ТАФРЕҲ. Даме бо Хоҷа Насириддини Ҳамадонӣ
Ибни Ҳоҷа Маҳмуд ибни Хоҷа Ҳасанбег аст. Обои эшон аз мулуки аҷаманд, ки баъд аз қазияи Яздҷурд ба Ҳамадон омада, таваттун гузиданд. Хамеша авлоди эшон дар он шаҳр муаззаму мукаррам зиндагонӣ карданд. Калонтарии он ҷо ба он силсила таалуқ дошт. Дар замони Акбарподшоҳ ба Ҳиндустон омада, муддате бо он подшоҳ ба сар карду чанде бо Қутбшоҳ мебуд.
Ағлаб, ки Мавлоно Насирии собиқ низ ҳамин бошад, ки баъзе ду кас донистаанд ва ин абёт ўрост:
Аз мо сабо ба дўст паёме намебарад,
Хуршедро зи зарра саломе намебарад.
Мурдам зи бемурувватии мурғи номабар,
К-ин номаро ба гўшаи боме намебарад.
*** *** ***
Насир,нолаи беҳуда дам ба дам чӣ кунӣ?
Чу нола дар дили сангини ў асар накунад.
*** *** ***
Шудам мустағриқи дарёи ишқат, ошное ку
Ки гирад дасти ман, то дасту пое метавонам зад?!
*** *** ***
Дар он диёр, ки ғавғои хубрўе нест,
Миёни аҳли сухан завқи гуфтугўе нест.
*** *** ***
Дар ин сарочаи бетўша баҳри мояҳтоҷ
Нишастаем гурӯҳе ба якдигар мухтоҷ.
Зи филбанди ҳаводис пиёда мот шавад,
Даруни арсаи Ҳинд ар қадам ниҳад лийлоҷ.
*** *** ***
Насир аз бекасӣ шуд ҳамдами ғам,
Беҳ аз ғам бекасонро ҳамдаме нест.
*** *** ***
Дар водии ишқ бесаранҷомӣ беҳ,
Коми дили номурод нокомӣ беҳ.
Зоҳид шуда некному ошиқ бадном,
Чун нек назар кунем, бадномӣ беҳ.
Аз китоби Волаи Доғистонӣ “Риёз-уш-шуаро”. Қисми 4. Душанбе, “Паёми ошно”, соли 2019
Таҳияи Саноат Набиева, сармутахассиси шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.