Синни нафақаи бонуи саропо меҳр
Сармутахассиси Шуъбаи библиографияи миллӣ Бибикубрия Қурбонова , 21 январи соли ҷорӣ ба синни 58 қадам гузошт. Хатмкардаи Коллеҷи фарҳангии ҷумҳурии ба номи Бўйдоқов П.Ҷ. бо ихтисоси ташкилотчии корҳои маданӣ-фарҳангӣ, соҳиби дипломи аъло, хатмкардаи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо ихтисоси Китобхонашиносӣ-китобшинос.
Қурбонова Бибикубрия аз соли 2010 китобдори шуъбаи библиографияи миллии Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ ба кор шуруъ намуд. Аз 02.04.2012 Мутахассиси пешбари шуъбаи библиографияи миллӣ Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон шуд. Аз сентябри соли 2014 ба вазифаи сармутахассиси шуъбаи номбурда фаъолият дорад. Курсҳои «Омўзиши донишҳои китобдорӣ – библиографӣ» ва «Омузиши компютерӣ»-и Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллиро хатм намуда, соҳиби шаҳодатнома гашт.
Дар тўли фаъолияти меҳнатиаш чунин корҳоро ба анҷом расонид: Очерк барои Ғаффорова Мунзифа Қаҳоровна; Мавҷуда Ҳакимова; Осорномаи Соҳиб Табаров; Очерк барои тақвими ҷашн ба санаҳои муҳими ҶТ ба муносибати 60-солагии зодрўзи Маъруф Раҷабӣ, филолог, адабиётшинос. Бахшида ба 70- солагии зодрўзи Қиёмиддин Ҷақалов, актёри театр; ба муносибати 80- солагии зодрўзи Бобо Сангинов, селексионери тоҷик; ба ифтихори 110 – солагии зодрўзи Иосиф Брагинский, адабиётшинос, доктори илми филолог; ба ифтихори 100- солагии зодрўзи Ғулом Алиев, зоотехник, селексионер китобномаҳо омода кард. Ў инчунин дар таҳияи Осорномаи Соҳиб Табаров, Абдулҳамид Самад: Нишондиҳандаи шарҳиҳолию библиографӣ; Китобномаи шарҳиҳолии Ҳуриннисо Ализода; Зулфия Атоӣ; Фазлиддин Муҳаммадиев: маҷмўаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолии Назри Яздон, Гулназар Келдӣ, Боқӣ Раҳимзода саҳм гирифтааст.
Бибикубрия як бонуи хушахлоқ, покизагуфтор, хоксору меҳнатдӯст аст. Ҳамеша бо кормандон муносибати хуб дошту дорад, ҳамеша омода аст дасти ҳамкоронро дар мушкилиҳо гирад. Бонуи самимӣ ва дилсӯз, модари меҳрубони фарзандон аст.
Шуъбаи библиографияи миллӣ дар симои Бибикубрия Қурбонова ҳамеша як мутахассиси варзида ва дилсӯхтаи касбу корро мебинад.
Умедворем рафтан ба нафақа ин гусастани риштаҳои дӯстиву ҳамкорӣ нахоҳад буд.
Барои Бибикубрияи азиз марҳилаи дигари зиндагӣ оғоз шуд ва умедворем ин бонуи саропо меҳр меҳри ҳамкоронро то охир дар дил нигоҳ медорад.
Наргис Валиева,
Сардори шуъбаи
библиографияи миллӣ.