Армуғони озмун.  Лаҳни шевои кӯдакон аъзои ҳакамонро дар ҳайрат гузошт

Тавре иттилоъ дода будем  имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид ва бо ҷушу хурӯш идома дорад. Дар номинаи адабиёти бачагона, ки бештар кӯдакону наврасон шитирок мекунанд лаҳни шевову шакарбори ин ғунҷаҳои умеди меҳан аъзои ҳакамон ва иштирокчиёну тамошобинро ба ҳайрт мегузорад. Новобаста аз сину сол духтару писарони 7 солаву 9 сола бо донишҳои андӯхтаи хеш ба суолҳои ҳакамон посухҳои то ҷое мушахас медиҳанд, як ҷолибият ва шавқмандии ин номина дар он аст, ки хурдсолон бо лаҳни зебои кӯдакона тамошобинро ба худ ҷалбу  ҷараёни озмунро рангин месозанд.

Саодат Абдуразоқова аз аввалинҳое буд, ки аз номинаи адабиёти бачагона дар назди доварон баромад намуд. Ӯ 8 сол дорад, хонандаи мактаби миёна аз шаҳри Ҳисор мебошад. Аз пешниҳоди суоли аъзои ҳакамон ситош карда гуфт: «Устодон хеле меҳрубонанд, муносибаташон бо ман хуб буд, нахуст аз ҳикояҳо пурсиданд, баъдан аз Бӯстону Гӯлистони Саъдии Шерозӣ, зарбулмасал, шеър, тезгӯяку, чистонҳо пурсиданд. Саодат мегӯяд давоми як соли охир беш аз 70 китоб ва 80 шеърро аз худ кардааст ва бо боварӣ гуфт умедвор аст сазовори ҷойи ифтихорӣ мегардад.

  Абдусаттори Раҳмон аъзои ҳакамон аз номиани адабиёти бачагона изҳор дошт, бисёр хуб аст, ки имсол дар озмун нахуст кӯдакону наврасон, баъдан донишҷӯён ва дигар шахсони касбу кори гуногунро мешунаванд. Ба андешаи ҳамсуҳбати мо кӯдаконро набояд интизор кард, имконияти ҷисмонии онҳоро ба назар бояд гирифт. «Новобаста аз он, ки иштирокчиён пурра талаботҳои низомномаро риоя накардаанд, вале донишҳояшон, сатҳи азхудкунӣ, суҳбати шевою равонашон моро хӯшҳолу умедвор мекунад. Шарт нест ҳама ғолиб оянд ё шоҳҷоиза гиранд. Муҳим ин аст, ки онҳо ба худ ғизои маънавӣ гирифтаанд, алакай захираи дониш доранд. Гумон мекунам ҳадафи озмун низ ҳамин соҳибмаърифатию худшиносӣ буд, ки имрӯз пешравиҳои муҳим ба назар мерасад»,  гуфт Абдусаттори Раҳмон.

Ёдовар мешавем, ки дар номинаи адабиёти бачагона зиёда аз 70 нафар толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ аз 2 то 5 декабр иштирок мекунанд.

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР

матбуоти даврӣ.