Наврӯзи Ҷумъамурод:  Ҳайати доварон ба андозае ба адабиёти ҷаҳон ошно ҳастанд, ки аз ҷузъиёти асарҳо суол медиҳанд

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”  дар бахши адабиёти ҷаҳон як китобхони дигарро муаррифӣ кард.

Наврӯз Ҷумъамуроди Абдул, аспиранти донишгоҳи миллии Тоҷикистон, хамчунин мутахассиси пешбари маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аст. Соли аввал аст дар номинаи адабиёти ҷаҳон байни аспирантон сабқат менамояд.

 Ӯ талаботи озмуни имсолро мураккабтар медонад ва мегӯяд номгӯи муаллифон низ зиёд аст.

– Ҳамчунин саволҳое, ки аз ҷониби ҳакамон пешниҳод шуданд, мубрам ҳастанд ва бештар ҷанбаҳои илмӣ доранд. Ҳайати доварон кӯшиш мекунанд, ки дар  саволҳояшон дараҷаи мутолиаи хонандаҳоро муайян намоянд.

Наврӯз баргузории ҳамчунин озмунҳоро дар пешрафти ояндаи Тоҷикистон заминаҳои муносиб медонад ва таъкид мекунад, ки талош хоҳад кард ба боварии созандагони сабқати мазкур сазовор бошад.

Мутолиае, ки  мо қабл аз озмун карда будем, ба хотири озмун набуд.

Мутолиаи мо асосан таҳқиқотӣ буд, ки барои навиштани рисолаи номзадӣ  буд.   Ӯ дар ин мутолиаи илмияш бо асарҳои Пушкин, Лермонтов, Александр Блок, Марина Светаева, Достоевский, Толстой. Шарл  Бодлер, Оскар Уайлд, Оноре де Балзак, Уилям Шекспир, Ҷеймс Ҷойс, ки нобиғагони адабиёти ҷаҳон шинохта шудаанд,  ошноӣ пайдо кардааст. Мақсад аз иштирокашро ғолибият гуфт.

 – Асарҳое ҳастанд, ки чандин сол пеш хонда будам, ниёз ба бозхонӣ доранд. Чун ҳайати доварон ба андозае ба адабиёти ҷаҳон ошно ҳастанд, ки аз ҷузъиёти асарҳо суол медиҳанд, ки дар хотири хонанда нақш намебандад.

 Ӯ ҳар саволеро, ки мушкил буд, беҷавоб гузошт.

Раҳима Аъзам, чорабиниҳои фарҳангӣ.