Аз қаъри солҳо. Маҷаллаи “Занони Тоҷикистон”, соли 1980. Ҳакими замон  

Ин мақола соли 1980, дар шумораи ҳаштуми маҷаллаи “Занони Тоҷикистон” бахшида ба ҳазораи Абуалӣ ибни Сино чоп шудааст ва муаллифи он дотсенти кафедраи физиологияи нор малии Донишгоҳи (он вақт донишкадаи) давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино будааст.

Абӯалӣ ибни Сино ба дараҷаи бузургтарин ҳакими даврон ва ҳакими шифодасти замони асримиёнагии тамоми ҷаҳониён расида буд.

Абӯалӣ ибни Сино 16 августи соли 980 дар Афшана ном деҳаи Бухоро ба дунё омад.  Ин ҷо вай таълими ибтидоӣ гирифт ва ҷавҳари ҳаёти дурахшони баъдинаи ӯ маҳз дар Афшана падид омад ва ба қиём расид. Шукӯҳи сиёсӣ ва мадании олӣ Сомон дар Осиёи Миёна ба ривоҷу равнақи дониши тиббӣ ва маърифати умумидунёвии Ибни Сино шароити мусоид ба вуҷуд овард. Бухоро, ки пойтахти давлати Сомониён буд, ба калонтарин шаҳри феодалии Машриқзамин табдил ёфт. Вай бо маснуоти ҳунармандӣ, китобхонаҳояш, марказҳои тиҷоратиаш машҳури ҷаҳон гашта буд. Дар Бухоро олимони маъруфи замон, табибон, файласуфон, меъморону ҳунармандони машҳури даврон кор ва эҷод мекарданд. Дар байни онҳо Абӯалӣ ибни Сино ҳам буд. Дар Бухоро ва марказҳои мадании гирду атрофи он ӯро Шайхурраис, яъне раиси раисон меномиданд.

Ҳаким Абӯалӣ ибни Сино агарчи дар ҳамаи соҳаҳои илму дониш асарҳои зиёде иншо карда бошад ҳам, ҷаҳониён ӯро пеш аз ҳама чун табиб мешинохтанд. Вай дар боби илми тиб бештар аз 30 номгӯй рисола иншо кардааст, ки онҳо билохир ба тибби халқҳои Шарқу Ғарб таъсири басо бузурге расондаанд. Калонтарин асари тиббии ин алломаи бузург «Китоб-ал-қонун фит-тиб» («Китоб дар бораи  қонунҳои тиб») ном дорад. Ин асар, ки қомуси тиббии он замона буд, дар давоми чандин қарнҳо чун китоби рӯимизии табибони Шарқу Ғарб хизмат карда омад. Бӯалӣ ин асари қомусиро дар бадали 20 сол навишта, ба итмом расонд. Солҳое, ки ин асар иншо мешуд, олим таҷрибаи басо гаронбаҳои тиббӣ ғун карда буд.

Баъд аз 150 соли ба табъ расидани «Қонуни тиб» вай аз арабӣ ба лотинӣ тарҷума карда мешавад. Вай ба забоне тарҷума мешавад, ки бо он тибби ҷаҳонӣ шарҳу баён ёфта буд. Ин китобро дар ҳамаи замону даврон ба забонҳои халқҳои гуногун гаштаю баргашта рӯнавису чоп мекарданд. Ин кор то ибтидои асри 20 давом карда омад. Охирин нашри арабии он ба соли 1874 рост меояд. Олимони синошиноси  АФ Ӯзбекистон соли 1954 «Китоб-ал-қонун»-ро ба забонҳои русиву ӯзбекӣ бо шарҳу тавзеҳоти илмӣ ба чоп ҳозир карданд. Дар рӯзҳои ҷашни мубораки олим синошиносони тоҷик низ чанд ҷилди асарҳои мунтахаби ӯро ба забонҳои тоҷикиву русӣ ба табъ мерасонанд.

Абӯалӣ ибни Сино зимни мушоҳида ва таҷрибаҳои фаровони таббии худ «Китоб-ал-қонун»-ро эҷод кардааст. Мероси тиббии пешиниён ва комёбиҳои шахсии Абӯалӣ ибни Сино дар он инъикос ёфтаанд.

«Китоб-ал-қонун» на танҳо дастури таълимии ҳакимон буд, ки аз рӯи он амрози гуногунро табобат мекарданд, балки махзане низ буд, ки  зимни он касалиҳоро пешгирӣ менамуданд, сабабҳои пайдоиш ва проблемаҳои тандурустии онро шарҳ медоданд.

Афкори тиббии Абӯалӣ ибни Сино бо мизоҷ зиҷ алоқаманд буд. «Мизоҷ, – мегӯяд Ибни Сино, – вояи сифатист, ки зимни таъсири сифатҳои тазод зуҳур меёбад». Дар айни ҳол ҳар як аъзои мизоҷ табиати худро дорост. Ибни Сино ҳангоми ташхис кардани амроз ва табобат ҷиҳатҳои сифатии ҳар як мизоҷро ба инобат мегирифт. Бино ба таснифоти ӯ мизоҷ ба чор қисмат: гарм, сард, хушк ва тар ҷудо мешуд.

«Ҳар як шахс хоса мизоҷи худро дорост»,-навишта буд вай. Кам шахсонеро ёфтан мумкин аст, ки мизоҷи якхела дошта бошанд. Ин чунин маъно дошт, ки табибон ҳангоми ташхис бояд мизоҷи онро мадди назар гиранд.

Ду ҷилд рисолаи басо боҳашам, ки дар китоби сеюми «Қонун» гирд оварда шудааст, ақидаву мушоҳидаҳои клиникии  Ибни Синоро дар бар мегиранд. Кас асарҳои ин қомуснигори машҳурро хонда, гаштаю баргашта қоил мемонад, ки вай чи андоза асосҳои амрозшиносиро мукаммал ва муназзам аз бар карда будааст. Ибни Сино чун клинитсисти машҳур таҷрибаи бои ташхисмонӣ дошт, тафаккури зӯри ҳакимиро соҳиб буд.

Ибни Сино хунқайдкуниро ба таври классикона шарҳ додааст. Вуқӯъи онро дар ҳангоми касалиҳои шуш, сил, зотурриё (пневмония), диққинафас (астма) ва амрози дил ва ғайра муайян кардааст. Шарҳи мукаммали варами димоғ (минингит), зотулҷанаб (плеврит), захми меъда ва касалии қандро овардааст.

Ибни Сино сабаб ва шарту шароити аксар касалиҳоро дар ҳаёти иҷтимоии мардум медонист. Аз ин сабаб ҳам хушҳолии мардум, фароғати онҳоро аз воситаҳои беҳдошти сиҳатии он медонист.

Ибни Сино аломат ва ташхиси бисёр амрози ҷарроҳиро дақиқона  ва бамантиқона  тафсир додааст. Дар «Қонун фит-тиб» тарҳи клиникии бештарин амрози ҷарроҳӣ зери унвонҳои «Лавозими ороиш» (Косметика), «Варам», «Захми бадан ва меъда», «Аъзои сар», «Аҷзои анфос ва қафаси сина», «Аъзои ҳозима» ва ғайра баён карда шудаанд.

Ибни Сино дар боби тарбияти  атфоли солиму касал ақидаҳои басо прогрессивӣ дорад. Вай чун духтури бачагон, мураббӣ ва руҳшинос дар фасли тарбияи кӯдакон проблемаҳоеро пеш гузоштааст, ки имрӯз ҳам аҳамияти худро гум накардаанд. То Ибни Сино масъалаҳои ҳифзи саломатии кӯдакон (масалан, сурхакон, чечак ва ғайра) дар асарҳои Гиппократ, Ҷолинус, (Гален) ва махсусан дар рисолаҳои Абӯбакр Закариён Розӣ баён ёфта буданд.

Ибни Сино таҷрибаи андӯхтаи пешиниёнро омӯхта, онро ба мушоҳида ва ақидаҳои навини худ ғанӣ гардонд.

Ин аст, ки беҳтарини меросии илмии Ибни Сино дар навтарин марҳалаҳои форматсияҳои ҷамъиятӣ таҷдид ёфтанд, муҳокима шуданд ва дар либоси навин ба ҳаёт роҳхат гирифтанд. Бо вуҷуди он олимони соҳаи тиб ҳанӯз мероси гаронбаҳои ин нобиғаи бузургро пурра наомӯхтаанд. Ҳанӯз бисёр масъалаҳои баёнкардаи Ибни Сино (масалан, муолиҷаи амрози меъдаву рӯда, промлемаҳои пиршавӣ) ба таври бояду шояд таҳқиқ карда нашудаанд.

Асарҳои Ибни Сино номи ӯро зиндаву ҷовид гардонд. Вай ба маънои томи ин мафҳум «табиби тамоми кураи арз» аст.

 Халқи тоҷик фарзанди ҷигарбанди худро азиз медорад. Чун рамзи садоқат ба ин нобиғаи замонҳо дар Тоҷикистон мукофоти ҷумҳуриявии ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника таъсис ёфтааст, Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон номи ӯро дорад, мактабҳо, кӯчаҳои шаҳру районҳо ба номи ӯ гузошта шудаанд…

Гулнора ПӮЛОДОВА.

Таҳияи Мадина Ҳамидова,

 мутахассиси пешбари шуъбаи маркетинг

ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ.