Ширкаткунандагон аз сатҳи омодагиҳои худ ва Китобхонаи миллӣ мегӯянд
Шуруъ аз имрўз теъдоди иштирокчиёни даври ниҳоии (чумҳуриявии) озмуни чумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба маротиб афзуда истодааст. Давоми рӯз тамоми толорҳои баргузорӣ пур аз иштирокчиён буданд ва бештари онҳоро хонандагону донишҷўён ташкил медиҳанд.
Ҳатто чунин ба назар мерасад, ки толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ барои ҷо додани иштирокчиёни озмуни мазкур камӣ мекунанд. Ба он маъно, ки шумораи устодон ва падару модарони довталабон ба маротиб афзудааст ва ҳамаи онҳо мехоҳанд баромади фарзанд ва ё шогирди худро тамошо кунанд ва боварашон ба шаффофияти озмун бештар шавад. Субҳ вақте кор тоза оғоз мешуд, алакай саҳни ҳавлӣ ва даромадгоҳ пур аз одамон буданд.
Аксари касоне, ки ҳамсуҳбат шудем, дар мавриди сатҳи баргузорӣ, омодагии Китобхонаи миллӣ ба пазириши довталабон, шаффофияти озмун ва муносибати нарму лаҳни хуши пурсишҳои ҳакамон назари воҳид доштанд. То кунун кулли ширкаткунандагон аз сатҳи хид матрасониҳо қонед ва онро баланд арзёбӣ мекарданд. Ё.Шарифзода, яке аз довталабон дар суҳбат гуфт:
«Ба андешаи ман Китобхонаи миллии Тоҷикистон имрўз ягона боргоҳе мебошад, ки шароити хуби мутоила карданро ба мо эҳдо намудааст. На танҳо банда, ҳамагон фикр мекунам чунин андеша доранд. Имрўз шароите, ки Китобхони миллӣ барои баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи донои китоб аст» фароҳам овардааст, ҳатто аз ду озмуни пешин ҳам фарқ мекунад. Як муҳити хеле орому осуда ва шароити хубу фазои мусоид».
Рӯдакӣ Норов, хонандаи синфи 8 Муассисаи тахсилоти миёнаи раками №34 – и шахри Панҷекат, ки аз ҷумлаи ширкаткунандагони озмун мебошад, аз омодагии худ дилпур буд ва мегуфт, ки омад, то дар озмун ҷойи шоистаро гирад. Вай гуфт, ки то ба ин давр 783 асари насрӣ мутолиа кардааст, 13 хазор байт азёд медонад, 290 латифа, 167 чистон, 100 тезгӯяк ва 89 зарбулмасалро аз бар намудааст.
Рӯдакӣ Норов ҳоло барои баромад омодагӣ мебинад ва иброз дошт, ки “мушоҳида кардам ва бароям маълум шуд, ки суолҳои аъзои ҳакамон душвор нест. Дар доираи ҳамон низомномае мепурсанд, ки ман огоҳам”.
Абдуғаюр Саломов