Дмитрий Логофет: «Бухарское ханство под русским протекторатом»

 (Хонигарии Бухоро зери ҳимояти Русия) номи яке аз асарҳои пурмазмун донишманд, пажўҳишгар, публистисти низомӣ, шарқшиноси машҳур, ва хизматчии ҳарбии Подшоҳии Русия Дмитрий Николаевич Логофет (1865 – 1922) мебошад.

Ин китоб дар бораи Хонигарии Бухоро таҳти ҳимояти Русия навишта шуда, соли 1911 дар ду ҷилди чандсадсаҳифаӣ дар нашриёти ба номи В. Березовскийи шаҳри Санкт-Петербурги Русия рўи чоп омадааст.

Муаллиф дар асари худ ба шарҳи ҳамаҷонибаи таърих ва ҳаёти Хонигарии Бухоро (марзҳои имрўзаи Тоҷикистон ва Узбекистон) пардохта, ҳодиса ва рўйдодҳои таърихии Бухороро аз замони пайвастани он ба Русия то замони муосир ва сохтори идориву маъмурии он муфассал ба қалам овардааст.

Аз ҷумла, дар ҷилди аввал, ки иборат аз 307 саҳифа аст, шарҳи таърихии Бухоро ва ҳаёти минбаъдаи он таҳти ҳимояти Русия оварда шуда, ҳудуду марзҳо, муҳити зист, наботот, ҳайвонот, қавму миллатҳо, роҳҳои додугирифт, сохтори маъмурӣ ва артиш, саноату савдо, низоми додгоҳӣ ва қонунгузории хонӣ зикр гардидааст.

Ҷилди дувуми китоб иборат аз 350 саҳифа буда, муаллиф дар бораи дин, низоми маориф, тандурустӣ, боҷу хироҷ, чорвопарварӣ, муносибатҳои дипломатии Хони Бухоро бо Русия ва аҳамияти онҳо, қатъи робитаҳо бо Афғонистон ва сабабҳои он, ҳаракати мардумӣ дар Бухоро навиштааст.

 Логофет Дмитрий Николаевич 19 марти соли 1865 дар минтақаи Орловскийи империяи Русия таваллуд шудааст. Ӯ курси омўзиши забонҳои шарқии Департаменти осиёии Вазорати умури хориҷии Подшоҳии Русия ва Институти археологии Санкт-Петербургро хатм кардааст.

Логофет Дмитрий бо маҷаллаҳои “Военный Сборник», «Туркестанские ведомости», «Разведчик» ва «Братская помощь» ҳамкорӣ  дошта, дар давраи ҷанги якуми ҷаҳон хабарнигори низомии «Разведчик» буд. Ў  чанд сол дар Осиёи Миёна дар мансабҳои маҳаллӣ кору фаъолият намуда, як муддат  сардори идораи Округи гумрукии Туркистон низ будааст.

Донишманди рус бо истифода аз маълумоте, ки дар давраи фаъолияташ дар Осиёи Марказӣ  касб карда буд, дар бораи ин минтақа чандин китоб навиштааст ва асари машҳуртари вай «Страна Бесправия. Бухарское  ханство и его современное состояние» (Кишвари беҳуқуқӣ.  Хонигарии  Бухоро ва вазъи муосири он) мебошад, ки соли 1909 нашр шудааст. Китоби “Кишвари беҳуқуқӣ”, ки аз сарсухани тарҷумон, пешгуфтор, бисту як боб, мундариҷа ва замимаҳои ишоранамудаи муаллиф иборат аст, бо ибтикори Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Маркази “Тоҷикшиносӣ”-и ин муасссиса аз забони русӣ ба тоҷикӣ  низ тарҷума шуда, дар нашриёти “Эр-Граф” ба нашр расидааст.

Мутолеаи ин китоб ба таърихнигорон, этнографҳо, пажўҳишгарони Осиёи Марказӣ ва ҳамаи хонандагони алоқаманд тавсия дода мешавад.

Нусхаи асли китоб, яъне чопи соли 1909 дар бойгонии Шуъбаи нигоҳдории депозитарии Китобхонаи миллии Тоҷикистон зери рақами 71510 (рақами инвентари китоб) нигоҳдорӣ мешавад.

 

 Азиза Баротова, Сармутахассиси шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ.