Нигоҳе аз Самарқанд ба Китобхонаи миллӣ
Давоми ин ҳафта меҳмонони зиёде ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварданд, ки миёни онҳо Шоҳин Садриддинзода аз шаҳри Самарқанд буд. Ў соҳибкор буда, бори сеюм аст, ки ба Тоҷикистон омадааст, аммо бори аввал аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуд. Ў зимни суҳбаташ ба сомонаи Китобхонаи миллӣ гуфт:
–Толорҳои тиб ва табиатшиносӣ, фалсафа ва ҳуқуқ, толорҳои хониш ва хониши электронӣ, адабиёти хоирҷиро дидам, ки пур аз хонанда буданд ва аксари онҳо ҷавонон буданд. Хеле шод шудам, чун вақте насли ҷавон рӯ ба мутолеа овард, оянда нек аст.
Толоре ҳам бо номи «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» дидам, ки барои озмуне бо ин ном таъсис ёфта будааст. Ман намедонистам, ки чунин озмун дар кишвари дўсту ҳамсояи мо роҳандозӣ мешавад. Барои ҷавонон ин қадар ғамхориву шароит муҳайё кардан аз рушди фарҳангу маърифат дар кишвари Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад.
Аз назари ӯ асари Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзаалӣ Шарифӣ барояш бисёр ҷолиб будаст.
– Инро метавон як шаҳкори таърихӣ номид. Ман намедонам рассом ин асарро дар чӣ муддате ба анҷом расондааст, вале мебинам, ки заҳмати як солу ду сол нест.
Бахусус китобҳои наве, ки аз шаҳри Самарқанд ба шӯъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллии Тоҷикистон тӯҳфа шудаанд, боиси хушҳолии Шоҳин гаштанд. Вай гуфт, ки вуҷуди гӯшаҳои фарҳангии кишварҳо дар Китобхонаи миллӣ як бурди дигари ин кохи бузурги безавол аст.
Меҳмон зимни суҳбат аз алоқамандии худ бо китобу илму адаб сухан ронд ва иброз дошт, ки барои рушди маънавии хеш пайваста китоб мехонад ва ба фарзандонаш низ инро талқин мекунад. Ва боз гуфт, ки ӯ як соҳибкор аст, вале алоқамандиву муҳаббаташ ба китоб буд, ки имрӯз хост аз Китобхонаи миллӣ дидан кунад.
Ба гуфтаи мусоҳибам ин гуна шароит, ки ў дар Китобхонаи миллӣ дидааст, дар ҳама ҷо пайдо нест, аз ин рў ҷавонон бояд ғайрат кунанду хонанд ва мутахассиси хуб шуда кишварашонро обод намоянд.
Раҳима Аъзам, шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.