Беш аз 25 асар ва 150 мақолаи академик Аҳрор Мухторов
Аҳрор Мухторов 5 ноябри соли 1924 дар шаҳри Уротеппа (ҳоло Истаравшан) ба дунё омадааст. Муаррихи советии тоҷик, доктори илмҳои таърих (1971), аъзо-корреспонденти АФ РСС Тоҷикистон (1978). Ў баъди хатми мактаби миёна соли 1939-1941 аввал донишҷўи факултаи коргарӣ, баъд Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С.Айнӣ) гардид.
Солҳои 1941-1942 муаллими мактаби миёна кор кардааст. Соли 1942-1947 дар сафҳои Армияи Советӣ дар хизмати ҳарбӣ буд.
Соли 1951 факултаи таърихи Донишкадаи давлатии омўзгори ба номи С.Айнӣ-ро хатм кард ва то соли 1955 муаллим ва аспиранти ҳамин донишкада буд. Чанде ба ҳайси мудири шуъбаи дасхатҳо ва китобҳои нодири Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ заҳмат кашидааст.
Аз соли 1954 дар АФ низ кор карда, соли 1959 мудири бахши таърихи асрҳои миёнаи Институти таърихи АФ РСС Тоҷикистон буд.
Тадқиқоти Мухторов масъалаҳои мухталифи таърихи асрҳои миёнаи халқи тоҷикро дар бар мегирад. Ў садҳо ҳуҷҷатҳои таърихӣ, ёдгориҳои эпиграфиро, ки барои омўхтани таърихи муносибатҳои истеҳсолии феодалӣ ва ҳаракатҳои халқӣ дар Осиёи Миёна қимати калони илмӣ доранд, ба нашр тайёр кард. Мухторов яке аз муаллифони китоби дарсии «Таърихи РСС Тоҷикистон» барои мактабҳои олӣ ва миёна, асари сеҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик» мебошад. Зиёда аз 25 асар ва 150 мақолаи илмӣ-оммавӣ таълиф кардааст.
Мухторов иштирокчии конгрессҳои ХХV (Москва), ХХVI (Ҳиндустон) байналхалқии шарқшиносон, Конгресси ХХIII муаррихон дар Москва ва 3 конференсияи байналхалқии ЮНЕСКО оид ба Маданияти Осиёи Марказӣ (1968 – Душанбе, 1969 – Самарқанд, 1972- Ишқобод) мебошад. Бо 3 медал ва Граммотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Институти библиографии Амрико соли 1994 олими барҷастаи тоҷикро ба нашрияи байналмилалии «500 шахсони машҳури ҷаҳон» ворид сохт, Ҳамин институт вайро «Одами сол-1995» эълон намуд. Асарҳои илмии академик Аҳрор Мухторов дар нашрияҳои мамолики ҷаҳон ИМА, Англия, Олмон, Русия, Италия, Эрон ва ғайраҳо ба табъ расида шўҳрати илми таърихи миллатро бардоштанд.
Академик Аҳрор Мухторов соли 2008 дар синни 83-солагӣ аз бемории тўлонӣ даргузашт.
Аз Аҳрор Мухторов ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин асарҳо ва мақолаҳоро метавонед бихонед:
Таърихи РСС Тоҷикистон: Китоби дарсӣ барои синфҳои 8-10. – Сталинобод: Нашрдав.адабиёти таълимӣ-педагогии Тоҷикистон, 1960. – 210 с.
Таърихи РСС Тоҷикистон: Китоби дарсӣ барои синфҳои 9-11. – Душанбе: Ирфон, 1964. – 215 с.
Низомуддини Шамӣ: Муаррихи охири асри 14 ва аввали асри 15-и форсу тоҷик // ЭСТ. – Душанбе, 1984. – Ҷ.5. – С. 531.
Дурдонаҳои маданияти тоҷик дар ганҷинаҳои Ҳиндустон. – Душанбе: Ирфон, 1984. – 208 с.
Бобоҷон Ғафуров: Хотираҳо. – Душанбе: Дониш, 1992. – 150 с.
Масъалаҳои ҳалталаби таърихи гузашта ва имрўза // Тоҷикистон дирўз ва имрўз. – Душанбе: Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон,1994. – С. 3-5.
Ҳисор: Очерки таърихӣ. – Душанбе: Адиб, 1995. – 143 с.
Хокимони Ўротеппа: Асрҳои ХУ-Х1Х. – Душанбе: Дониш, 1996. – 176 с.
Васфи марди наҷиб. – Душанбе, 1996. – С. 45-47.
Зуфархон Ҷавҳарӣ: Андешаҳои муаррих. – Душанбе: Деваштич, 2004. – 48 с.
Нусхаҳои тозаи осори Зуфархон Ҷавҳарӣ. – Душанбе: Деваштич, 2005. – 52 с.
Авроқи рангини таърих. – Душанбе: Деваштич, 2007. – 398 с.
Таърихи Ҳисор. – Душанбе: Бухоро, 2015. – 448 с.
Кўшишҳои Англия барои ба худ тобеъ кунонидани Осиёи Миёна дар нимаи дуюми асри Х1Х // Комсомоли Тоҷикистон. – 1957. – №6. – С. 48-51.
Ба вуҷуд омадан ва мустаҳкам шудани системаи ҷаҳонии сотсиализм // Мактаби советӣ. – 1958. – №1. – С.53-60.
Таърихи панҷҷилдаи халқи тоҷик // Маориф ва маданият. – 1962. – 24 ноябр.
Шоҳиди инқилоби Бухоро: Дар бораи таърихи асари Муҳаммадалии Балҷувонӣ «Таърихи кофеъӣ» // Садои Шарқ. – 1989. – №2. – С. 101-115.
Меҳри Ҳоит дар дилҳост // Мероси ниёгон. –1992. – №1. – С. 101-104.
Муҳаққиқи асрори мактаби одамият: Барои дарёфти ҷоизаи ба номи А. Рўдакӣ // Садои мардум. – 1994. – 6 июл.
Яҳудиёни Бухоро дар авроқи «Таърихи манозили Бухоро» ва «Таърихи нофеъӣ» // Дарё. – 1995. – № 3. – С. 14-15.
Дар васофи деҳқон // Садои мардум. – 1996. – 25 май.
Мансабдорони мулки Ҳисор пеш аз инқилоб / Таҳияи Дустмуроди Бобо // Донишварз . – 2015. – 3 май.
Дар бораи академик Мухторов
Қосимов, Н. Роҳи олим: Дар бораи доктори илмҳои таърих А. Мухторов // Маориф ва маданият. – 1971. – 19 июн.
Мирзошоев, М. Сипоҳсолори кошифони асрори ниҳон: Ба муносибати 60-солагии зодрўзи доктори илми таърих, профессор А. Мухторов // Комсомоли Тоҷикистон. – 1984. – 14 ноябр.
Боқиев, О. Кашфи асрори илм: Дар бораи олим-таърихшинос А. Мухторов // Тоҷикистони советӣ. – 1984. – 13 ноябр.
Додхудоев, А. Китоби сангини умр: Дар бораи олим, доктори илмҳои таърих А. Мухторов // Адабиёт ва санъат. – 1984. – 6 декабр.
Муҳаммадҷон, М. Авроқи сангро хонда…: Дар бораи олими таърихшинос А. Мухторов // Илм ва ҳаёт. – 1990. – №10. – С. 5-7.
Исоматов, М. Сангнавиштаҳо ҳам таъриханд: Ба ифтихори 75-умин солгарди зодрўзи таърихшиноси тоҷик , академик Аҳрор Мухторов // Чархи гардун. – 1999. – 5 ноябр.
Исоматов, М. Пажўҳандаи таърихи тоҷикон: Олими варзида таърихшинос Аҳрор Мухторов // Илм ва ҳаёт. – 2000. – №1-3. – С. 5.
Отахонова, Х. Манбаъшиноси нуқтадон: Аз рўзгори академик, таърихшинос Аҳрор Мухторов // Адабиёт ва санъат. – 2004. – 2 декабр.
Одинаев, С. Лаҳзаҳои нотакрор: Ба хотираи академик Аҳрор Мухторов // Омўзгор. – 2014. – 7 ноябр.
Таҳияи Бибикубрия Қурбонова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ