Омӯзиш ва ташвиқи шоҳасари «Тоҷикон»-и аллома Аобоҷон  Ғафуров

Шоҳасари «Тоҷикон»и Бобоҷон Ғафуров, муҳимтарин сарчашмаи таърихӣ ва асари  илмӣ мебошад, ки таърихи пайдоиш ва ташаккулёбии халқи тоҷикро аз давраи қадимтаринаввалин ҷомеаи инсонӣ дар Осиёи Марказӣ то ибтидои асри ХХ  мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор додааст.

  Яке аз хусусиятҳои хоси асари мазкур, пеш аз ҳама дар номгузории ин китоб таҷассум мегардад. Бо номи миллат номгузорӣ гардидани асари мазкур дар замони Шӯравӣ, далели ҷасорати муаллиф буда, аз ҳисси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ватандўстӣ ва ифтихори миллии ў дарак медиҳад.

    Таълифи Шоҳасари «Тоҷикон»и аллома Б. Ғафуров, муҳимтарин таҷрибаи нигориши таърихи ниёгони мо маҳсуб меёбад ва то имрӯз таҳқиқи таърихи миллати мо аз ҷониби олимони таърихшинос дар асоси ин китоб амалӣ мегардад.

   Рисолати таърихие, ки аллома Б.Ғафуров, дар таълифи асари мазкур иҷро намуд, пеш аз ҳама он аст, ки дар чунин давраи ҳассос, хонандаи тоҷик тавассути ин асар аз мақоми худшиносӣ ба омўхтани таърихи гузаштаи худ рӯ овард.

    Зикр намудан лозим аст, ки мардумони ориётабор ба вижаи форсу тоҷик аз ибтидои таърих чун мардумони фарҳангофар ва тамаддунсоз муаррифӣ гардида, дар баробари намояндагони бузургтарин тамаддунҳои ҷаҳонӣ, тавонистанд аввалин давлатҳо ва империяҳои ҷаҳониро таъсис диҳанд.

Академик Бобоҷон Ғафуров ба ҳамин хотир умри худро ба таҳқиқ ва эҷоди таърихи миллаташ бахшид ва хушбахтона, ба мурод расид. Вай бо чопи шоҳасари бузурги худ «Тоҷикон» натанҳо миллати тоҷик, балки тамоми форсизабонони олам, мухлисону ҳаводорони тамаддуни Шарқ ва сокинони Осиёи Марказиро бо як сарчашмаи нерубахшу пурбаҳо шодком сохт.

  Аллома Б. Ғафуров барои навиштани шоҳасари худ  «Тоҷикон»зиёда аз 2000 сарчашмаҳои муътамади моддӣ ва хаттии миллӣ ва хориҷӣ, монографияҳо, брошюра ва мақолаҳои илмиро самаранок истифода намудааст. Олими муътабар дар паи таълифу таснифи китоби «Тоҷикон», зиёда аз 30 соли умри хешро сарф намудааст. Дар асари мазкур, масъалаҳои робитаҳои дўстӣ, умумиятҳои нажодӣ ва дигар паҳлуҳои зиндагии халқиятҳои Осиёи Марказӣ, тоҷикон, ӯзбекҳо, туркманҳо, қирғизҳо, қазоқҳо, хосатан, мардумони тоҷику ўзбек, мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд.

Арзиши илмӣ ва бунёдии асар, воқеан, бузург аст. Маҳз чунин мондагорӣ ва қиммати бузурги асар мебошад, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Паёми солонаашон ба мақоми олии қонунгузори кишвар аз санаи 22 декабри соли 2019, бознашр ва ба ҳар як оилаи кишвар ҳадя намудани шоҳасари «Тоҷикон»ро то таҷлили 30 – солагии Истиқлоли кишвар супориш додаанд. Дар натиҷа дар айни замон ин шоҳсари бузург бо сифати баланд ва бо тиражи калон нашр гардида, барои ҳар як хонадони тоҷик туҳфа мегардад ва ин раванд айни замон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар идома дорад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарсухани ин асари арзишманд қайд намудаанд: “Имрӯз мардуми кишвар ба худшиносӣ ва барқарор кардани хотираи таърихии хеш беш аз пеш ниёз дорад. Мо бояд аз таърихи гузашта сабақ бигирем ва барои ваҳдати комили миллӣ корҳои бузургеро ба анҷом бирасонем”.

Оре, омӯзиши  таърихи миллат  танҳо барои донистани гузашта нест, балки  барои ояндаи нек ва шукуфоии фардои ҳар як миллату давлат зарур аст. Вобаста ба ин ҳар як  миллат бояд аз гузаштаи худ сабақ бигирад ва дурнамои ояндаашро муайян бисозад.

Ҳамин тавр, бояд қайд  кард, ки омӯзиш ва ташвиқи мазмуну мундариҷаи ин асар воқеан дар ташаккули хотираи таърихии мардум, худогоҳию худшиносӣ ва ифтихори ватандории ҳар як фарди ҷомеа ва рушди давлатдории миллӣ дар шароити давлати соҳибистиқлол нақши муҳим дорад.

 

Маҳбуба Алиева – мутахассиси Шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбон