Армуғони озмун. Бибии 2 набера дар озмун ширкат кард
Фирӯза Мираҳмадова аз ноҳияи Ашт, омӯзгори мактаби миёнаи рақами 61 аст, ки бори аввал дар ин сабқати ҷумҳуриявӣ донишу малакаашро санҷид. Ӯ бибии 2 набера буда, барои онҳо шеърҳо мехонад ва мегӯяд вақте, ки кас дар ин озмун иштирок мекунад, албатта мекӯшад зиёдтар омӯзад.
Шогирдаш ӯро барои иштирок дар озмун таҳрик додааст. Ин омӯзгор соли гузашта шогирди кучакашро дар ин озмун раҳнамоӣ кард, ки ӯ сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид. Шеърхонии ӯро дида, ҳавасманд шуд, ки кӯдак ин қадар шеърҳо медонаду озодона суханронӣ менамояд.
Фирӯза Мираҳмадова асарҳои зиёдеро мутолиа карда, онҳоро барои доварон пешниҳод кардааст.
– Аз байни китобҳои хондаам “Ҳар беша гумон мабар, ки холист“- и Фотеҳ Ниёзиро ба занҳо тавсия медиҳам. Азобҳову қаҳрамониҳои зан- модарро дар ҷанг тасвир шудаанд. Ҳамчунин асари “Муму“- и Тургенев ва “Нахустин устод“-и Чингиз Айтматов хонданист.
Падараш аз ҷумлаи касонест, ки пайваста китоб мехонад ва фарзандонашро дар ҳамин рӯҳия парвариш кардааст. Падараш низ соли гузашта дар озмун иштирок намудааст.
Мегӯяд ҷасорат накардам, ки дар озмунҳои қаблӣ иштирок кунам. Ба ақидаи ӯ агар одам рӯзе як соат китоб хонад, чизи бисёре меомӯзад.
Фирӯза Мираҳмадова модари ду фарзанд ва ду набера аст, ки фарзандонаш яке корманди милиса асту дар вазорати корҳои дохилӣ кор мекунад. Дуюмӣ муҳандиси барқ буда, дар хидмати мардум аст. Ҳамсараш ҳам корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ будааст, вале умри дароз насибаш нашуд.
Ӯ аксар шеърҳояшро барои наберагонаш аз бар кардааст.
Модарон бояд бисёр китоб хонанд, шеър аз ёд кунанд, суруди алларо донанд. Ақаллан барои фарзандону наберагонашон, – мегӯяд ӯ.
Хоҳарзодаам барои озмун омодагӣ мегирифт, ҳамроҳи ӯ модари 70 солаам китобу шеър мехонд ва ба ӯ шарҳ медод, мазмуни китобу шеърҳои хондаашро нақл мекард.
Фирӯза Мираҳмадова мегӯяд ба такрор дар озмун ширкат хоҳад кард ва агар ин озмун соли оянда ҳам баргузор шавад, дар номинаи адабиёти муосир ширкат хоҳад кард. Чун омӯзгор асту шогирдонро тақрибан ба ҳамаи номинаҳо омода мекунад, худ низ бештар мутолиа мекунад.
Ӯ китобҳоеро, ки аз китобхонаи мактаб пайдо накард, аз китобхонаи электронӣ дарёфт. Масалан “Таронаи парчам”-и Гулрухсор Сафӣ ва “Баҳори ҷон”- и Камол Насруллоро аз китибхонаҳои электронӣ пайдо кард.
Раҳима Аъзам