ТАФРЕҲ. НИЛУФАР. ПАЙҒОМЕ АЗ ОМАД – ОМАДИ БАҲОР

Синаҳо лабрези шавқи дидани рӯи баҳор,

Ташнаи анвори шеду накҳату бӯи баҳор.

Маскани дилдодагон саҳрову дашти махмалин,

Шеъри ошиқро фарогир гашта мавзӯи баҳор.

Коста гардид тоби пайкар дар набард бо сардиҳо,

Ҷисму рӯҳро қувва бахшад тобу нирӯи баҳор.

Боз зи нав бо мақдамаш эҳё кунад атрофи худ,

Дидагони пурумеди мо фақат сӯи баҳор.

Лолаҳои ранг-рангу боди нарму дилрабо,

Қатраҳои абри гирён – расми дилҷӯи баҳор.

Фасли сармо оташи дилҳо рабуд бо тундияш,

Хислати оташнишонӣ пурра мамнӯи баҳор.

Боли эъҷозкори ӯ орад ба худ шавқи хаёл,

Ёфтам илҳоми нав дар гирду паҳлуи баҳор.

Меравам ҷое, ки чашми дил барад Нилуфараш,

Бо муроди баррасидан бар дару кӯи баҳор.

28.02.2022 сол. Соати 17:40. Шаҳри Тула.