Армуғони озмун. АБДУРАҲИМ ИСРОФИЛНИЁ: ДИЛБАСТАИ АШЪОРИ КЛАССИКОНАМ

Ҳамин лаҳзаҳо иштироккунандаи номинаи адабиёти классикӣ Абдураҳими Исрофилниё, ки хонандаи синфи 8 – литсейи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст, аз толор берун шуд ва бо истифода аз фурсат ҳамроҳаш суҳбат кардам.

Ӯ мегӯяд иштирок барояш фақат ба он хотир буд, ки донишашро санҷад ва оянда сайқал диҳад ва барои илм омӯхтан бештар ҳавасманд шавад. Ӯ аз ҳамсолонаш даъват кард, то бештар мутолиа кунанду қобилияташонро бисанҷанд.

Абдураҳим барои шароитҳои хубе, ки ташкилкунандагони озмун фароҳам  овардаанд ва ташаббусу иқдомҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос кард.

Вай гуфт то имрӯз 70 асари бадеӣ, зиёда аз 100 ғазал, 120 рубоӣ, 200 мисраъ достон, 200 мисраъ қасида ва 100 мисраъ навъҳои дигари шеърӣ аз бар кардааст. Ва ин дуюмин ширкаташ дар чунин маҳфили сатҳи баланд аст. “Соли аввал дар даври ниҳоӣ роҳхат нагирифтам. Аз ин рӯҳафтода нашуда, талош кардам ва ин бор муваффақ шудам. Умедворам сазовори ҷойи намоён мегардам”,-гуфт ӯ.

Аз Мавлоно бештар китоб хондааст, бахусус Достони “Канизак ва подшоҳ” аз “Маснавии маънавӣ” ба ӯ бештар писанд омадааст.

Ӯ ҳамроҳи муаллимааш Адолат Ҳалимова, ки аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс мегӯяд, ба озмун омадааст.

Абдураҳим шеърро бисёр зебо ва пуртаъсир мехонд ва шарҳ медод, ки дар ин кор саҳми муаллимааш Адолат Ҳалимова зиёд аст.

‌Ёдовар мешавем, ки даври ниҳоии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” субҳи имрӯз дар Китобхонаи миллӣ оғоз шуд ва то 15-уми декабр идома хоҳад кард.

‌  Раҳима Аъзам,

 шӯъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.