Истилоҳ ва истилоҳшиносӣ
Боздиди таърихи инкишофи илм ва техника собит мекунад, ки фаъолияти илмӣ ва эҷодии одамон аз қадимулайём асосан дар ду самт густариш ёфтааст:
1) дар кашфи қонуну қонуният ва ҳодисаву рӯйдодҳои табиат (қонуни Архимед, қазияи Пифагор, пайдоиши тирукамон, таъвизи шабу рӯз, …)
2) дар сохтани мошину механизмҳо (фашанг, аҳрум, ҷарри сақил, муҳаррик ва ғайра).
Дар самти якум илм инкишоф ёфтаву дар самти дуввум – техника. Чизи дигари ҷолиби таваҷҷӯҳ он аст, ки минбаъд ҳар кашф аз дунболи худ зарурати ба воситаи забон ифода кардани ин бозёфтаи илм ва техника, яъне забони илмро ба миён овард. Воқеан илмро аз истилоҳот ва истилоҳотро аз илм ҷудо кардан мумкин нест, зеро ҳар гуна илми табиӣ ҳатман аз:
а) як қатор нуқтаҳое, ки мазмуни онро ташкил медиҳанд;
б) тасаввуроте (назария ва фарзияҳо), ки дар ин замина ба вуҷуд меоянд;
в) истилоҳоте, ки ба воситаи онҳо маъниҳои матлуб баён мешавад, иборат аст. Пас равшан аст, ки маъниҳои илмӣ, пеш аз ҳама, ба воситаи истилоҳот баён мешаванд.
Фародиди адабиёти илмӣ ва соҳавии марбут ба масъалаҳои назарии истилоҳу истилоҳшиносӣ ошкор месозад, ки айни ҳол дар масъалаи иртиботи истилоҳот чун маҷмӯи кулли истилоҳҳои як соҳаи тахассуси инсон (илм, техника, ҳарб, тиҷорат ва ғайра) бо илмҳои ҳамҷавори истилоҳшиносӣ, мисли забоншиносӣ ва қисми таркиби он – луғатшиносӣ ва инчунин мантиқшиносӣ ва мафҳумшиносӣ фаҳмиши ягона ба вуҷуд наомадааст. Баъзе фикрҳои хурди пошонро ба инобат нагирифта, нуқтаи назари пажӯҳишгаронро дар бораи истилоҳот ва мавқеи он чунин гурӯҳбандӣ кардан мумкин аст:
- Истилоҳот як қисмати таркиби луғавии забони адабӣ мебошад: ин нуқтаи назар асосан дар байни забоншиносон, ки бештар ба омӯзиши вежагиҳои забони адабӣ машғуланд, вуҷуд дорад.
- Истилоҳот қисмати мухтори таркиби луғавии забони миллӣ буда, ба забони адабии он иртиботи кам дорад: ин ақидаро мутахассисони илмҳои бунёдӣ (фундаменталӣ) ва техникӣ, ки мехоҳанд вежагиҳои соҳаи дониши худро аниқ бисозанд, ҷонибдорӣ мекунанд (ба назари онҳо дар илми истилоҳсозӣ баъзе қонуниятҳое амал мекунанд, ки мутобиқи қонунҳои калимасозии забони адабӣ нестанд).
- Истилоҳот ба забоншиносӣ умуман иртиботе надошта, балки маҷмӯъи аломатҳои сунъисохт аст: ин нуқтаи назар дар байни мантиқшиносон, ки ба омӯзиши мафҳумҳо ва вежагиҳои онҳо сарукор доранд, ба вуҷуд омадааст.
Албатта , дар заминаи ҳар яке аз ин нуқтаҳои назар метавон назарияи махсуси истилоҳу истилоҳшиносӣ ба вуҷуд овард, зеро ин ақидаҳо дар шароити муайян ва дар байни пажӯҳишгарони муайян пайдо шуда, ҳуқуқи комили мавҷудият доранд. Вале агар имрӯз ба пажӯҳиши илмии истилоҳу истилоҳшиносӣ дар забони тоҷикӣ машғул бояд шуд, наметавон якбора ҳама ин нуқтаҳои назарро мабноъи кор қарор дод. Бояд нуқтаи назареро пайравӣ кард ва инкишоф дод, ки асоси воқеӣ дошта, дархӯри мақсаду вазифаҳои пажӯҳиш бошад. Пайдост, ки ҳар як соҳаи тахассусӣ пеш аз ҳама соҳаи мафҳумист, яъне аз маҷмӯъи мафҳумҳои вежае таркиб ёфтааст, ки ба якдигар то дараҷае таносуби маъноӣ доранд. Вале ин мафҳумҳоро бе номгузорӣ таҳлил кардан душвор аст. Гузашта аз ин, номи мафҳумҳо (яъне истилоҳҳо) бо калимаҳо ифода мешаванд. Қоидаву қонуниятҳои калимасозӣ бошад, мавзӯъи илми забоншиносист. Аз ин ҷо нуқтаи назари сеюм, ки тибқи он истилоҳот ба забон умуман иртиботе надорад, қобили қабул намебошад.
Тавре ки аз таҳлили сохторӣ ва қиёсии истилоҳоти илмҳои дақиқ ва бунёдӣ (физика, математика, астрономия) дар забонҳои имрӯзаи муқтадири илмӣ (англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ ва русӣ) ва ҳамчунин аз таҷрибаи сохтани истилоҳоти тоҷикии илми физика равшан мегардад, гоҳи сохтани истилоҳоти илмӣ дар забони тоҷикӣ аз қоидаҳое истифода кардан мебояд, ки (хусусан дар сохтани калимаистилоҳот ва ибораистилоҳот) мутобиқ ба қоидаҳои калимасозии забони адабии тоҷикӣ нестанд. Чунончи дар забони адабӣ қоидаи аз исми мушаххас ё исми маънӣ сохтани илми амал (исми феълӣ) роиҷ нест, дар ҳоле, ки дар забонҳои муқтадири илм ин қоида маълум аст. Чанд мисол: ionization (ионизация) – аз қисми мушаххаси “ion” бо истифода аз пасванди “ization” “polarization” (поляризация) – аз исми маънии “polar” бо истифода аз пасванди “ization”; crystallization, magnetization ва монанди инҳо. Агар дар забони тоҷикӣ сохтани муодили тоҷикии ин қабил истилоҳҳо зарурат дошта бошад, пас ин дар асоси қоидаҳои калимасозии забони тоҷикӣ ин гуна истилоҳҳои тоҷикӣ сохтан мебояд: иониш (исми мушаххаси ион +пасванди исми амалсози – иш), қутбиш, магнетониш ва ғайра (дар ин маврид шарти зарурӣ ин аст, ки аввал шакли масдарии ин қабил калимаҳо дар забони тоҷикӣ сохта шавад – ионидан, қутбидан, магнитонидан ва монанди инҳо). Гузашта аз ин дар забони адабии тоҷикӣ сохтани истилоҳоти мураккаби таркибӣ, ибораистилоҳҳои се ва бештаркиба, ҳарфиистилоҳҳо (аббревиатураҳо), ишораистилоҳҳо ва рамзиистилоҳҳо низ маъмул нест.
Хуллас ақидаи олимону мутахассисони соҳаи илмию техникӣ ин аст, ки истилоҳоти илмӣ воҳидҳои муҳими захираи луғавии забони миллии илм буда, баъзе қолабҳои махсуси воҳидсозиро соҳиб аст, ки онҳо аз қоидаҳои калимасозии забони адабии миллӣ фарқ карда метавонанд. Истилоҳсозӣ ва истилоҳшиносӣ як воситаи муҳимеанд, ки илми забоншиносиро бо илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва техникӣ алоқаманд мегардонанд. Истилоҳсозӣ, хусусан сохтани истилоҳоти илмии техникӣ, ҳамчунин яке аз манбаҳои ғанӣ гардонидани захираи луғавии забони миллӣ ва рушди минбаъдаи он мебошад.
Ба таъбири дигар, азбаски истилоҳсозӣ фаъолияти эҷодӣ мебошад, мумкин аст дар раванди истилоҳсозӣ дар забони илмии миллӣ қолабҳои нави калимасозиву иборабандие ба вуҷуд оварда шаванд, ки дар забони адабии миллӣ дида намешаванд.
Истиҳшиносӣ (ба маънии илми истилоҳ, яъне терминология) таълимотест, ки пайдоиш, инкишоф ва таркиби истилоҳоти як соҳаи тахассусӣ ё ҳама соҳаҳои онро меомӯзад.
Бунёди истилоҳшиносиро ҷузъиёти илмҳои забоншиносӣ, мантиқ ва донишҳои тахассусӣ (илм, фан, ҳунар, тиб, ҳарб, истеҳсолот, тиҷорат ва ғайра) ташкил мекунанд. Назарияи истилоҳшиносӣ то дараҷае ба назарияи забоншиносӣ монанд аст, вале аз ҷиҳати робитаи воҳидҳои луғавӣ бо донишҳои тахассусӣ тафовуте аз он низ дорад, дар забоншиносӣ ҳама ҳодисоти мансуб ба забони инсон омӯхта мешавад. Истилоҳшиносӣ танҳо ба доираи хурди масъалаҳое сару кор дорад, ки мансуб ба як қисми забон мебошад. Ба ибораи дигар, дар забоншиносӣ воҳидҳои луғавии забони муоширати байни одамон омӯхта мешаваду дар истилоҳшиносӣ – воҳидҳои луғавии мансуб ба забону баёни донишҳои инсон.
Ҳамин тавр, истилоҳшиносӣ ба луғатшиносӣ (лексикология) робитаи қавӣ дорад. Яке аз масъалаҳои муҳими луғатшиносӣ дар баробари таҳқиқи таркиби луғавии забон ҳамчунин номгузориии калимаҳо ва таҳқиқи маънии онҳо мебошад. Дар бахши истилоҳшиносӣ танҳо номгузории мафҳумҳо мавриди баррасӣ қарор мегирад. Бадеҳист, ки мафҳумҳо тавассути калимаҳо номгузорӣ мешаванд. Пас, дар истилоҳшиносӣ умуман на худи калима, балки ифодаи аниқи мафҳум аҳамият дорад. Қисмате аз истилоҳшиносӣ, ки мафҳумҳо ва робитаи мутақобили байни онҳоро аз назар мегузаронад, мафҳумшиносӣ (консептология) ном гирифтааст.
Истилоҳшинос дар байни луғатшинос ва мафҳумшинос мавқеъ дорад. Ӯ истилоҳро чун калимае меомӯзад ва дар айни ҳол мафҳумро аз мадди назар дур намекунад. Аммо луғатшинос истилоҳро чун калима омӯхта, робитаи калимаро бо мафҳум ба инобат намегирад. Барои луғатшинос маънои луғавӣ ва маънои услубии калима муҳим он аст. Барои истилоҳшинос на танҳо сохти калима, балки мутобиқати истилоҳ бо мафҳум, яъне ифодаи мафҳум низ муҳим аст.
Дар бунёди назарияи истилоҳшиносӣ мантиқшиносӣ ва равишҳои он мавқеи хоса дорад. Мантиқшиносӣ дар танзим ва гурӯҳбандии мафҳумҳо кӯмак мекунад. Гузашта аз ин, бе донистани илми мантиқ эҷод кардан ва мураттаб сохтани системаи истилоҳоти ин ё он соҳаи дониш имкон надорад. Дуруст аст, ки забоншинос ғояҳои илмӣ, чизу ҳодисаҳои ошкорсохтаи мутахассисони соҳавиро метавонад ба шакли забонӣ ифода кунад, вале барои ба таври саҳеҳ сохтани истилоҳ, яъне аз ҷиҳати илмӣ ба забонӣ дуруст будани истилоҳ, мутахассиси ин ё он соҳаи тахассусӣ нақши асосӣ мебозад.
Ҳамин тавр, истилоҳоти илмӣ қисми муҳими таркиби забони илмӣ буда, бо ёрии он мафҳумҳои илмӣ ифода мешавад ва шарҳу баён меёбад. Вазифаи дигари истилоҳот захира кардани ахбори илмӣ мебошад.
***** ***** *****
Аз китоби Пирмаҳмад Нуров “Забони илмии тоҷикӣ” (таърихи ташаккул, хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ, морфологӣ ва истилоҳотӣ). Душанбе, соли 2022.
Дар ин китоб бори нахуст дар забоншиносии тоҷик таърихи ташаккул, хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони илмии тоҷикӣ дар мисоли забони баёни асарҳои мутафаккирони гузаштаи тоҷик, ҳамчунин забони баёни асарҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ, дастуруламал ва воситаҳои таълимиву методии муосир доир ба асосҳои илмҳои дақиқ ва техникӣ, мисли физика, математика, химия, геометрия, астрономия ва ғайра, ки бо забони тоҷикӣ нашр гардидаанд, мавриди баррасӣ, омӯзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.
Китобро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолеа намоед.
Таҳияи М.Нарӯзова