Осори Пешвои миллат. Баҳор ва хазони тамаддуни Ориёӣ дар минтақаи Осиёи Миёнаи марказӣ. Идома

Таъсисёби ва нуфузи рӯзафзуни давлати тавонои Бохтару Суғд дар минтақаи миёни рӯдҳои серобу файзбахши Ому ва Сир пешвоёни қавмҳои ориёии саҳронаварду чорводорӣ қаламрави Ҳафтрӯд, даштҳои Турон ва паҳноҳои канории Туркистони Шарқиро водор намуд, ки бо сарварии Арҷосп, пешвои қабилаи хиёниён муттаҳид шаванд ва муқобили Гуштоспу дини яктопарастии Зардушт ба мубориза бархезанд. Дертар ин ду марзи таърихии аз лиҳози қавму нажод, халқияту баромади этникӣ ҳамтақдир, аз руйи арзишҳои маънавй, расму оин, кешу мазҳаб, забону гуфтор, асотиру ривоят ҳамсон чандин силсилаи давлатҳои ориёии Осиёи Миёнаро бо девону дафтар ва низоми мукаммали давлатдориаш ба миён овардаанд, ки тавсифи онҳоро поёнтар зикр хоҳем кард.
Баъди таназзули давлати Каёниён ниёгони тоҷикон – бохтариёну суғдиён низ таҳти васояти империяи мутамаркази Ҳахоманишиён баробари дигар қавмҳои хамреша, хамзабон ва ҳамфарҳанги худ гирд омада, як тақдири муштараки таърихиро бунёд гузоштаанд. Шоҳаншоҳони Ҳахоманишӣ, аз қаламрави Ориёнои Ғарбӣ (дар заминаи иттиҳоди қабилаҳои ғарбии ориёӣ – порсҳо ва модҳо) бархеста, худро мансуби насабу забони ориёӣ мешумурданд ва бо вуҷуди дар қаламравашон роич будани забонҳои бобулӣ ва эломӣ забону фарҳанги ориёиро арҷ мегузоштанд, ки ба ин Катибаи Бесутун ва дигар катибахои Дорои I шаҳодат медиҳанд. Маҳз асолати ягонаи фарҳангию этникӣ буд, ки сарзамини қадимаи ориёиҳои Варорӯд – Бохтару Суғд, Марву Сакистон ва Хоразму Порт ба қаламрави шарқии давлати бузурги Ҳахоманишиён ҳамчун вилоятҳои ҷудогона пайваста, ба густариши сиёсати ягонаи давлатдорӣ ва паҳншавии тамаддуни ориёӣ мусоидат карданд.
Гузашта аз ин, таърихнависи юнонӣ Страбон порсҳо, модҳо, бохтариҳо, хоразмиҳо, суғдиҳо ва сакоиҳоро, ки бинобар қавли ӯ тақрибан ба як забои гуфтугӯ мекардаанд, ба ориёиҳо (дар истилоҳи Страбон арианес) мансуб медонад. Аз ин қавли Страбон метавон дарёфт, ки муштаракоти забонии мардумони ориёии шарқӣ ва ғарбӣ баъди ҷудошавии онҳо аз сарзамини нахустинашон замони тулонӣ ҳифз гардидааст.
Номи арйа, арйана, ҳамчун истилоҳи этникӣ, дар таркиби номҳои ашхос ва номхои ҷуғрофии сарзаминҳои таърихӣ ва ё ватани мардумони ориёӣ ҳам дар Авесто, ҳам дар осори замони Ҳахоманишиён, ҳам дар манобеи юнонӣ ва эломӣ корбурди фаровон дорад, ки ин ҳама далели мансуюияти ин ашхос ва ҷойҳои ба нажоди ориёист.
Ҳатто номи ҷади Дориюши I ва набераи Ҳахоманиш -Арийарамна буда, маънои касе, ки ба ориёиҳо оромиш мебахшад ва ё оромбахши ориёиҳоро дорад. Дар айни ҳол номи нажоди ориёӣ – арйа дар таркиби номҳои хоси ориёӣ дар осори таърихнависони юнонию румӣ ба кор рафтааст, ки ба таври намуна метавон Ариабигнес, Ариамнес, Ариапатҳес, Ариантас, Арибарзанес, Арибазос, Ариамазес, Ариарамнес, Ариафарнес, Ариаменес ва ғайраро мисол овард.
Кишваркушоиҳои империяи Ҳахоманишиён дар аҳди подшоҳии Куруши Кабиру Дорои Бузург ва дертар лашкаркашиҳои ҳангомабори Искандари Макдунӣ дар моварои шимолии рӯдҳои Омӯю Сир ва канораҳои Суғд ба сарзамини паҳновари кӯчманчиҳои силаҳшӯри туронӣ ва сақоиҳои чорводори ориёӣ бетаъсир намонд. Ба муқобили массагетҳои пархошҷӯю гарданкаш лашкар кашидани Куруши Кабир ва дар ин набарди шадиди муттаҳидсозии эрониёну тӯрониён кушта шудани ӯ, ошӯбҳои озодихоҳонаи Порту Марғиён ва дигар сақоиҳои кӯчманчиро бераҳмона фурӯ нишондани Дорои Бузург ва пешвои сақоиҳои тиграхуд – Скунхаро асир гирифтани вай далелҳои раднопазиранд, ки ориёиҳои набардпешаву силаҳшӯри туронӣ ба ин шоханшоҳони қудратманд ва шикастнопазир сари таслим фурӯд овардан намехостанд. Рӯҳи озодихоҳӣ ва тақозои пешаи кӯчманчигӣ онҳоро водор мекард, ки ба канораҳои дуртару бехатари Ҳафтрӯду Олой ва марзҳои Туркистони Шарқии кунунӣ рӯ оварда, аз фишори қудратталабон худро наҷот диҳанд.
Хусусан, дар аҳди Куруши Кабир, ки давраи марказиятёбӣ ва дар қаламрави давлати бузурги Ҳахоманишиён муттаҳид шудани давлатҳои хурд ва қабилаҳои парокандаи ориёинажод ва ориёизабони сарзамини Ориёнои Ғарбӣ ва Ориёнои Шарқӣ ба шумор мерафт, таъкибу саркӯб кардани сақоиҳои кӯчманчии марказгурезу озодипараст авҷ гирифта, барои аз тохтутози онҳо эмин доштани сарҳадҳои шарқии империяи ахоманишиён қалъаи истеҳкомии Курушкада бунёд мегардад.
Вале ориёиҳои тӯронии массагетҳо, сакоиҳо, хиёниҳо, юеҷиҳо, усуниҳо, кангюйҳо ва дигар тоифаҳои кӯчманчӣ аз таъкибу дунболагирии Ҳахоманишиён канортар рафта, дар ҳудудҳои дуру дастнораси Ҳафтрӯду Олтой, водии Турфону музофоти Гансу ва марзҳои канории Тибету Чин сокин гаштанд ва аз дастовардҳои давлату давлатдории ин империяи мутамаддини ҷаҳонӣ чандон баҳра набурданд. Дар айни замон ду қабоили тавонои ориёиҳои тӯронӣ – хуннҳо (баъзе олимон бо хиёниёни ҳамнасаби Арҷосп пайванд мешуморанд) ва юедиҳо дар муросову мадоро ва задухӯрдҳои шадиди қудратталабӣ ташаккул меёфтанд ва аз интиҳои асри III то милод cap карда, тадриҷан низоми муташаккили давлатдории мустақили хешро соҳиб мешуданд.
Баъди шикасти Ҳахоманишиён Искандари Макдунӣ тамоми марзу буми давлати Куруши Кабир, аз ҷумла Порту Марғиён ва Бохтару Суғдро дар ҳайати империяи Мақдуниён муттаҳид сохта бошад ҳам, ин тоифаҳои кӯчманчии гарданкашу пархошҷӯй ва озодапарастро мутеъ карда натавонист.
Дар даврони лашкаркашиҳои пурҳангомаи Искандари Мақдунӣ ва давлатии Селевкиён сақоиҳои кӯчманчии канораҳои Омӯю Яксарт ва воҳаҳои шарқии Суғду Ҳафтрӯд боз ба ҳамлаҳои шадидтар ва таъкибу дунболагирии империяҳои навхези мақдуниён дучор шуданд. Сарлашкарони Искандар мутобиқи маълумоти муаррихони юнонӣ, аз ҷумла Аппиан ва Плиниӣ, баъди фатҳи қалъаи бунёднамудаи Куруш – Киропол (Курушкада) борҳо ба сақоиён ҳамла оварда, ин қавмҳои «барбари»-ро то канораҳои даштҳои паҳновар ва биёбонхои нопайдоканор таъкиб карданд.
Тамаддуни ориёӣ дар тули беш аз ду асри давлатдории Ҳахоманишиён хеле боло рафта, шӯҳрати оламгир ёфта бошад ҳам, баъди истилои Искандари Мақдунӣ ва ба сари қудрат омадани Селевкиён нуфузи худро ба тамаддуни эллинӣ дод. Искандари Мақдунӣ қаламрави паҳновари давлати Ҳахоманишиёнро забт намуда, мехост зимни густариши эллинизм ва бархурдории он аз фарҳанги ориёӣ тамаддуни Шарқу Ғарбро бо ҳам омезиш дода, як империяи абарқудрат ва беамсоли ҷаҳониро таъсис диҳад. Аммо умри кӯтоҳи сивусесола ба Искандар вафо накард ва дар харобазори қаламрави шарқии Ҳахоманишиён империяи Селевкиён қомат афрохта, ба синтези маданияти юнонию тамаддуни ориёӣ ва таъсири мутақобилаи онҳо мусоидат намуд.
Маҷрои пурталотуми таърих гувоҳ аст, ки ягон империяи абарқудрат то охир пойдору муқтадир намондааст. Аз ин лиҳоз, баъди ҳукмронии тақрибан 60-солаи империяи Селевкиён ва нуфузи тамаддуни эллинӣ, дар моварои рӯди Омӯю Сир ва Осиёи Марказӣ боз ду силсилаи давлатдории ориёии ниёгони мо падид омаданд. Тақрибан дар ҳудуди соли 250 то милод қабилаи ориёии портҳо, ки дар ҳудуди шимолӣ ва марказии Хуросони Бузург будубош доштанд, як қисми қаламрави собиқаи Ҳахоманишиёнро аз дасти Селевкиён рабуданд ва давлати Ашкониёни Портро таъсис дода, беш аз чорсаду ҳафтод сол давлатдорӣ карданд. Дар ҳамин давра дар қаламрави Бохтару Суғд ва Арея (Ҳарӣ) низ давлати юнониасоси Бохтар арзи ҳастӣ намуд, ки тақрибан 120 сол қудратнамоӣ карда, оқибат аз зарбаи шадиди қабилаҳои юеҷиҳо ё худ кушониён – кӯчманчиёни тӯронии ориёнажод сарнагун мегардад. Метавон гуфт, ки баъди Каёниён давлати Ашкониёни Порт ва бахусус давлати юнониасоси Бохтар сараввал дар қаламрави ниёгони ориёии мо – Варорӯд қомат афрохта, худро ворисони Ҳахоманишиён ва Селевкиён дар Осиёи Марказӣ мешумурданд ва саҳифаҳои дурахшоне дар оини давлату давлатдорӣ ва таҳаввулу пешрафти тамаддуни ориёӣ гузоштаанд.
Дар ин давра таҳдиди пайдарпай ва ҳамлаҳои тезу тунди кучнишинони ориёӣ ҳам ба марзҳои шарқии давлати Порт ва ҳам ба моварои Бохтар афзуда, даъвогарони нави заминҳои ҳосилхез ва мулкҳои пурсарватро ба арсаи таърих овард. Мавҷи тавонои ҷабоили тӯронии силаҳшӯру ҷангозмуда аз самти ғарбии Чин ва ҳудудҳои Туркистони Шарқӣ пеш омада, оромии нисбии Варорӯдро халалдор мекарданд.
Ин кӯчиёни пархошҷуйи тӯронӣ ба қаламрави давлати Ашкониёни Порт ва давлати юнониасоси Бохтар ва ҳатто марзҳои шарқии империяи Чин пайваста дастдарозию тохтутозҳои ғоратгарона менамуданд, ки «ду подшоҳи номдори Портҳо – Фраат (Фарҳод)-и II ва баъди якчанд сол вориси ӯ Артабони II дар набардҳои шадиди зидди онҳо ҳалок гардиданд” (История Ирана. М. 1977, с. 92).
Ҳамин тариқ, сарфи назар аз қабилаҳои ориёии қаламрави Ориёнои Варорӯд (бохтариҳо, суғдиён, марғиёниҳо, портҳо) ва Ориёнои Барбӣ (порсҳо, модҳо, курдхо) дар ҳудудҳои шарқии Осиёи Миёна – каламрави Ҳафтрӯд, дашти кабири Тӯрон, паҳноҳои Олтой ва ба истилохи кунунӣ, марзҳои Туркистони Шарқӣ силсилаи қабилаҳои ориёии кӯчманчии тӯронӣ вориди саҳнаи бузурги таърих шуданд, ки онҳо бо номҳои сакоиҳо, хиёниҳо, юечиҳо, кидориҳо, усунихо, кангюйхо шӯҳрат доштанд. Ин қавму қабоили силаҳшӯри тӯронӣ баъди таназзули тамаддуни эллинӣ ва аз арсаи таърих рафтани давлати Селевкиён, хамчунин аз по фитодани давлати юнониасоси Бохтар дар аҳди давлатдории Кушониён ва Ҳайтолиён сарзамини Осиёи Миёна ва қисми марзҳои Туркистони Шарқиро зери тасарруфи хеш дароварда, дар тӯли қариб 6 аср пештози тамаддуни ориёӣ гардиданд.
Манбаъ: Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих.
Аз Ориён то Сомониён”, Душанбе: Ирфон, 2009. – 315-320.
Хоҳишмандон метавонанд ин китобро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.
Таҳияи Марзия Зардодхонова,
Мутахассиси пешбари Медиатекаи
Президентии Ҷумуҳрии Тоҷикистон
Теги: медиатекаи президент