Рӯ ба илм. Аз ситораҳо чӣ медонем? Занабҳо чанданд?

 ЗАНАБ дурахшонтарин ситораи бурҷи Даҷоҷа, бистумин (аз рўи дурахшандагӣ) ситораи дурахшони шабҳангом. Ба гурўҳи нодири ситораҳои фавқулазим (А 21 ае С) дохил аст. Дар масофаи якчанд ҳазор соли рўшноӣ дар фазои атрофи Офтоб дурахшонтарин ситора ба шумор меравад. Қадри ситоравиаш ба 1,25 баробар буда, дар масофаи 1412 соли рўшноӣ аз Офтоб дур аст.

  Равшаноияш нисбат ба равшаноии Офтоб 196000 баробар, массааш аз массаи Офтоб 19–20 баробар ва нимқутр (радиус)-аш 200 баробар бузургтар аст. Ҳарорати сатҳи Занаб 8500 К ва умраш ба 6–10 млн сол баробар мебошад. Занаб дар асари шоирону адибони классики форс- тоҷик бисёр вомехўрад:

Мардум аз гов, эй писар, пайдо ба илму тоат аст,

Мардуми беилму тоат гов бошад беназаб.

Носири Хусрав

Занаби Асад

  Занаби Асад (думи шер), Занабу-л-асад, севвумин ситораи дурахшони бурҷи Асад. Занаби Асад ситораи каратии чоргона ва қадри ситоравиаш 2, 14м  буда, нисбат ба Офтоб 12 баробар дурахшонтар ва дар масофаи 36 соли рўшноӣ аз Замин дур воқеъ аст.

Барои мунаҷчимони Чини Қадим яке аз ситораҳои панҷгона Тахти 12 Император буд, ки дар нуҷум нишони бадбахтӣ ва шармандагӣ маҳсуб мешуд.

Ситораи нисбатан ҷавон (400 млн сол), ҳарорати сатҳаш 8500 К, радиусаш 1,73, массааш 1,75 баробар аз массаи Офтоб бузургтар аст.

Ҳаракати босуръати Занаби Асад аз он далолат мекунад, ки он ҷузви ассотсиатсияи ситоравии фавқуттарокуми IC 2391 аст. Ҳаракати ситораҳои ассотсиатсия ба ҳам шабеҳ буда, ба ҳамдигар бо қувваҳои ҷозибавӣ вобастагӣ надоранд.

А.Раҳмонов

Занаби Қитус

   Занаби Қитус бетта Наҳанг, Дифда, ситораи дурахшонтарини бурҷи Наҳанг, ки ба гурўҳи азимситораҳои КО III дохил аст. Занаби Қитус дар марҳалаи охири таҳаввул куҳантарин ситораест, ки тақрибан 100 млн сол умр дошта, массааш аз массаи Офтоб се баробар зиёдтар, қутраш 17 баробар бузургтар ва дурахшониаш 145 баробар фузунтар мебошад.

Ҳарорати сатҳаш 4500 0 С буда, дар масофаи 96 соли рўшноӣ дуртар аз Замин дорад. Фарози мустақим ва майли Занаби Қитус мутаносибан ба 00 h  – 43 m  35,37 s df- 17 0 59,  11,8, суръати самти назари он ба 13,32 км/ с, қадри мутлақи ситоравӣ ба 0,3 m  ва қадри ситоравии зоҳириаш ба 2,04 m баробар аст.

Аз арзи Аврупо мушоҳида мешавад.

Занаби Уқоб

  Занаби Уқоб (думи уқоб), Занабу-л- уқоб (б-Уқоб), ҷуфтситораи бурҷи Даҷоҷа, ки гурўҳе аз мунаҷҷимон бо роҳбарии Улуғбек онро номгузорӣ кардаанд. Қадри ситоравиаш 3, 36 m , ба гурўҳи тайфии F3 IV дохил аст. Радифи Занаби Уқоб ба қадри ситоравии 10.9 m масофаи кунҷии 108.9 ҷойгир буда, аз Офтоб дар масофаи 49 соли рўшноӣ дур воқеъ аст.

Занаби Ҷадӣ

   Занаби Ҷадӣ (думи буз; Deneb Algiedi, б Сар), ҷуфтситора, тобонтарин ситораи бурҷи Ҷадӣ, ки дар масофаи 39 соли рўшноӣ аз Замин дур воқеъ аст.

Занаби Ҷадӣ ситораи тағйирёбандаи гирифткунанда буда, шабеҳи ситораи Алғул аст. Даври тағйирёбии тобишаш 1,023 шаборўз ва қадри ситоравиаш дар ҳолати ҷилои баланд ба 2,81m ва қадри мутлақи ситоравиаш ба 2,0m баробар мебошад.

Ҷузви асосии ин силсила ситоравӣ абарситораи сафеди гурўҳи тайфии А7 m III буда, масса ва қутри он нисбат ба масса ва қутри Офтоб тақрибан 2 баробар бузургтар ва ҳарорати сатҳаш ба 7300 К баробар аст. Ҷузви дуввуми Занаби Ҷадӣ аз Офтоб хурд буда, ба гурўҳи тайфии G мансуб аст. Ситора дар атрофи доиратулбуруҷ (эклиптика) воқеъ буда, боиси гирифти он аз тарафи Моҳ ва баъзан сайёраҳо мегардад. Занаби Ҷадӣ дар думи бурҷи Ҷадӣ ҷойгир аст ва номи он низ аз ҳамин ҷост.

Муаллиф:  А. А. Раҳмонов.

Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2018. – Ҷ.7. – С. 26-27.

Таҳияи Фируза Восиева

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.