ҶАМШЕД ИСМОИЛ. Қиссаи як акси таьрихӣ

Архиви шахсиамро варақ зада, тасодуфан бо ҳамин сурат дучор омадам. Чун ба сардабири “СССР” тавассути телефон дар борааш гап задам, ба масале “аз забонам дошт” ва амр кард, ки ҳатман хотираатонро дар бораи ин бузургон нависед. Мо метавонем!

МАНУ ОДИНАВУ ГУРМИНҶУ…

    Тобистони соли 1980 дар кумитаи комсомолии шаҳри Душанбе ба ҳайси инструктор кор мекардам ва дар Театри давлатии ба номи А.Лоҳутӣ як гурӯҳи консертӣ доштам,  бо 4-5 навозанда. Бо ин гурӯҳ мо ба тамоми шахру ноҳияҳои Тоҷикистон сафари хидматӣ мерафтем. Барандаи консерти ман он замон Артисти халқии Тоҷикистон Абдусалом Раҳимов ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов буданд.

       Як рӯзи истироҳати моҳи августи соли 1980 ба театр омадам, чун аз рӯйи нақша соатҳои 12 мо барномаи консертиамонро медидем. Вақте дохили театри Лоҳутӣ шудам, дидам, ки устод Одина Ҳошимов ва Мирзоватан Миров дар “фойе”-и театр аксҳоро тамошо доранд. Медонистанд, ки ман ин ҷо гурӯҳи консертӣ дорам. Хайр, салому аҳволпурсӣ кардем. Вақте таклиф кардам, ки “устод, биёед утоқи корӣ равем, як пиёла чой менӯшем”, гуфтанд,майлаш! Аз қазо дар саҳнаи театр он ҳангом репититсияи кадом як спектакл ҷараён дошт. Вақте дар саҳна шуниданд, ки ҳамин ҳоло О. Ҳошимов дар театр ҳузур дорад, баъди анҷом ёфтани машқи спектакл бо ҳамон либосҳои саҳнавиашон омадаанд: Устодон Гурминҷ Завқибеков, Ато Муҳаммадҷонов, Бурҳон Раҷабов, Хушназар Майбалиев, Намоз Ойматов ва дигарон. Хуллас, гирди устод Одина нишастанду сухбат сар шуд. Хело сухбати хубу ширин рафт ва устод Одина ба Мирзоватан ишора кард, ки “рав, аз даруни мошин дутора биёр”. Миров дуторро овард. Устод аз рубоиёти халқӣ як фалак хонд. Дигар ҷумлагӣ роҳат карданд.

Лутфи  Гурминҷ-ако

Ва устод Гурминҷ бо лаҳҷаи ба худ хос “ташаккур ҳустод” гуфту қиссаеро сар кард.

Аз зоопарк як юрх, то есть хирс мегурезад. Дигар ҳама мардум ба ҷустуҷӯи хирс мебароянд. Як кас мегӯяд, “медведлов”, яъне “хирсқапак” ёфтан даркор. Зуд ба куҷое занг заданд ва як тан марди помирӣ бо як камон ва як саг омада, дохили зоопарк шуда пурсид:

– Хайр чӣ хизмат? Гуфтандаш:

-Аз клетка хирс гурехтааст. Вай мард мепурсад:

– Олӣ ҳамон хирс дар куҷо?

Мардум бо ишора нишон доданд, ки хирс дар болои дарахт. Мард лахзае болои дарахтро нигоҳ карду камонашро ба дасти як кас доду банди сагашро ба дасти нафари дигар ва гуфт:

– Бачао, ман амун болои дарахт мебароям ва то қарибии хирс меравам ва дарахтро меҷунбонам. Амин, ки хирс аз болои дарахт дар замин ҳомада афтид, саги ман омӯхта аст, зуд меояду аз байни почаки хирс меқапад. Ана дар ҳамин лаҳза шумо бандро дар сару дасту пои хирс тоб диҳеду хирсро бурда дар клеткааш андозед.

Бо ҳайрат аз марди помирӣ пурсиданд, ки пас ин камон барои чист? Гуфт:

-А, қариб фаромӯш кунам! Мабодо, худам афтидам ба замин, шумо дарҳол сагро парронед…

Лутфи Мирзоватан Миров

Устод вақте чунин маҳфилро дид, дубора дуторро гирифт ва ин ғазали Мавлоноро суруд:

                                     Эй Худо, ин васлро ҳиҷрон макун!

                             Сархушони ишқро нолон макун!…

   Баъд Миров як латифаеро аз Ашӯр Сафар нақл кард:

– Рӯзе Устод Ашӯр Сафар дар боғи шаҳри Кӯлоб дастҳо ба пушт ва пиёда, гулу дарахтонро тамошо карда меравад, ки иттифоқан аз пешаш як бачаи ҷавон мебарояду аз ҷайбаш қоғазеро бароварда ба устод нишон дода хоҳиш мекунад:

– Устод, ҳамин шеърҳои маро намебинед? Ягон эрод ва камбудӣ дошта бошанд, гӯед.

– Устод мегӯянд:

Гуш кун, додар! Ин ҷо ҷои шеърбинӣ нест. Рӯзи истирохат биё, сари як дастархон мешинем. Хайр, шояд ягон коса шӯрбо ҳам мехӯрем. Ва дар ҳамон лаҳза шеърҳои туро мебинем…

Донишҷӯ мегӯяд:

– Устод як ҳамкурси дигар дорам, ба ҳадде мухлиси шумо аст, ки тамоми ашъоратонро азёд медонад. Чӣ мешавад, ки ӯро ҳам бигираму хонаи шумо дукаса биёем!?

Устод дар посух мегӯянд:

– Додар, маро бигӯӣ, ту худат сари дастархони ман…зиёдатиӣ!!!

Хулоса, ҳозирин аз чунин маҳфили зиндаву табиӣ ва классикӣ роҳат карданд. Ва ҳар як ҳунарманд, яктоӣ латифа нақл кард. Дар навбат устод Бурҳон Раҷоб “тасаддуқ-ро хонд. Устод  Ато Муҳаммадҷонов бошад, як порае аз саргузашти даврони донишҷӯияшро дар шаҳри Маскав нақл кард. Ва Майбалиев низ, дар ёдам нест, чизеро ривоят намуд. Баъд дар охир устод Одина мушт бар сина зада гуфт:

– Акаи Гурминҷ, ҳамин амшед Исмоил сабки маро мехонад!

Ва устод аз ман хоҳиш кард, ки як чиз бихон. Он замон акнун нав ҳамон шукӯҳу шаҳомати мо буд ва аккордеонро гирифтаму шеъри “Анҷум”-и Муҳаммад Иқбол-“Менигарему меравем…”-ро хондам.

 Бо ҳамин нишаст – маҳфили зиндаву табиии мо ба охир расид, ки лаззаташ то ҳанӯз бо гузашти 40 сол, маро тарк накардааст…

 

Бозчоп аз китоби «Ба ҳар ҷое ту бошӣ,ёди ман кун…

Таҳияи Бунафшабону Курбанова