Овози Меҳрӣ

Ҳар гоҳ овози форами ҳунарпешаи хушилҳом Меҳрӣ Исҳоқбоеваро шунавед, таваҷҷӯҳ фармоед, ки он чӣ қадар зебову форам ва ҷаззобу ҳаловатбахш аст. Ба хотир биёред, ки ин овоз ба оҳанги ҷонбахшу дилнавози «Насри баёт» чӣ иртиботе  дорад. Зарбҳои оҳанг, тағаннии суруд ва талаввуни  овози сароянда ҷузъҳои таркибии як падидаи дилрабои санъатро ташкил карда, кас онро шунуфта мехоҳад бидонад, ки мусаббиби асосии фараҳфазо  будани он чӣ бошад.

Албатта, ҷони кас даставвал аз нағмаи тарабангези навои классики «Шашмақом» ҳузур мекунаду гӯши кас аз истиломи ғазали баландмақоми он навозиш меёбад. Вале барои  ба шунаванда таъсири рӯхонӣ расондан саҳми сароянда хурд нест. Вай бо овози ширин ва самимияти худ тавонистааст, ки ҳусни оламрои ин падидаи  зебоиро нигоҳ дорад. Умуман самимият, аз таҳти дил ва бо тамоми қувва сурудани таронаҳои классикиву халқӣ ва ашъори гӯяндагони ҳозирзамон аз хусусияти хуби усули сарояндагии Меҳрист, ки ҳамон «Насри баёт» дар иҷрои  ӯ дар ин хусус далели равшан аст.

            Меҳрӣ дар ягон мактаби махсуси мусиқӣ нахондааст. Роҳи вай ба олами санъат чунин оғоз шуд: овози хуш, ки дошт, аз кӯдакӣ ба рақсу суруд дил баст. Вай дар ҳама ҷо суруд мехонд, гӯё дили ӯ миҷмари суруд буд. Вай дар маҳфили дӯстдорони  санъати мактаб иштирок  мекард ва ба ҳофизони номӣ тақлид карда, суруд мехонд. Вале ӯ бештар ба Муслима Боқиева пайравӣ карда, сурудҳои ӯро бо тақлиди малеҳ мехонд. Меҳри санъат ӯро ба Филармонияи давлатии Тоҷикистон овард. Ин соли  1958 буд. Меҳрӣ  барои истеъдоди худ ҷавлонгоҳ ёфта, шабу рӯз ба сайқал додани ҳунараш кор кард.

            Меҳрӣ дар он солҳо асосан сурудҳои ҳозиразамон ва шӯх мехонд. Баромади ӯро мухлисон созу наво бо кафкӯбиҳои зиёд истиқбол мекарданд.

Барои навиштагирифтани чанд суруд дар иҷрои Меҳрӣ ӯро ба студия даъват карданд. Овози ӯ ба ҳакамҳои  нағмаву суруд писанд омад. Суруди «Оташи шавқ»-ро дар иҷрои ӯ барои  дар мавҷи ҳаво  пахш кардан рухсат доданд. Бори  нахуст овози фораму софи Меҳрӣ ба дилу хуши мухлисон суруд  нашъ расонд. Аммо касе намедонист, ки  ин мутриба кист, санъаткори  касбист ё ҳаваскор. Як ному лақаб аз ҳеҷ чиз дарак намедод. Мактубҳои  зиёд бо  талаби он ки дар иҷрои Меҳрӣ суруд  шунавонанд ва кӣ будани ӯро шарҳ диҳанд, ба Комитети радиои тоҷик омадан гирифт. Мардум мухлиси Меҳрӣ шуданд.

Касе он солҳо сурудҳои «Хандида меояд» ва «Интизорӣ»-и Фазлиддин  Шаҳобов,  «Шунидам»-и Зиёдулло Шаҳидӣ,  «Ҷононае», «Баёти ду», «Интизорам», «Рухсори лолагун», «Пазмон шудам» ва амсоли инро дар иҷрои Меҳрӣ шунида бошам аз ҳақиқати ҳол хабар дорад. Талаби  шунавандагонро ба назар  гирифта, соли 1961  ӯро ба радио ба кор даъват карданд.

Меҳрӣ овози хуш дошт,  вале танҳо бо ин мурғи матлабро ба дом овардан мумкин набуд. Ҳунарпешаи ҷавон пайваста тарзи идораи динамикаи овоз, техника ва нозукиҳои ҳофизиро омӯхта, ҳунарашро ҷило медод, зеро дар филармония ҳар як баромади ӯро агар аз чансад кас бештар мешунида бошад, ӯ акнун бо шунавандагони чандмиллиона сару кор  дошт. Ӯро Абдулмаҷид Ҳомидов, Фазлиддин Шаҳобов ва Шоҳназар Соҳибову Барно Исоқова  низ сабақ  медоданд. Меҳрӣ баробари сурудҳои ҳозиразамон ба олами мусиқии классики тоҷик ба «Шашмақом» роҳ ёфт. Баътар дар эҷодиёти ӯ  сурудҳои «Шашмақом» мавқеи асосӣ пайдо  кард. Соли 1965  ӯро ба дастаи мақомхонон ворид  карданд, ки он вақт Ходими Хизматнишондодаи Санъати РСС Тоҷикистон марҳум Шоҳназар Сохибов роҳбари  ин гурӯҳ буд. Иштирок дар ин даста  барои Меҳрӣ мактаби ҳақиқии ҳунаромӯзӣ гардид. Дар ин ҷавлонгоҳ истеъдоди вай булӯғ ёфта, чун шашмақомхон шинохта шуд.

Касби асосии Меҳрӣ Исоқбоева шашмақомхонист. Вай махсусан «Уфари Ироқ» (ғазали Саъдӣ), «Ушшоқи Самарқанд» (ғазали Зебуниссо), «ашқарчаи муғулчаи дугоҳ» (шеъри Роҷӣ),  «Савти муҳайр» (ғазали Шоҳин), «Дугоҳ» (мухаммаси Мулҳам бар ғазали Рафеъ) ва амсоли инро хуб иҷро мекунад. Вале ӯ ҳанӯз ҳам сурудҳои зиёди  муосирро бо ҳамовозии оркестри асбобҳои халқӣ, фортопиано ва оркестҳои дигар дилчасп мехонад, дар баъзе киноҳо овоз медиҳад.

Меҳрӣ сурудҳои афғонӣ, эронӣ ва ӯзбекиро низ дӯст медорад ва баъзеи онҳоро ба лаҳни дилрабо иҷро менамояд, ки «Дилбарам, дилбар», «Ҷононаем», «Ман ба ту моилам», «Соғиндим», «Намоёнқил», «Ассалом,», «Сайёра» ва ғайра дар ин бора мисоли хуб аст.

Меҳрӣ Исоқбоева кӯшиш дорад, ки репертуари худро бо сурудҳои дилнишин бойтар гардонад.

Аълохон Афсаҳзод

Бознашр аз маҷаллаи “Занони Тоҷикистон”, 1976, №11

 

Таҳияи Малика Абдуллоева,

  мутахассиси шуъбаи маркетинг

ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ.