адабиёт ва пешниҳоди фаврии манбаъҳоро фароҳам меорад. Китобхона тадриҷан ба маркази интеллектуалӣ ва инноватсионӣ табдил ёфта, дар рушди маърифат ва муаррифии фарҳанги миллӣ нақши калидӣ мебозад.
Муҳаммад Сатторзода, Маркази “Тоҷикшиносӣ”