Аз “Риёз-уш-шуаро”-и Волаи Доғистонӣ. Мир Мухаммадсамеъи Ниёзӣ  

Мавлидаш дорулхилофаи Деҳлисту падараш Ҳоҷӣ Миробид аз Бухоро ба Ҳинд омада, мулозими Оламгирподшоҳ буд. Охир ба хидмати иҳтисоби дорулхайри Аҷмир маъмур шуда, муддатҳо дар он амр ба тақайюду истиқлол қиём менамуд.

Мири мазбур низ баъд аз фавти падар солҳо ба ҳамон хидмат иштиғол дошт. Дар ин айём, ки куффори он ҳудуд сар ба шӯриш бароварда, ҳуккому аҳли шаръро бедахл сохтаанд, муовадат ба дорулхилофа намуда, дар камоли парешонӣ ба сар мебурду нақши муродаш аз каҷбозии нарроди фалак ҳеч ҷо дуруст наменишинад, агарчи мот нашуда, аммо дар филбанди узлати инзиво ба умеди дидани рухи шоҳиди мақсуд мунзавист. Табъаш дар назм холӣ аз дурустӣ нест. Тахаллуси «Ниёзӣ» аз Шайх Муҳаммадалии Ҳазин ёфта.

Ӯрост:

 

Рӯзе, ки парчами алами нур шуд баланд,

Гарди сиёҳбахтиям аз дур шуд баланд.

***

Мурдаму наншаст аз по оҳи ғамнокам ҳанӯз,

Дуд мехезад чу шамъи кушта аз хокам ҳанӯз.

Шоҳ Нисбатии Таҳонайсарӣ

 

Таҳонайсар қасабаест аз музофоти Деҳлӣ, мушорунилайҳ аз содоти саканаи он ҷост. Дар замони Ҷаҳонгирподшоҳу Шоҳҷаҳонподшоҳ ба арсаи вуҷуд буда, ба камоли таҷарруду дарвешӣ ба сар мебурда. Девонаш қариб ба шаш ҳазор байт аст ва шеърҳои бамазза дорад.

Ӯрост:

 

Ҷудо зи мо дили моро ба зери хок кунед,

Ба ин ситамзада дар як мазор натвон хуфт.

***

Ҳам зи дил дуздид сабру ҳам дили девонаро,

Дузди ман бо хона медуздад матоъи хонаро.

Чун пайи дил бурдан омад, ақлро аввал рабуд,

Дузди доно мекушад аввал чароғи хонаро.

Ин шеър дар баъзе кутуб ба номи Шайх Сарфӣ ба назар омада, яқин аст, ки аз Сарфӣ аст:

Дар аввал саъйи беҷо кард Фарҳод,

Ҳамон як тешаи охир ба ҷо зад.

***

Булбулон ҳаммизоҷи дон нашуданд,

Кас надонист, гул чӣ хӯ дорад.

***

Нақши пойи ӯ заминро гул ба домон мекунад,

Сояро нахли қадаш сарви хиромон мекунад.

Мир Зайнулъобидини Наййир

Бародарзодаи наввоби содотхон Баҳодури Зулфиқорҷанг аст. Обои эшон аз содоти Мозандарон будаанд ва муддатҳо дар он сарзамин ливои салтанат барафрошта.

 Дар замони шоҳ Таҳмосби мозии мағфур ба Исфаҳон омада, таваттан карданд ва мири мазбур дар авосити аҳди подшоҳи  Олампаноҳ аз Исфаҳон ба дорулхилофаи Деҳлӣ ворид гардида, ба мансабу хитоби Шуҷоъхонӣ сарафроз гашта, то ҳоли таҳрир дар хидмати  амми бузургвори худ ба сар мебарад ва дар таҳсили улуми маъқулу манқул ҷаҳди балеғ ба кор бурдаву истеъдоди дурусте ба ҳам расонида.

Табъаш ба шеър низ майли тамом дорад. Ин байт ӯрост:

Дар пурсиши ман ба рӯзи ҳиҷрон

Ғайр аз шаби тори мо наёмад.

Аз китоби  Волаи Доғистонӣ “Риёз-уш-шуаро”. Қисми 4. Душанбе, “Паёми ошно”, соли 2019

Таҳияи Мадина Ҳамидова,

 мутахассиси пешбари шуъбаи маркетинг

ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ.