Хонаи охиратат обод бошад, Валиҷон!

 Имрӯз “Донишномаи матбуоти тоҷик” билохира рӯнамоӣ шуд. Донишномае, ки яке аз муаллифони он Валиҷон Баёнӣ, рӯзноманигор, шоир ва муҳаққиқу донишманди  тоҷик буд. Валиҷон самараи заҳматҳояшро надид, чун ду сол пеш тарки ин олам кард.

Вай зиёд дар ин бора мегуфт. Баъзан мо дурудароз дар бораи ин ё масъала дар иртибот дар Донишнома суҳбат мекардем. Шахси ҷӯянда буд, пӯё, чашми таҳқиқ дошт. Чун худаш рӯзноманигор буд, кор болои ин Донишнома илҳомовар буд. Дидаи таҳқиқаш ба рушан кардани чандин муаммоҳои нокушода таърихи матбуоти тоҷик кумак кард. Аз баъзе аз ин мушкилот имрӯз бародари донишманди мо ва яки дигар аз муаллифони Донишнома Муҳаммадиқбол сухан кард.

Муаррифии “Донишномаи  матбуоти тоҷик” хотираҳои Валиҷонро зинда кард. Ҳамоно омадану рафтанҳову ҷуссаи резаи бемораш пеши назарам ҳувайдост. Солҳои охир ҳамин як хати ҳаракат дошт, ки субҳ меомаду бегоҳ бармегашт: Гипрозем ва Китобхонаи миллӣ. Аммо ҳаргиз шикваи бемадорӣ надошт. Дар ҳар ҳол вақти мулоқот табассуми ҳамешагӣ даври лабонаш ҳувайдо буд, то кас надонад, ки ӯ гирифтори чӣ дардест. Одати мардони асил.

Гумонам шахсан ҳеч рӯзе аз замони реҳлаташ чун имрӯз худро сабук ҳисс накардам. Чун дидам, ки билохира он дурдонаҳои гирдомада ба сурати як маъхази арзишманд гирд омаданд ва дигар парешон нахоҳанд шуд.

Ин китоб умри абад хоҳад ёфт, чун дар он заҳматҳое сарф шуда, ки арзиши зинда мондан доранд. Ва чун китобҳои дигари пурарзиш ба муаллифу муаллифонаш умри абад хоҳад бахшид.

Ёдат ба хайр, Валиҷон! Манзили охиратат пурнур бод!

 

Бобоҷон Шафеъ