Бонувони Китобхонаи миллӣ дар арсаи фаъолиятҳои созанда
Шоири маъруф, устоди бузургвор Мирзо Турсунзода барҳақ фармуданд, ки:
Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,
Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.
Нақши модарони хоҳарони азизро имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҳар қадам мебинем. Занони мо имрӯз вазиранду раисанд ва олмонанду кашшофони беҳтарин илманд ва билохира модаранд. Модаре, ки барои миллат фарзандони соҳибобрӯро тарбия мекунанду ба камол мерасонанд. Ва дар Китобхонаи миллӣ низ ҳамин гуна бонувони донишманду фаъол ва ватандӯсту ватанпарвар кору фаъолият менамоянд. Ин боргоҳи маърифат дар айни замон 365 нафар бонувонро ба кор ҷалб кардааст, ки ҳамагӣ соҳиби маълумоти олии касбианд.
Шӯрои бонувони Китобхонаи миллӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар ироагардида ва дар доираи иҷрои қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла ҚҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ҚҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», тарғиби тарзи ҳаёти солим, кору рӯзгори занону духтарони фаъол, бунёди оилаҳои солим, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, пешгирӣ аз пошхӯрии оилаҳои ҷавон, пешгирии тарғиби фарҳанги бегона, тарғибу ташвиқи арзишҳои фарҳанги миллӣ аз ҷониби Шӯрои бонувони Китобхонаи миллӣ баргузории сӯҳбату вохӯриҳо, маҳфилу чорабиниҳо бо иштироки бонувон ба роҳ мондааст.
Тибқи нақша рӯзи 16-уми марти соли равон бо иштироки муовини аввали директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода ва намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассиси пешбар Зарина Холова ва равоншинос Ҳабибулло Раҳмонов семинар-тренинг дар мавзӯи «Хушбахтӣ кафили зиндагии шоиста» баргузор гардид.
Рӯзи 3-уми июни соли 2021 семинари машваратии танзими анъана ва ҷашну моросим, ҚҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» таҳти унвони «Танзим баракати зиндагӣ» доир шуд, ки дар он сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур, сардори раёсати кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи шаҳри Душанбе Зарина Зуҳурова иштирок намуданд. Дар ҳамин семинар сармутахассиси Маркази иттилооти ҳуқуқии Китобхона Исматулло Гиёев дар бораи иҷрои талаботи ин ду қонун суханронӣ кард ва баъзе нукоти муҳимро, ки ба ҳаёти бонувон иртибот дорад, шарҳ дод.
Ҳамагирии бемории сироятии СOVID- 19 боиси ташвишу изтироби ҳамагонӣ буду ҳаст ва Шӯрои бонувон ҳамроҳ бо ниҳодҳои дигари Китобхонаи миллӣ миёни кормандон як силсила корҳои таблиғотиро ба роҳ монд, ки ба масъалаҳои риояи қоидаҳои беҳдоштӣ равона шуда буд.
Бонувони Китобхонаи миллӣ барои дар сатҳи олӣ таҷлил намудани беҳтарину волотарин ҷашнвораи миллӣ – Наврӯзи байналмилалӣ саҳми муносиб доштанд. Дар Наврӯзии имсола озмуни тайёр намудани дастурхони ҳафт син ва ҳафт шин, ғизоҳои миллӣ бо намоиши дастовардҳои миллӣ, намоиши сӯзаниҳо, гулдӯзиҳо, сару либоси миллӣ ва иҷрои баъзе сунатҳои наврӯзӣ низ бахше аз масъулияти бонувони Китобхона буд.
Ҳамчунин дар таҷлили ҷашни бошукӯҳи 30-солагии Истиқлоли миллӣ, Рӯзи китоб ва Рӯзи дониш бонувони Китобхона саҳми арзанда гузоштанд.
Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 5 нафар бонувони Китобхона бо нишони “Аълочии Фарҳанг”, 1-нафар бо Ифтихорнома, 2 нафар “Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон” сазовор шуданд. 13 нафар бо “Ифтихорнома”-и Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд. Дар ин муддат 5 нафар аз ҷумлаи бонувони пурталошу заҳматкаш ба нафақа гусел карда шуданд.
Шӯрои бонувон назорати интизоми корӣ, низоми дохилии Китобхонаро як бахши муҳими фаъолияти худ медонад ва пайваста бо роҳандозии ҳар гуна рейдҳову санҷишҳо ин масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.
Зумратбӣ Имомова, Раиси Шӯрои бонувони Китобхонаи миллии Тоҷикистон.