Мизоҷ ва нақши он дар пойдории оила
Оила нахустмаркази таълиму тарбия, оғозгоҳи рушди маънавиву иҷтимоии башарият ва конуни шаклдиҳандаи зиндагии фардиву иҷтимоии инсоният мебошад. Оила санги асос ва хезишгоҳи ҷомеаҳои бузурги башарӣ буда, дар рушду истеҳкоми робитаҳои иҷтимоӣ ва инкишофи фардии ҳар як узви ҷамъият аз мақом ва эътибори боло бархӯрдор аст. Истеҳком ва мавҷудияти назму низом дар оила заминаро барои саломати ахлоқӣ ва саодати умумии сокинони як ҷомеа фароҳам меоварад.
Ба ибораи дигар оила ниҳоди асосии интиқолдиҳандаи расму оин, урфу одат, суннату анъанаҳои милливу динӣ ва арзишҳои ахлоқӣ аз як насл ба насли дигар аст. Зиндагии хонаводагӣ падидаи ҷаҳонӣ буда, муҳимтарин ва қадимтарин инчунин давомдортарин ниҳоди инсонӣ мебошад.
Саломати ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва дар айни замон равонии оила маҳаки саломати ҷомеаҳои бузург мебошад. Ин аст, ки борҳо шунидаем ва низ гуфтаем, ки “Оилаи солим – ҷомеаи солим”, аммо бештари мардум зери ин ибора солимии ҷисмонӣ ё худ физикии одамонро мефаҳманд. Агар ибораи мазкур амиқтар тааммул шавад, маълум мегардад, ки саломати оила на танҳо ба саломати ҷисмонӣ, балки ба саломати ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва махсусан равонӣ вобастагии амиқ дорад. Аксаран вақте дар мавриди пош хурдани оилаҳо сухан меравад дар қатори иллатҳои пошхурии оилаҳо масоиле ҳамчун: якдигарнофаҳмӣ, ҷой доштани хушунат дар оила, тағйир дар сабки зиндагӣ, буҳрони иқтисодӣ, муҳоҷирати мардон ва бетаваҷуҳи ба оила, вуҷуд надоштани эҳтироми мутақобил ва чанде дигарро зикр менамоянд, аммо кам андар кам ҳолатҳое ҳастанд, ки сабаби аз ҳам ҷудо шудани завҷайнро дар номувофиқӣ ва ихтилофоти мизоҷӣ ё худ равонӣ донанд. Ин дар ҳолест, ки яке аз сабабҳои асосии пош хурдани оилаҳо маҳз номувофиқии мизоҷи зану шавҳар мебошад, ки ин масъала мутаассифона аз ҷониби мардум дасти кам гирифта мешавад.
Тавре, ки зикр гардид мутаассифона ҳангоми издивоҷ масоили равонӣ ва ҳамгунии мизоҷи нафароне, ки қасди бунёди оиларо доранд, хеле кам ба эътибор гирифта мешавад дар ҳоле, ки сарчашмаи асосии ихтилофоти заношӯӣ дар мутафовит будани мизоҷи онҳост. Баррасиҳо ва таҳқиқоти равоншиносӣ нишон медиҳанд, ки 80% мушкилот ва набуди тафоҳуми завҷайн дар дигаргунии мизоҷ аст. Тасаввур кунед, ки мард дорои мизоҷи навъи чорум ва зан дорои мизоҷи навъи якум бошад, оё дар миёни ду нафаре, ки мизоҷи мутафовит, ахлоқ, одоб, рафтору гуфтор ва дар умум фикру ақидаи тамоман ҷудогона ҳастанд, ҳамфикриву ҳамоӣ сари масъалае душвор нест? Дар ҳоле, ки масъаларо мард аз нигоҳи тамоман дигар ва зан аз зовияи куллан фарқкунанда менигаранд. Дар ҳамин ҷост, ки ихтилофоти назарӣ боиси пайдо шудани дигар мушкилот мешаванд ва оҳиста-оҳиста ба пош хурдани оила оварда мерасонад. Дар аксари чунин маворид мард кӯшиш мекунад, ки занро ба андешаву афкор ва ақоиди худ тобеъ намояд, ки сабаби ихтилол дар андеша ва ҳолати равонии зан мегардад ва ин ҳолат паёмади нохубро ҳамроҳ дорад. Ихтилофоти фикрӣ боиси нобаробарии иҷтимоӣ мегардад ва ин ҳолат сабабгори қонеъ нагардидани талаботи зану шавҳар аз нигоҳи ҷинсӣ, иҷтимоӣ ва равонӣ мешавад.
Фаразан масоили равонӣ ё худ мизоҷӣ ҳангоми издивоҷ ба эътибор гирифта нашавад ва як зани гарммизоҷ бо марди сардмизоҷ издивоҷ кунад. Нафароне, ки дорои мизоҷи гарм ҳастанд одатан пурҷунбуҷӯш ва серҳаракат буда, бештар ҳарф мезананд ва дар миёни ҷамъият буданро дӯст доранд, аммо нафарони сардмизоҷ камҳаракат, ором, камҳарф ва инзиводӯст ҳастанд. Пас дар ин ҳолат яқинан дучори мушкили адами дарки якдигар гардида, сабаби ба вуҷуд омадани ихтилофоти зиёд мегарданд.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки маҳз тафовути мизоҷӣ сабабгори ихтилофоти назарии зану мард мешавад ва ин ҳолат ба сар задани дигар мушкилот оварда мерасонад. Пас яке аз сабабҳои асосии вайронии хонаводаҳо ин ҷост ва бояд ҳангоми издивоҷ ин масъала ба инобат гирифта шавад. Агарчанде равоншиносон мегӯянд дар ин ҳолат наздик кардани мизоҷи завҷайн аз муҳиммоти масъала аст, аммо ин корест мушкил, лекин талош дар ин самт аз баҳра холӣ нест.
Бо баёни андешаҳои фавқ метавон гуфт, ки яке аз масоили меҳварии издивоҷ ва асоси хушбахтии оилаву пойдевори устувори хонавода ба эътибор гирифтани мизоҷ аст. Зеро номувофиқии мизоҷи зану шавҳар сабабгори набуди хушбахтӣ дар оила ва умри кутоҳи хонавода мебошад.
Мавриди зикр аст, ки ҳангоми издивоҷ нафароне, ки қасди бунёди оиларо доранд, аз ташхиси тиббӣ мегузаранд, пас чӣ хуб ва зарур аст, ки онҳо ба равоншинос низ муроҷиат кунанд то аз нигоҳи равонӣ низ дар саломати хонаводаи худ саҳим бошанд.
ҲАДИЯТУЛЛОҲИ Амриддин
Сардори шуъбаи котибот .