Таҷлили “Ҳафтаи китоби бачагона” дар як маҳфили Китобхонаи миллӣ
Имрӯз Шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба “Ҳафтаи китоби бачагона” маҳфили “Дар сӯҳбати адиб”-ро бо шоири кўдакон, дорандаи ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдусатори Раҳмон баргузор намуд. Маҳфилро муовини директори китобхонаи миллии Тоҷикситон Ҷалолуддин Нурзода ҳусни оғоз бахшида, роҷеъ ба аҳамияти китобу китобхонӣ сухан ронд ва дар фарҷом адиб Абдусаттори Раҳмонро шинос намуд.
Зарур ба ёдоварист, ки “Ҳафтаи китоби бачагона”-ро ҳар сол Китобхонаи бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар баргузор мекунад ва он аз 2 то 9-уми апрел идома меёбад. Дар доираи ин барнома шуъбаи кўдакон ва наврасон тасмим гирифтааст, хар сол мафили “Дар субати адиб”-ро доир намояд.
Абдусаттори Раҳмон 16-январи соли 1955 дар шаҳри Ваҳдат ба дунё омада, мактаби миёнаи 43-ро хатм намудааст. Фаъолияти кориро ба сифати омўзгор аз мактаби 25-и шаҳраш оғоз нмауда, шеърҳои нахустинашро аз рўзгори кўдакон навиштааст.
Китобҳояш “Тағо ҷиян шуд”, “Бибию бобои ман”, “Шакаррез”, “Балои ҷон”, Обруямро марез”, “Ман аз кӣ калон” солҳои гуногун чоп шудаанд. Чанде аз шеърҳои хубаш ба русиву забони гурҷӣ низ тарҷума ва инти шор ёфтаанд.
Хонандагони шуъбаи кўдакон ва наврасон бо адиб суолу ҷавоб намуда, аз эҷодиёти Абдусаттори Раҳмон шеърҳо қироат намулданд. Инчунин кӯдакони эҷодкор шеърҳои худро низ дар ҳузури шоир қироат намуданд.
Маврид ба ёдоварист, ки Рӯзи ҷаҳонии китоби кӯдак — 2 апрел ба ифтихори зодрӯзи Ҳанс Кристиан Андерсен, нависандаи достонҳои кудакон номгузорӣ шудааст. Ҳар сол дар ин рӯз тавассути Дафтари Байналмиллали Китоб барои Насли Ҷавон (IBBY) маросими бошукуҳе доир мешавад. Ин рӯз дар аксари кишварҳои олам, дар мамолике, ки ба адабиёти бачагона ва кӯдакону наврасон эҳтиром қоиланд, ба шукуҳ ҷашн гирифта мешавад.
Раҳима Аъзам,
сармутахассиси шуъбаи тарғиб ва
баргузории чорабиниоли фарангӣ.