ШАРҲИ МУХТАСАР АЗ ТАЪРИХИ БИБЛИОГРАФИЯ

Библиография калимаи юнонӣ буда, маънояш навиштани китоб ё истинсох (нусхабардорӣ) кардан аст. Маънои ин вожа аз асрҳои 17 мелодӣ то ба имрўз чанд маротиба тағйир ёфтааст. Гарчанде библиография дар чандин китобу манбаъҳои соҳавӣ ва ғайрисоҳавӣ шарҳу тафсир ёфта бошад ҳам, вале шарҳи мухтасар ва пурратару ба маънои имрўза мутобиқтари онро мо дар фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ пайдо намудем, ки ба ду маъно омадааст:

  1. Тасвири илмии чигунагии китобҳо ва тартиб додани феҳристи онҳо, китобиёт, китобнигорӣ;
  2. Илм дар бораи тарз ва усулҳои тасвири китобҳо ва тартибдиҳии феҳристи адабиёт.

    Дар фарҳангҳо, махсусан дар фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ ном вожаи дигаре башакли “Библиографӣ” қайд мешавад, ки мансуб ба “Библиография” буда, ишора ба шуъбаи библиографӣ мекунад. Агар ба фаъолияти китобхонаҳо дар замони муосир назар андозем, айён мегардад, ки дар онҳо шуъбаҳои махсуси соҳавие фаъолият менамоянд, ки вобаста ба тартиб додани феҳристҳо ва китобнигорӣ машғуланд ва онҳо сирф кори библиографиро дар махзанҳои китобхона амалӣ менамоянд. Албатта, сари ин навъи шуъбаҳои китобхонаҳо ва фаъолияти онҳо айни ҳол андешидан ва таҳлили вазъи кори онҳо ба диду ковиши баъдинаи мо вогузор мешавад ва ҳоло мехоҳем ба мавзўи асосие, ки дар ин мақола бояд мавриди таваҷҷуҳ қарор бигирад, бипардозем.

 Илми библиография ё китобшиносӣ яке аз муҳимтарин шохаи китобдорӣ буда, маводи асосии иттилоотрасонӣ дар ҷомеа ба шумор меравад. Аввалин намудҳои иттилооти библиографӣ замонҳои хеле қадим пайдо шуда буд ва он замон библиография танҳо барои олимон,нависандагон, руҳониён, китобдорон ва китобфурўшон ҳамчун як манбаи фаъолият буд.

    Дар таърихи башарият библиография ҳамчун фанни амалӣ оиди маълумот ва то ба истеъмолкунандагон ба воситаи нашрҳои библиорафӣ бурда расонидани он хизмат мекард.

 Библиография дар айни замон бо ду раванди муайян, яъне библиографиянамоӣ ва хизматрасонии библиографӣ ҷудо мешавад. Барои фаъолият намудани услуби библиография, омўзиши таърихи он, тарбия намудани мутахассисон дар ин самт ва ташкили фаъолияти библиографӣ зарур аст.

  Ҳаминро таъкид кардан кофист, ки ҳанўз аз замонҳои қадим, аз давраи библиографӣ нахуст — Калимаҳо (солҳои 310—240 пеш аз мелод), яъне аз ҳамон айёми ба расмият шинохташудани библиография ба он эҳтиёҷ доштанд. Ин ниёзмандӣ қарн ба қарн афзоиш ёфту боиси рушди минбаъдаи библиография шуд. Имрўз агар ҳар ҷо сухан аз китобу илм оғоз шавад, ҳузури библиография низ ҳатмист. Ин хоҳиши ҷомеа, изҳори эҳтиёҷи замон аст.

   Библиографияи тоҷик ҳам хеле қадимист. Пояи онро «Авесто», захираи китобхонаи Гунди Шопури Сосониён, захираи китобхонаи «Сивон-ул-ҳикмат»-и Сомониён гузоштаанд. Баъдҳо даҳҳо дастурҳои библиографӣ то ба давраи мо пайдо шудаанд. Ва он чизе, ки алҳол дастраси мо нест, китобе ё рисолаест оид ба назарияи библиографияи тоҷик. Вале кӯшише дар ин роҳ аз ҷониби чандин мутахассисони ин соҳа шудааст ва мақолаву навиштаҳои парокандаву ноомўхта боқӣ мондааст, ки кори пажўҳишгаронро то андозае барои шинохту дарки амиқ ва муайян намудани таъриху давраҳои гузариши библиографияи тоҷик осон гардонидааст. Агар ба манбаъҳои пурарзиши ин риштаи илм назар намоем, дар замони муосир дар соҳаи библиографияи тоҷик Р. Шарофов китоби “Библиографияи адабии тоҷик” ва Қ. Буриев “Таърихи библиографияи тоҷик (аз замонҳои қадим то асри XXI)” ва дигарон аз чоп баровардаанд, ки инро кушише дар равшани намоии назаряи илми библиографияшиносӣ донистан дуруст аст. Вале, ҳанўз таҳқиқоте дар ин роҳ аз ҷониби мутахассисони соҳа анҷом нашудааст, ки тамоми паҳлуҳои илми библиграфияро фаро бигирад ва ба тамоми суолҳои хонандагон ҷавоб дода тавонад. Аз ин рў, мо итминон дорем, ки насли нави ҷомеаи имрўзаи тоҷик барои пурратар омўхтани ин бахши соҳаи китобдорӣ камари ҳиммат мебандад.

    Дар асри ХIХ тасаввуроти назариявии библиографони Аврупои ғарбӣ ва рус таъсири байни ҳамдигариро аз саргузаронида, доимо фарқ намуда, дар маҷмўи фанни китобхонашиносӣ рушд намудааст. Дар охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ дар Россия саҳми китобшинос ва библиографи намоён, аввалин устоди донишгоҳҳои Петербург ва Москва Н.А. Лисовский (1845-1920) назаррас арзёбӣ гашта, нуқтаи назари нав оид ба библиографияро ҳамчун фанни илми рушдёбанда новобаста аз китобшиносӣ муаррифӣ намуда ва баъд аз ин илм ё фан мунтазам инкишоф меёбад.

   Дар асри ХХ-уми асри гузашта ҳамчун объекти ягонаи фаъолияти библиографӣ ин китоби чопӣ ба ҳисоб мерафт, дар назарияи машҳури кори билиографӣ ва китобдорӣ К.Н. Дерунов (1866-1929) ба таври қатъӣ ва боваринок китоби чопиро ҳамчун ҷабҳаи фаъолияти библиографӣ тарафдорӣ мекард. Фаъолияти соҳаи библиография дар ҳамаи кишварҳо маҳз ба хотири рушди ҳаёти фарҳангии ҷомеа амал намуда, то ба имрўз  ҳеч яке аз расонаҳои ҷаҳонӣ натавонистааст ҷойгоҳ ва мақоми онро гирад.

    Доир ба аҳамият ва нақши библиография дар ҷомеа ҳамин нуктаро бояд қайд кард, ки бе донистан ва амал кардани ин соҳа, анҷом додани таҳқиқоте ғайри имкон аст ва ё ба пуррагӣ пажўҳиши он ба муҳаққиқ муяссар намегардад.

  Маҳз бо шарофати истиқлолияти давлатӣ библиографияи тоҷик тавонист ганҷинаи бузургеро чун Китобхонаи миллии Тоҷикистон ифтитоҳ намояд. Бояд таъкид кард, ки фаъолияти ин ганҷина имрўз ниёзи аввалияи донишҷўёну пажўҳишгаронро бароварда мекунад ва ҳар фарди ҷомеа аз нақш ва аҳамият доштани библиография дар ҷомеа бархурдор мешавад. Аз ин рў, библиография дар ҷомеа барои пешрафти ҳаёти маънавии аҳли башар аҳамияти аввалиндараҷа касб кардааст. Ба тариқи дигар, роҳи тараққиёти ояндаи библиографишиносии тоҷик мураккаб бошад ҳам, умедбахш аст. Аз диди замон ин роҳ моро ҳатман ба дастовардҳои нав ба нави илмӣ расонида, фаъолияти библиографии бисёр муассисаҳоро рангину замонавӣ хоҳад кард.

Шарофат Мирзоева.