Илҳоми Розия Озод аз хониши мурғон. Хотираи И.С. Брагинский аз модари Қаҳрамони Тоҷикистон

 

   Аввалин шиносоиям бо Розия Озод дар солҳои сиюм ба вуқӯъ омада буд. Ӯ зани солоре буда, ҳамеша дар  ташвиши тарбияи кӯдакон, вале мизбони меҳмоннавоз, модари оқилаву сахтгир ва меҳрубонест, ки дар адабиёти тоҷик васфаш беҳисоб аст.

Аммо аз ҷумлаи авсофи ҳамидаи ин модари меҳрубон як хислаташро касе пай набурда буд – ӯ ба шеъру шоирӣ низ майл дошт. Ӯ ин тамоюлро дар зовияи дил нуҳуфта, ба касе дам намезад ва ёрои ошкор карданро надошт, мабодо ки монеи нигоҳубини кӯдакон нагардад.

Розия соли 1893 дар Хуҷанди бостонӣ аз оилаи ҳунарманди миёнаҳол  ба дунё омадааст. Таҳсили сесола дар мактаби духтаронаи Хуҷанд насиби ӯ гардидааст. Ҳамин таҳсил андак дар дили ӯ меҳри китобхониро афрӯхт, вале фурсати хондан набуд. Дар понздаҳсолагиаш аз шавҳар доданд. Чун бева монд, фаҳмид, ки рӯзирасони панҷ фарзанд танҳо ӯст. Зиндагӣ сахт. Пахтаи бойро мечид, барои чойхонаҳо нон мепухт ба ҳар навъ музде ба каф меовард. Хайрият, ки гоҳҳо  шуғли дилхоҳ – хонондани бачаҳои ҳамсоя пайдо мешуд. Танҳо баъди дар Тоҷикистон  барқарор гардидани Ҳокимияти  Советӣ рӯз дид: ба тарбияи кӯдакон камар баст, аз ин кор хурсанд буд. меҳнаташ барабас нарафт, чунон ки дар урфият мегӯянд: «Меҳнати имрӯз роҳати фардост». Он чи мухтасар  аз худаш ҳикоят кард, ҳамин буд.

Айёми долу зарби Ҷанги Бузурги  Ватанӣ буд. Рӯзномаҳои ҷанговарони тоҷикро, ки аз хонаҳояшон мерасид, аз назар гузаронда, чашмам ба ашъоре меафтод, ки имзои шоираи ношиносеро дошт; Розия Озод. Кӣ бошад? Пир ё барно, гӯяндаи халқӣ ё шоираи  навкор? Ғолибан духтари донишҷӯест, ки худро гоҳ ҷанговари ҷавон тавсир  карда, ҳангоми видоъ ба модар ваъда медиҳад, ки барои Ватан фидокорона меҷангад («Хайр, модарҷон!»), гоҳ духтари ба фронт рафта истифода («Меравам») ва баъзан сурати модареро ба худ мегирад, ки фарзандашро  ба армия гусел мекунад («Фарзанди азиз»). Дар ашъори Розия Озод самимияти шоира, ки хеле сода тавсир ёфта, қонунияти анъана риоя шудааст, диққати касро ба худ мекашид. Масалан,  сатрҳои охири шеъри «Меравам», ки хеле сода аст, умуман «бо қоида»-и ғазалҳои ишқии ҳасбиҳолӣ навишта шудааст.

 

Ман бар фронт мисли ту, эй ёр меравам,

Бо духтарони ёру мададгор меравам…

Ҳам аз барои ҳифзи туву иқтидори ту,

Ҳам аз барои дидани дидор меравам.

 

Шеърҳои нав яке аз паси дигаре чоп мешуданд ва он ашъоре, ки садои модарро дошт, пуртаъсиртар ба гӯш мерасид. Шояд муаллифи шеърҳо он модари меҳрубонест, ки бо забони худ «Омадӣ хуш, дугонаҷон, дугонаҷони ман» мегӯяд ва ё ба ронандаи тайёраи ҷангӣ, духтари шӯҳратманди тоҷик Ойгул бо чунин лаҳн рӯ овардааст:

 

                   Орзу дорам, ки доим бахтиёру шод бош,

                   Умр бину зиндагӣ кун бар муроди дӯстон.

                   Дорад Озод орзӯи модарӣ, ки Ойгул

                   Духтари ҷонона ояд хонаи ӯ меҳмон.

 

Дар ин шеъри даъватӣ нисбат ба шеърҳои пурдабдабаи мадҳӣ образи духтари ҷасур самимитар зоҳир шудааст. Аз ашъоре, ки бо имзои «Розия Озод» чоп мешуд, баъзан овози форами пиразани қиссагӯ, ки аз кӯдакӣ дар дил ҷой шудааст, садо медод. Гӯё қиссагӯ образи Заҳҳоки морон ва баҳодуронеро, ки ӯро мағлуб карданд, зинда мекунад. Ин образҳо ва номҳои азизи Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳофизро ноаён бо воқеияти имрӯза меомезад, бо эҳсосот ва рӯҳияи ҳозира вобаста  мекунад. На, ин донишҷуе нест! Пас, вай кист!

Ҳо.. Розия Ғафурова. Дар синни 50-солагӣ аввалин шеърҳояшро ба чоп додаст. Мӯъҷиза? Ҳайратовар, ғайричашмдошт, вале мӯъҷиза не. Барои он мӯъҷиза нест, ки ақлгир фаҳмост. Охир, чаро ақлгир набошад, солҳои дароз дар даву ғеҷи зиндагӣ, дар шабҳои бехобии сари болини кӯдаки бемор суруд дар синаи ӯ расидааст, дар дилаш макон ёфтааст. Суруди расида аз қафаси сина берун ҷастан мехост, аммо модар фароғат надошт, дастони дар кор ғафсшуда ба қалам намерафт.

Розия Озод аз ҳамон дам ҳайати назми советии тоҷик чун узви таркибӣ дохил гардида, то соати вопасин -10 декабри соли 1957, соле набуд, ки ашъори ӯ (ки дар маҷмӯаҳои алоҳида ҳам чоп шудааст) ба майдон наояд.

Баъди ҷанг мулоқоти ман бо Розиябибӣ борҳо иттифоқ афтодааст, чанд гоҳ дар санаторияи Душанбе низ бо ҳам будем. Ана ҳамон вақт аз мавриди ороми истироҳатгоҳ истифода бурда, аз ӯ, ки хеле камгап буд, саволеро, ки хеле вақт боз дар сар доштам, арз кардам: чӣ тавр шеър иншо мекунад, вазни мураккаби шеъри классикиро чӣ тавр ёд гирифтааст, ҳол он ки ӯ ҳаргиз онро наомӯхтааст ва  намедонист (ман аз ин қазия огоҳ будам)? Розиябибӣ дар ҷавоб ин мақолро гуфт: «Шунидан кай бувад монанди дидан» ва илова кард: «Шумо бояд барвақт аз хоб хеста, дар соати 5-6 пагоҳ маро, ки дар боғ гардиш мекунам, бубинед, баъд сӯҳбат мекунем».

Дар яке аз рӯзҳо, ба тавре ки Розиябибӣ маро намедид, гуфтаашро ба ҷо овардам. Субҳи барвақт боғро хониши мурғони саҳар фаро гирифта буд. Зани солхӯрда пироҳани сап-сафед дар бар   аз роҳрави боғ  солорона мезад. Ин кори вай як-ду соат давом кард. Ӯ нақҳати гулу сабзаро мешамиду ғарқи хаёлот буд, танҳо баъзан андак лабонаш меҷунбиданд. Азбаски дур будам, намедонам, ки ҳамин пичир-пичир мекард ё чизеро мехонд. Баъд ба манзил баргашт. Рӯзона дар вақти мулоқот мушоҳидаамро арз карда, боз  саволамро ба ёдаш овардам.

«Хар гоҳ, ки дилам моили сурудани шеър мешавад, – гуфт ӯ, –  мераваму  аз мурғон меомӯзам. Ҳар мурғ  ба таври худ мехонад, лаҳни якеаш ба дигараш монанд нест. Ман ба онаш гӯш медиҳам, ки ба рӯҳияам мувофиқ аст, баъд ҳамонашро, ки бо эҳтиёҷи ботинам ҳамранг аст, дар шеър  ифода мекунам, Ҳамин тавр, аввалин  мисраъҳо дар забонам ҷорӣ шуда, шеъри  мукаммалро ба вуҷуд меоранд. Баъд аз манзил баргашта, ҳар он чиро, ки аз мурғон омӯхтаам, ба рӯи қоғаз меорам».

Розиябибии азизу меҳрубон, – аз дил гузарондам ман. Ӯ гумон надорад, ки суханони машҳури Ҳётеро такрор карда истодааст. «Ман месароям, чунон ки мурғ месарояд». Аммо аз ин хусус ба ӯ чизе нагуфтам, суханашро набуридам.

Вай суханашро давом дод: «Оё медонед, чи алҳони зиёд доранд мурғон, чӣ қадар, ки шеър нанависед, ба тамоми умр мерасад. Хониши онҳо ба якдигар монанд нест, агар диққат гӯш кунед, ҳар бор ба лаҳни дигар мехонанд. Агар хоҳед, баъзеашро ба шумо ҳокият мекунам».

Ӯ ин қадар чизҳои аҷиб ва барои мани шаҳрӣ номаълумро ҳикоят кард, ки то ҳол пушаймонам, ки чаро суханони ӯро нанавиштам. Ин дам онро ба хотир оварда наметавонам, чӣ кунам, ки мисли бисёр касон аз ба ёд гирифтани алҳони гуногунии хониши мурғон оҷизам ва аз ин ҷиҳат он ҳикояти аҷиб дар хотирам намондааст. Танҳо бо иқтибоси гуфтори шоири маъруфи  шотландӣ Хю Макдпармиди, ки ба ҳикояти Розия Озод хеле шабеҳ аст ва ман дар ҳамин наздикӣ аз он огоҳ шудам, баъзе тасаввуротамро ифода карда метавонам: «Хониши дурроҷ фараҳбахш аст, вале овози сӯфитурғай тӯлонист ва ба фалак мепечад, танҳо куку зарби мусиқиро риоя мекунад, аммо ягон мурғ ба булбул баробар шуда наметавонад.

Ин ба рӯҳи ҳикояти Розия Озод монандӣ дорад, вале ҳаргиз ҳикояти ӯро ба тамоми ҷузъиёташ, ки аз мушоҳидаи алҳони мурғони саршумор (на танҳо чор мурғ) ва гуногунии ҳайратафзои хониши онҳо иборат буд, барқарор карда наметавонад.

Розия Озод чун мурғи хушхон сода ва форам, балки зеботар аз он- чун модар месуруд, ки ин аз он ҳам зеботар аст.

 

Аз  маҷаллаи «Занони Тоҷикистон», 1983, №2

Таҳияи Малика Абдуллоева,

шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ.