Китоби нав. Носирҷон Салимӣ. “Адабиёти давраи Сомониён”
Дар китоби мазкур масъалаҳои ташаккули осори мансури замони кишвардории сулолаи Сомониён, заминаҳои таърихиву адабӣ, шаклгирии забон ва сабки нигориш, пайдоиш ва таҳаввули анвои наср, ҳаракати тарҷума дар пайвастагӣ бо ибтикори меҳнатпарастонаи амирони сомонӣ мавриди пажўҳиш қарор гирифтааст. Баррасиҳо дар матни осори боқимондаи садаҳои 1Х-Х, ки ба маҳзари муҳаққиқону ҳаводорони каломи бадеъ пешкаш шудааст, дастовези кўчакест ба истиқболи ҷашни мубораки 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Муаллиф дар сарсухани китоб менависад: Ба иттифоқи аҳли назар дар даврони кишвардории Оли Сомон дар саросари Хуросону Мовароуннаҳр як ҷунбиши пурвусъати фикрӣ ва илмиву адабӣ густариш ёфт, ки ҷавҳар ва ҳадафи онро эҳёи фарҳанги аҳди бостон дар замони нави тарихӣ таъбир кардаанд. Ба дунболи истиқлоли сиёсӣ амирони сомонӣ ҳувиятии фарҳангӣ, тарвиҷи забони модарӣ ва равнақи адабиёту ҳунарро ба ҳайси рисолати аслии давлатдорӣ дар меҳвари сиёсати дурнигаронаи хеш қарор доданд. Дар сояи пайкорҳои ҳаётангези Сомониёни фаррухнажод гулистони пажмурдаи тамаддуни ориёӣ муҷаддадан сарсабз гардид ва накҳати атрогини ҳикмату маърифати он дигарбора дар саросари ҷаҳони мутамаддин таровату сафо овард. Фарҳанги аҳди Сомониён,ки бо дурахши нурафзои худ муҳри абадият ба домани ҳазорсолаҳо задааст, фарҳанги комилиёрс мебошад, ки дар ҳама бўъд ва ҷанбаҳои ҳастии хеш тамомият ёфта буд. Пажўҳиш дар матолиб ва қонунмандиҳои фарҳанги аҳди мазкур ковишҳои фаровони муқаддамотиро тақозо менамояд.
Боризтарин падидаи ин фарҳанги пуршукўҳ адабиёти тоҷику форс аст, ки зодаву парвардаи ин даврони хуҷаста маҳсуб мешавад. Ба қавли устод Забеҳуллоҳи Сафо, «давраи Сомонӣ ҳамчунонки барои шеъри порсӣ давраи тиллоист, барои насри порсӣ низ давроне бисёр бунёдгузории шеъру насри порсӣ шуд, чунон муҳим ва шоистаи эътино буд, ки давраҳои баъд бо ҳамаи инқилоботи иҷтимоӣ, ки дар Эрон рух дод, на танҳо асари он аз миён нарафт, балки рўз ба рўз нирўмандтар ва на боровартар гардид».
Баррасиҳои иҷтимоӣ, ки дар ин мухтасар омада, кўшише ба қадри тавони ин ҷониб аст дар фароҳам овардани пойгоҳи шоистаи пажўҳиш дар шинохти адабиёт ва фарҳанги аҳди Сомониён, ба вижа каломи мансур, ки бо таваҷҷўҳ ба заминаҳои таърихиву адабӣ, танаввўъ ва мазмуну мутахассоти осори маҳфуз ва мафқуд аз асрҳои IХ-Х-и мелодӣ сурат бастааст.
Китоби Адабиёти давраи Сомониён”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Таҳияи Шарофат Мирзоева,
Сармутахассиси шуъбаи илмӣ ва тадқиқотӣ.