БО БАЧАҲО ДАР ЗОДРӮЗИ МИРСАИД МИРШАКАР
Имрӯз зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар аст. Устод Мирсаид Миршакар аз машҳуртарин адибони Тоҷикистон буд, ки як бахши бузурги эҷодиёти худро ба бачаҳо бахшидааст. Ӯ муаллифи маҷмуаҳои «Ливои зафар», «Мо аз Помир омадем», «Қишлоқи тиллоӣ», «Линин дар Помир», «Дугонаҳо», «Дашти лаванд», «Ишқи духтари кўҳсор», «Чашмони Ленин», «Авроқи муҳаббат», «Исёни хирад», «Зинда бод ханда» ва қиссаҳои бадеию фантастикӣ мебошад.
Инак, чанд шеъри устод барои бачаҳо:
Ҷон,Тоҷикистон
Ҷон, Тоҷикистон,
Фарзандат ҳастем,
Дар хизмати ту,
Камар бубастем.
Гулшани бахтат,
Ки бехазон аст,
Чун умри моён
Доим ҷавон аст.
Гулҳо шукуфта
Дар бўстонат,
Мо булбулонем
Дар гулистонат….
Дар васфат имрўз
Суруд хонем,
Аз ту миннатдор
Хурду калонем.
Хуршеди оламафрўз
Ман медонам, ки чаро
Хуршеди оламафрўз
Меояду меравад
Ба деҳаи мо ҳар рўз:
Меояд, ки бачагон
Ба кўчаҳо бароянд,
Ҳар қадар ки дил хоҳад,
Бо ҳам бозӣ намоянд.
Меравад аз он сабаб,
Ки дар ҳар як диёре
Интизори ў ҳастанд
Бачаҳои бисёре.
Дар он ҷо ҳам бачагон
Бозӣ кардан мехоҳанд,
Аз шуълаи офтоб
Баҳра бурдан мехоҳад.
Рост мегўям
Гумон набаред,
Ки ман хурд ҳастам!
Ана, мебинед
Ҷорӯб дар дастам?
Бо ин ҷорӯбам
Хона мерўбам.
Дар даст кўзача
Давам бо шитоб,
Ба сўйи чашма
Аз барои об.
Ширин аст обаш,
Қандин аст обаш.
Нахандед шумо,
Ман рост мегўям:
Дегу табақро
Худам мешўям.
Бовар накунед,
Аз очам пурсед.
Бояд дар хона
Ёрӣ расонам,
Мисли дугонам
Ба очаҷонам.
Вай пахтакор аст,
Кораш бисёр аст.
Аз китоби Мирсаид Миршакар “Ман калон мешавам”, Душанбе соли 2020.
Таҳияи: Фирўза Раҳимова.