Кумаки USAID ба шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбон
Кемоникс Интернэшнл -пудратчии Оҷонси рушди байналмилалии (USAID) Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар доираи татбиқи лоиҳаи “Ҳамроҳ бихонем” ба шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбони Китобхонаи миллии Тоҷикистон китоб туҳфа кард. Китобҳоро намояндагони созмони мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 23-уми ноябр ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон расониданд.
Ин кумак аз 18 нусха китоби Брайлӣ ва 16 нусха китоби калонҳаҷм бо забони тоҷикӣ иборат мебошад.
Ёдовар мешавем, ки хонандагони шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбон нафарони дорои имконияти маҳдуд мебошанд ва барои сайқали донишу маҳорати онҳо кумаки расонидашуда айни муддаост.
Масъулин ва хонандагони шуъбаи мазкур бобати кумати расонидашуда ба Оҷонси рушди байналмилалии (USAID) Иёлоти Муттаҳидаи Амрико самимона изҳори сипос карданд.
Шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбон.