Як соли фаъолияти Китобхонаи миллӣ

Дар соли 2021-ум 40248 нусха адабиёт ба маблағи умумии 588134 сомонию 63 дирам ба Китобхонаи миллӣ ворид шуда, мавриди коркард қарор гирифтааст. Аз ҷумла, китобҳо 24706 нусха, маҷаллаҳо 1741 нусха, нашрияҳои давомноки илмӣ 111 нусха, нотаҳо 19 нусха, диссертатсияҳо 562 нусха, харитаҳо 4 адад, пиеса 101, СD-DVD 126 дона ва 1 нусха изографика. Ба захираи мубодилавии эҳтиётӣ 2827 нусха китоб ба маблағи умумии 46880 сомонию 94 дирам ва бенавишт ба шуъбаҳо 206 нусха ба маблағи 4325 сомонӣ ба қайд гирифта шудааст. Инчунин дар ин давра бенавишт ба фонди туҳфавӣ 410 нусха ба маблағи 12521 сомонӣ ворид гардидааст.

Дар ин бора Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Ҷумахон Файзализода зимни суханронии худ дар ҷаласаи ҷамъбасти солонаи фаъолияти Китобхона иброз дошт.

Ҷумахон Файзализода аз ҷумла гуфт, ки Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” барои дар амал татбиқ намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи Оиннома ва Нақшаи солона фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Самтҳои асосии фаъолияти Китобхонаи миллӣ аз қонеъ гардонидани талабу дархости хонандагон бо маводи чопиву электронӣ, такмили фонди китобҳо, ташкил ва баргузории чорабиниҳои муҳимми илмӣ, фарҳангиву маърифатӣ, феҳристнигории анъанавию электронӣ, омодасозиву интишори осори илмӣ ва дастурҳои методиву библиографӣ иборат мебошад.

Директори Китобхонаи миллӣ дар бахши дигар аз суханронии  худ гуфт: Кормандони шуъбаи такмили адабиёт 4880 нусха китобро дар асоси нусхаи ҳатмӣ, 21756 нусха адабиёти туҳфашуда аз шахсони алоҳида, 1236 нусха китоб аз сарчашмаҳои гуногун, 627 нусха маҷаллаи обунавӣ, 68 нусха маҷаллаи обунавии хориҷӣ ва 296 нусха китоб аз фонди эҳтиётии Китобхонаро қабул намуда, ба дафтари бақайдгирӣ сабт кардаанд. Инчунин, аз сафоратхонаҳо ва ташкилоти хориҷӣ 773 нусха китоб ба Китобхона ворид шудааст. Ҳамчунин, 5102 нусха автореферат бо забони украинӣ, 183 нусха автореферат аз ҷониби академик Ғаффор Ҷўраев, 4858 нусха рӯзнома дар асоси нусхаи ҳатмӣ ва 2378 нусха обунавӣ ба қайд гирифта шуда ба шуъбаҳои дахлдор ирсол карда шудааст. Дар соли ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи мазкур ба 25268 нусха адабиёти коркардшуда рамзбандии вижавӣ (штрих-код) часпонида шудааст. Ба ҳамаи китобҳо барга навишта шуда ба шуъбаҳои дахлдор ирсол карда шудааст, ки баргаҳо аз рўйи таснифоти сол, алифбо ва ҷойи нашр ба танзим дароварда шуда дар феҳристи фармоишии шуъба захира карда шудаанд.

Бо матни комили Ҳисоботи солонаи Китобхонаи миллӣ ин ҷо шинос шавед:

ҲИСОБОТ

ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «КИТОБХОНАИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН»-И ДАСТГОҲИ ИҶРОИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2021