Таҷлили Рўзи байналмиллалии ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ дар Китобхонаи миллӣ

29-уми апрели соли 2022 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рўзи байналмиллалии ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ мизи мудаввар зери унвони «Нақши китобхона дар ҳифз ва тарғиби мероси маънавии ниёгон» баргузор гардид. Чорабиниро муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов  оғоз намуда, аз нақши китобу китобхона дар нигаҳдориву тарғиби мероси маънавии ниёгон ёдовар шуд.

– Китобхона як ниҳоди бузургест, ки таърихи беш аз панҷҳазорсола дорад. Китобхона як ниҳоди фарҳангист ва баргузор намудани Рўзи байналмиллалии ҳифзи ёдгориҳои таъхирӣ дар китобхона аз он гувоҳӣ медиҳад, ки китобхонаҳо нигоҳдорандаи мероси фарҳангиянд. Дар ин ҷо осори бойи миллате, ки дар асрҳои гуногун  нигоҳдорӣ шуданд, мавҷуданд.

Ба гуфтаи ў вазифаи китобхона низ ҳамин аст, ҳифзу нигоҳдории осори ниёгон. Фарзи мисол дар баъзе кишварҳои Шарқи миёна Покистон, Эрон, Мисри Араб маъмурияти ҳифзи мероси ниёгонро китобхонаҳо иҷро мекунанд.

Баргузор шудани симпозиуму конфронсҳо, форумҳову ҳамоишҳои байналмиллалии китобхонаҳои дунё аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки китобхонаҳо на танҳо муассисаҳои иттилоотӣ ё хидматрасонианд, балки муассисаи фарҳангиву илмиву тарбиявӣ низ ҳастанд.

Дар ин чорабинӣ меҳмонон аз нақши китобхона, муассисаҳои фарҳангӣ дар ҳифзи мероси ниёгон сухан гуфтанд.

Дар робита ба мавзӯъ сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Шералиев изҳори назар намуд ва гуфт, ки дар чунин суҳбатҳои созанда бояд масъалаҳои ҳалталаби рўзро баррасӣ кунему барои ояндагон имрўз заминасозӣ кунем. Аз ҷумла афзуд:

-Мавзӯи ҷолиб аст, Рўзи байналмиллалии ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ. Мо ки бештар бо китоб, нигоҳдории китоб, нашри китоб кор мекунем, вақте ёдгориҳои фарҳангӣ мегўем, бештари ин дар китоб таҷассум мегардад ва тавассути китоб паҳн мешавад, ин мерос дар китоб нигаҳдорӣ мешавад ва бо китоб ба ҷомеа раҳ меёбад.

Мо вазифадорем, ки беҳтарин анъанаҳо ва суннатҳои гузаштагонамонро, ки дидаему шоҳид будаем, манфиати онро бояд барои ояндагон бозгў кунем. Ин эстафетаро давом диҳем.

Муаллими калони факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи давлатии фарҳангу санъат ба номи М. Турсунзода Тағоймурод Назаров  дар бораи нақши китобхонаҳо дар тарбияи маънавии ҷавонон сухан гуфт.

-Дар ин ҷаҳони пур аз афкору андеша ва таълимоту ғояҳои пуртаззод баҳри тарбия ва такомули инсони комил муҳимтар аз китоб воситаеро дарёфтан душвор аст. Зеро нақши китоб дар ташаккули дунёи маънавии инсон, бахусус насли ҷавон беандоза аст. Сатҳи маънавии насли наврас ва ҷавонони имрўза маҳаки рушду нумуъ ва обрўю эътибори халқи моро дар арсаи байналмилалӣ муайян месозад.

Тағоймурод Назаров дар ин робита ў чанд пешниҳод намуд:

  1. Фаъолгардонии китобхонаҳои оммавии тобеъи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи бачагонаи ҷумҳурӣ ба номи М. Миршакар, китобхонаҳои донишгоҳӣ ва мактабӣ дар тарбия намудани насли наврас ва ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ, расму оини пешқадами ниёгон ва мероси ахлоқии гузаштагон.

2.Таҳияи барномаи давлатии тарбияи насли наврас ва ҷавон дар рўҳияи баланди худшиносиву худогоҳӣ, ватандўстиву ватанпарастӣ, ифтихор аз давлатдории миллӣ.

Муҳаммадиқбол Атозода, сардори Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон зимни суханронии худ иброз дошт, ки равандҳои ҷомеаи мутамаддин нишон дода истодааст, ки дар воқеъ инноватсия ҷои дигар хизматрасониҳоро мегирад. Аз фазои мағшуши интернет, аз миёни як миллиард саҳифа  бояд як саҳифаи даркориро пайдо кунем, ки аз лиҳози шуур, равонӣ, фарҳангӣ тавонад ба шуури сиёсии мардуми мо таъсири нек расонад.

Вай ҳамчунин гуфт, имрўзҳо тамоми воқеаву руйдод, проблема ва равандҳои  ҷомеаи мутамаддини ҷаҳон дар нашрияҳои давлатӣ инъикос меёбад. Махсусан дар замони муосир, ки раванди инноватсия ва рушди технологияҳои инфарматсионӣ мебошад, матбуоти даврӣ ва ҷанбаҳои илмии он нисбатан фарогир аст.

 

Раҳима Аъзам.