Ҳамовозӣ. Пешвои миллат ин бор дар бораи ҷавонон чиҳо гуфтанд?

Таваҷҷуҳ ба ҳаёт ва ояндаи ҷавонон ҳамеша дар Паёмҳои Пешвои миллат як мавзӯъи меҳварист. Ёд надорам, ки дар Паёме ин мавзӯъ инъикос нашуда бошад. Аз назари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷомеа ва созандагони Тоҷикистони оянда ва шукуфонанд. Ин бор ҳам дар Паёми худ Президенти кишвар як бахши муҳимро барои ҷавонон ҷудо карданд, ки хеле омӯзанда аст.

 Аз ҷумла мо иттилоъ ёфтем, ки дар “замони соҳибистиқлолӣ шумораи ҷавонони боистеъдоде, ки барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд, сол ба сол афзоиш ёфта, дар соли таҳсили 2021 ба беш аз 42 ҳазор нафар дар 25 давлати хориҷӣ расидааст. Ҳар сол беш аз 5 ҳазор нафар ҷавонони боистеъдоди мо барои таҳсил ба мактабҳои олии хориҷи кишвар фиристода мешаванд. Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту хештаншинос, яъне насли ояндасози миллат ва давлат дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ тамоми шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам овардааст”.

Пешвои миллат ҳамеша ба ҷавонон назари нек доранд ва онҳоро “ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат” меноманд. Дар Паёми навбатӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд: “Ман борҳо таъкид кардаам ва имрӯз бори дигар бо ифтихор иброз медорам, ки ҷавонони мо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ буда, дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллатанд, омода мебошанд ва манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар боло медонанд. Мо бо ҷавонони бонангу номуси худ ифтихор мекунем ва барои ҳалли масъалаҳои онҳо минбаъд низ тамоми тадбирҳоро амалӣ мегардонем”.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки худ дар садри сиёсати Ҳукумат дар мавриди ҷавонон қарор доранд, бо боварӣ мегӯянд, ки “ҷавонони мо дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин боз ҳам фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлолият ва рушди Тоҷикистони азиз беш аз пеш саҳм мегузоранд”.

Ин боварӣ ба мо, ҷавонон илҳом мебахшад ва бояд, ки сазовору шоистаи он бошем.

Абубакр МАНОНЗОДА,

 Сардори Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ.