СУҲБАТЕ, КИ ЧОП НАШУД…  

Ин суҳбат дар остонаи 25-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон тибқи як лоиҳаи Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Тоҷикистон омода шуда буд. Мебоист ҳамроҳ бо чандин суҳбату очерку мақолаҳои таҳлилиии дигар чоп мешуд. Вале ба сабабҳои бароям номаълум чоп нашуд. Ва ман ҳам напурсида будам, сабаб чӣ буд. Имрӯз устод Меҳмон Бахтӣ олами моро тарк кард ва аз ин мусоҳиба ёдам омад. Худованд манзили охирати устодро нуронӣ гардонад!

 

Устод Меҳмон бахтиро дӯст дорам. Хеле инсони заминӣ, хоксору фурғӯтананд. Замоне, ки дар Тоҷикистон ҷанг буд, ҳар боре дучор меомадем, мегуфтанд: китобатро омода чоп кун. Чаро наменависӣ?

Таъкидашон дар ҷойи худ буд. Вале ман меандешидам, ки чиро бояд омодаи чоп кунам, ки навиштаҳоям арзиши китоб надоранд. Аммо агар соле баъд ҳам  медидам, боз ҳамин гуна хитоб мекарданд. Ҳисс мекардам, ки чун як эҷодкор пайваста дар фикри дигарон низ ҳастанд.

Ва борҳо тарҳи як суҳбатро мекашидам, вале муваффақ намешудам. Дар миён мушкиле садди роҳи ин суҳбатҳо мешуд.

Дар остонаи баргузории охирин Анҷмани Иттифоқи нависандагон ин гуна фурсат даст дод ва мо суҳбат кардем. Вале он суҳбат мавсимӣ буд, суолот вобаста ба кори анҷуману дурнамои иттифоқи нависандагон буд.

Ва дар остонаи ҷашни 25-солагии Итиқлолияти давлатӣ бори дигар ҳамсуҳбат шудем. Чизе, ки дар зер меояд, ҳамин суҳбат аст ва дар зимн аз суҳбатҳои қаблӣ ҳам ёд кардам ва баъзе суолотро такрор овардам, чун зарур донистам баъзе ҳарфҳо такрор шаванд.

 

Ҷангро чун ҳосили фоҷеаҳо танқид мекунам, сулҳро ситоиш

– Устоди арҷманд, суҳбати мову шумо баъди таҷлили 19-солагии Ваҳдати миллӣ ва остонаи 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ сурат мегирад. То ҷойе хабар дорам, Шумо ба тозагӣ аз Бадахшон баргаштед ва дар тадорукоти Ваҳдат дар ин минтақа ширкат доштед. Ва Шумо худ яке аз саҳмгузорон дар барқарории сулҳу субот дар кишваред. Чун дар чанд даври гуфтушунид узви ҳайати музокарот ҳам будед. Мехостам ба таври мухтасар ҳам бошад, аз он рӯзҳо ёд мекардед?

– Агар дар бораи сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ сухан мерафта бошад, ҳамон лаҳза чеҳраи ба меҳру шафқат моили Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назарам меояд. Аз он хотир, ки он моҳу солу рӯзҳои фоҷиабору даҳшатовар, агар хираду меҳру ватандорӣ, ҷасорат ва сиёсати  дурнамои ӯ раҳнамоӣ намекард, дар гумона то имрӯз дар баъзе минтақаҳои дохили кишвар нооромӣ ва кашмакаш идома меёфт. Шумо, ки маро дар ин ҳаракат яке аз саҳмгузорон ном бурдед, доир ба ин ишора чӣ мегуфтам. Саҳми ман зарраест дар муқоиса бо нафароне, ки моро дар ин музокироти таърихии тоҷикон ҳамчун роҳбарони ҳайати ҳукуматӣ сарварӣ доштанд. То музокарот ду дафъа, бо намояндагони масъули ҳукумат, дар рӯзҳои вазнини ҷанг банда ба водии Раштон ва шаҳраки Ғарм, минтақаи вазнине, ки дар ҳолеи ҷанг қарор дошт, сафар доштам.

Ёд дорам, бори аввал як ҳафта ва бори дуввум қариб даҳ рӯз дар шаҳраки Ғарм бе рӯшноии барқ шабҳоро рӯз карда, бо мардум вохӯрӣ ва суҳбатҳои судманд меоростем. Баъзе шахсон ва тамошобинони телевизион, ки лаҳзаи ба замин нишастани чархболи ҳарбӣ ва аз баландии зиёда аз як метри дохили чархбол ҷаҳидану ба ҷониби хонаи паноҳҷойи назди  роҳ давидани маро дида бошанд, он шабу рӯз аз бозгаштани мо  ба шаҳри Душанбе умедашонро канда буданд.  Чаро ки аз доманаи куҳи пешорӯ ба сӯямон тирпарронӣ оғоз гардида буд…Ман то имрӯз он лаҳзаи даҳшатро наметавонам фаромӯш кунам.

Чӣ гӯям? Буданд рӯзҳои сахт, мудҳиш, ки ҳаёти инсон сари як тори мӯй қарор дошт. Вале он ҳама ҳоло пушти сар шуданд, сулҳ омад, субот омад, шодӣ омад. Бояд, ки аз таҳти дил шукргузори оромию осудагӣ ва ободгариҳои пайвастаи кишвар бошем.

Чун дигар зиёиёни кишвар замони мушкилро Шумо ҳам пушти сар гузоштед. Ва чун мавзуъи суҳбати мо ҳар иртибот ба вазъи фарҳангӣ дар кишвар дар даврони Истиқлолият ихтисос дорад, мехостам суол кунам, ки ҷанг ва сулҳ дар эҷодиёти Шумо чӣ мавқеъ доштааст? Дар солҳои ҷанг, илова ба вазоифи давлатӣ чӣ эҷод кардед?

 –  Содатар агар бигӯям, ҷангро чун ҳосили фоҷеаҳо танқид мекунам, сулҳро чун манбаъи осоиштагӣ ва созандагиҳо тараннум! Дар он солҳои фоҷеабор асари калонҳаҷме нанавиштам. Аммо намунае чанд шеъру ғазалҳои сурудбоб навиштаам. Шояд суруди

“Дар марги ҷавонмардон ман гиря кунам, эй дӯст,

Дар ҳалқаи ҳамдардон ман гиря кунам, эй дӯст.

Дунёи парешон бин, беқадрии инсон бин,

Бар фоҷеаи инсон ман гиря кунам,эй дӯст…”-ро дар иҷрои сарояндаи номвар Афзалшоҳи Шодӣ шунида бошед. Пайваста бо ин дар мавзуъи ҷанги бемаънии ҳамватанӣ ва сулҳу Ваҳдати пойдор шеъру ғазалҳо низ навиштаам, ки чанде аз ҳофизони машҳури минтақаҳои гуногун то имрӯз месароянд.

Шумо як силсила асарҳои дарамавие доред, ки мавзуъашон таърихист, аз ҷумла “Шоҳ Исмоили Сомонӣ”, ки ба ҷашнвораи солгарди Исмоили Сомонӣ бахшида шуд ва аз зумраи асарҳои ҷашнӣ ҳам буд. Ва боз пйесаҳои дигар. 

–  Бале драмаи “Шоҳ Исмоили Сомонӣ” ба муносибати ҷашнвораи Исмоили Сомонӣ эҷод шуда буд. Дар озмуни драмнависони ҷумҳурӣ сазовори ҷойи аввал-Гран При гардид. Аз ин рӯ, бо ҳидояти Вазорати фарҳанг дар театри академӣ-драмавии ба номи устод Лоҳутӣ, ба ифтихори ҷашнвора, ба саҳна гузошта шуд.

Аз асарҳои таърихии дигари банда, аз қабили “Фирдавсӣ” агар ёдовар шавем, ин драма низ дар озмуни  ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи аввал гардида буд, ҳамчунин дар театри шаҳри Кобули Афғонистон ва ҳам дар театри ба номи Сайидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб ба саҳна гузошта шудааст. Дар ҳарду шаҳри номбурдашуда драмаи “Фирдавсӣ”-ро коргардони машҳури мо, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Мирзоватан Миров ба саҳна гузоштааст.

Аз зумраи асарҳои дигари таърихие, ки ба ифтихори ҷашни Истиқлол эҷод карда будам, “Нангбардорони Хуҷанд” ном дорад, ки он аз рӯзгори ноорому талхи ҳокими Хӯҷанди бостонӣ, қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик нақл мекунад. Ин асарро низ театри номдори ба номи устод Лоҳутӣ ва баъдан чанде театрҳои халқии вилоятҳо ба саҳна гузоштанд.

“Нангбардорони Хуҷанд”-ро коргардони боистеъдод, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Баҳодур Миралибеков ба саҳна гузошта буд.

Навиштани ин драмаи таърихиро, манзур “Шоҳ Исмоили Сомонӣ”-ро кӣ бар дӯши шумо гузошта буд, ё онро пештар сар карда будед?

–  Ба мавзуъи Исмоили Сомонӣ, ё худ даврони Сомониён рӯ овардан ҳанӯз солҳои дар Донишгоҳи олии адабии ба номи Максим Горкии Маскав таҳсил карданам буд. Дар бораи амалӣ шудани ин орзу муфассал дар дафтарҳои хотиротам ёдрас шудаам.

– Табиист, ки ин драма ҳамин хел осон рӯи кор наёмад. Дар офариниши он чиҳоро мутолиа кардед? Аз муаррихони қадимӣ ва имрӯзиён. Оё романи “Девори Бухоро”-и Муҳаммадзамони Солеҳро ҳам хонда будед ва истифода кардаед?

 

–  Пеш аз он ки ба чунин як мавзуъи муҳим  рӯй меоваред, омодагӣ ва огоҳӣ доштан низ шарт ва зарур аст. Ман ба ғайр аз мақолаҳои хурду бузург ва асари “Тоҷикон”-и устод Бобоҷон Ғафуровро мутолиа намудан, росташро гӯям, аз асарҳои шодравон, донишманди соҳибистеъдод Сайдулло Абдуллоеви Хуҷандӣ “Исмоили Сомонӣ” ва “Амирони Сомонӣ” баҳра бардоштам. Ба ҳамагон бояд маълум бошад, ки дар мавзуъи таърихӣ асари бадеӣ навиштан ин тамоман кори дигар аст. Шумо давру замондорӣ ва баъзе ҳолатҳои зарурии таърихи давру фаъолияти қаҳрамонро бешубҳа омӯхта, таҳти назар мегиред, аммо аз роҳи бадеият ва таҳаввули эҷодӣ, қаҳрамонҳои навин ва бозёфтҳои мароқангези боварибахшандаро, ки ба руҳи он давру он замондорӣ мувофиқ бошад, месозед. Ин пеш аз ҳама ба ҳунар ва истеъдоди эҷодкор вобаста аст.

Барои офаридани “Шоҳ Исмоили Сомонӣ”, “Фирдавсӣ” ва “Нангбардорони Хуҷанд” ном асарҳои таърихӣ ин намуди эҷодро то ҳадди тавонистан ва истеъдоду ҳунарам истифода бурдаам.

Дар хусуси романи Муҳаммадзамони Солеҳ бошад, рости гап онро баъди навиштани асарам, агар хато нагӯям, ним сол баъди он хондаам. Бо Муҳаммадзамон солҳои пешин дар телевизион ҳамроҳ кор мекардем. Ман ӯро дар бахши  адабӣ ва драмавии телевизион ба кор гирифта будам. Ҷояш ҷаннат бошад!

–  Чуноне медонем коргардони “Шоҳ Исмоили Сомонӣ” Фаррух Қосим буд. Ва нақши асосиро Ҳошим Гадо ва Ибодулло Машраб бозида буданд. Ба андешаи шумо кадоме аз ин ду ҳунарманд дар офаридани симои Исмоили Сомонӣ муваффақтар буданд?

 –  Ҳошим Гадо ва Ибодулло Машраб ҳарду дар солҳои гуногун хатмкунандагони Донишгоҳи ҳунарии шаҳри Маскав ГИТИС мебошанд. Дар бахши нақшҳои хурду бузург офаридан ҳар яке ҳунар, таҷриба, истеъдод ва сабки андӯхтаю омӯхтаи хешро истифода мекунанд. Аз мушоҳидаи ман ҳарду ҳам нақши Исмоили Сомониро бо диди нав, бо сабку услуби солҳои сол дилбохтаю омӯхтаашон ва ҳам ҳунари дилошӯби худ ҷолиб ва боварибахш офаридаанд.

– Дар бораи коргардонии Фаррух Қосим чӣ метавонед бигӯед?

– Бо Фаррух Қосим солҳои сол дӯстӣ ва ҳамкорӣ доштам. Гоҳ-гоҳ ман ӯро ба телевизион низ даъват мекардам. Бахусус вақте ки ӯ нақши бисёр мураккаберо аз рӯйи асари ман “Захми забон” офарид, ман ва саркоргардони театр ва ҳам коргардони намоиши “Захми забон” марҳум Хушназар Майбалиев ҳамроҳ бо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ато Муҳаммадҷонов дар Амфитеатр нишаста, бозии ӯро таҳлил мекардем ва завқ мебурдем. Ба ҳунару истеъдоди худододи ӯ аҳсант мегуфтем.  Агар нек бияндешам мактаби коргардонӣ ва ҳунарии ӯ имрӯз на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки берун аз он низ ягона ва поянда аст. Ба андешаи мо решаи ин ҳунарнамоӣ аз роҳи самоъи Мавлоно Ҷалолуддин пайванд гирифтааст Шодравон бо драмнавис ва ҳунарпеша аз рӯйи истеъдод ҳамкорӣ мекард, на аз рӯйи маҳал ва ошнобозӣ.

– Умуман чун як драмнавис ба рушди асарҳои саҳнавии замони истиқлол чӣ баҳо медиҳед? То куҷо барои инъикоси рӯйдодҳои ахир ин асарҳо ва ин нависандагон, муваффақ будаанд?

–  Дар гумони ман ва ҳам мушоҳидаи ман дар замони Истиқлол драмнависоне ҳамчун шодрвавон Сафармуҳаммад Аюбӣ, Нур Табаров, Ато Ҳамдам, Ҷумъа Қуддус, аз доираи Хуҷанд бошад Муҳидддин Хоҷазод, Атохон Сайфуллоев, Озарахш асарҳои таърихӣ ва ҳам ба рӯйдодҳои замонавӣ мувофиқро офаридаанд. Яъне, ҳар яке мувофиқи завқу истеъдоди хеш дар и н ҷода хидмати пурарзиш карданд.

–   Ба драмаи имрӯзи тоҷик чӣ намерасад?

–  Интихоби мавзуъи замонавии ҷолиб. Яъне, мавзуъе, ки ба завқу талаботи тамошобини бофарҳангу донишманди имрӯз мувофиқ бошад. Вобаста ба ин драмнавис ва коргардон дониш, ҳунар ва истеъдод бояд дошт дошта бошанд. Ҳамчунин намоишнонавис ва коргардони хуб ниёзи театри имрӯз аст.

Ба назму насри замони Истиқлол метавон ифтихор кард

 

Устод, мехостам каме мавзуъи суҳбатро дигар кунам, бо иҷозати Шумо.

– Марҳамат.

– Шумо муддати 12 сол Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будед. 12 сол муддати каме нест. Агар ба пас нигаред чи бурду бохтҳое дошт? Дар ин ёздаҳ сол ба майдони адабиёт кӣ омад ва кӣ аз ин арса бирафт?

  –  Бале, дар ин муддат, ё худ як давраи томи фаъолияти босамари эҷодӣ, 5 солу 10 сол барои ин ё он адиб метавонад нақши дилхоҳе бозад. Дар ин мӯҳлат, бешубҳа чеҳраҳои тоза ба майдони адабиёт омаданд. Мо ин чеҳраҳои тозаро пеш аз ҳама тавассути машварати адибони ҷавон, ки дар ҳудуди вилоятҳо ва ҳам дар доираи ҳавзаҳои адабии умумиҷумҳуриявӣ баргузор шуда буд, пайдо намудем. Ғайр аз ин, дар оғози давраи кори Раёсат, мо барои ҳавасмандии ҷавонон ҷоизаи навтаъсиси “Падида”-ро асос гузоштем. Ин ҷоиза аз рӯзи таъсис ёфтан то ба имрӯз, 3 дафъа, дар ду сол як бор, ба ҷавонони соҳибистеъдод  супорида шуд.

Ғайр аз ин дар ин давраи фаъолият мо ба ивази ифтихорнома шаҳодатнома ва медали “Нишони сухан”-ро таъсис додем. Ногуфта намонад, адабиёти муосири тоҷик бо адибони варзидаю шинохтаи хеш ҳамеша ифтихор дорад ва агар беғаразона ва некхоҳона ба осори ин адибон назар бинмоем, ҳар яке аз роҳи ҳунар ва ҷаҳонбинӣ ва истеъдоди хеш барои пешбурди адабиёт хидмати босазо намудаанд, ки дар Анҷумани охирин ин номҳо дар маърӯзаи банда ва гузоришҳои рафиқон муаррифӣ шуданд.

 –  Шумо аз зумраи маъдуд адибоне ҳастед, ки дар муҳимтарин жанрҳои адабӣ асар офаридаед, шоир, нависанда ва драматург ҳастед. Ва густохӣ намебуд агар ман аз Шумо суол кунам, ки назми мо дар ин даҳ соли охир пеш рафт, ё наср? Зимнан очерку публистистика дар чӣ ҳол аст?

 

  –  Аз роҳи низоми нақшаи солонаи кори Раёсати Иттифоқи нависандагон дар толорҳои хурду бузурги ИН таҳти унвони “Тадбирҳои умда” маҳфилҳо доир ба осорҳои нави шоир ва нависандагони мо пайваста баргузор мегардид. Ин маҳфилҳо аз рӯи нақша ва гоҳо берун аз нақшаи кории бахшҳои назму наср, драмнависон, адабиёти кӯдак ва наврасон барпо мешуд. Дар ин маҳфилҳо осори шоирону нависандагон аз ҷониби нақди адабӣ ва ҳам ихлосмандони адабиёт таҳлил ва арзёбӣ мегардид ваимрӯз ҳам ин анъанаи пешин идома дорад..

Ба маврид медонам ишора кунам, ки сад афсӯс китобҳо имрӯз на танҳо дар Тоҷикистони мо, балки дар тамоми кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бо теъдоди 300 то 1000 нусха чоп мешаванду бас. Дар замони Шӯравӣ дар Тоҷикистон теъдоди чопи китоб аз 5 ҳазор то 20-25 ҳазор нусха иборат буд ва китоби адиб ҳам ба дасти хонанда ва ҳам ба китобхонаҳои хурду бузург рафта мерасид. Эҳтимол то ҷое дуруст баҳо надодани хонанда ба эҷодиёти адибон ҳамин ишораи мо ҳам бошад.

Агар аз рӯи ҳақиқати ҳол гӯем, имрӯз ба назму насри дар замони истиқлол офаридаи адибони мо метавон ифтихор кард. Адибоне, ки ба навиштани публистистика бештар шуғл доранд, дар даврони истиқлол фаъолияти назаррасе доштанд.

Доир ба сохтмонҳои хурду бузурги нерӯгоҳҳои барқӣ амсоли Роғун, Сангтӯдаи 1 ва 2, тунелҳо, азнавсозии роҳҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ғайраҳо дигар адибон дар мисоли Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод, Бахтиёр Муртазоев, Шералӣ Мӯсо, Раҷабалӣ Аҳмадов,  Ҳанифаи Муҳаммадохир, Мираҳмади Амиршо ва дигарон бо роману қиссаҳои тоза ва мақолаҳои пурарзиши худ хидмату заҳмати сангини бунёдкоронро огоҳона ба қалам додаанд.

Дар ин миён маҷаллаи адабии “Садои Шарқ” ва ҳафтавори “Адабиёт ва санъат” низ корномаи бунёдкорони замони истиқлолро пайваста ба табъ мерасонанд.

 

Истиқлолият ба нависанда ҳам мустақилият овард ва ҳам озодии андеша

  Дар даврони Шӯравӣ низ Шумо дар ниҳодҳои эҷодӣ кор мекардед ва ҳамзамон иртиботҳои наздик бо ИН доштед. Мегӯянд, дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ Иттифоқи нависандагон мафкурабардори идеологияи коммунистӣ ва давлати Шӯроҳо буд ва ҳоло низ баъзеҳо ба ин назаранд, ки истиқлолият натавонист барои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мустақилият орад ва он дар доираи идеологияи низоми имрӯзаи давлатдорӣ мечархад. Иттифоқи нависандагон то куҷо дар тасмимгириҳои худ мустақил аст ва ниҳодҳои давлатӣ то куҷо ба фаъолияти он дахолат мекунанд?

 

  – Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки Иттиҳоди Шӯравӣ ҳама созмонҳои эҷодиро ба хотири мафкурабардории идеологияи коммунистӣ бунёд карда буд. Аммо шоиру нависандагоне ҳам буданд, ки то ҷое, берун аз ин ҳалқа осори гаронбаҳо ба олами адабиёти ҷаҳонӣ тақдим карданд, ки ин ҳамаро нодида гирифтан хуб нест.

Агар аз рӯи инсоф гӯем, истиқлоли Тоҷикистон барои мо болу пари парвоз бахшид. Вақте худи ман дар оғози истиқлол бунёд гузоштани муҷассамаи бузурги Исмоили Сомониро дар маркази Душанбе дидам, дилам шукуфт, ҳам ба Истиқлолият ва ҳам ба ҷуръати камназири Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аҳсант гуфтам. Ин мисолро барои он овардам, ки агар замони Шӯравӣ мебуд, ба ин шакли рамзӣ ин нишони ёдгории давлатдории тоҷиконро бо ин ҳаҷму шаҳомат роҳ намедоданд. Ё худ бунёди туннелҳо, роҳҳо, неругоҳҳои барқӣ ва бо диди замонавӣ азнавсозии пойтахти азизамон шаҳри Душанберо.

Ман бо дилпурии тамом ва ҳам огоҳона ба шумо мегӯям, ки Истиқлолият ба Иттифоқи нависандагон ҳам мустақилият дод ва ҳам озодии андеша. Ана ҳамин озодии андеша буд, ки ман асарҳои драмавии таърихиро ба номи “Шоҳ Исмоили Сомонӣ, “Фирдавсӣ, “Нангбардорони Хуҷанд” ба табъ расондам.  Бо ин ман гуфтаниям, ки агар ҳамин Истиқлолият ва озодии андеша намебуд, шояд ман ин асарҳои таърихиро ба ин шаклу ба ин оҳанги озодандешӣ наменавиштам.

Дар ин ду даврае, ки банда раиси Иттифоқи нависандагон будам, агар аз рӯи инсоф гӯям, фишор, таъзиқ, ба гуфти русӣ “дикта”-ро аз ҷониби Ҳукумат ва аз худи Ҷаноби Олӣ надидаам ва мушоҳида накардаям. Танҳо ба роҳи хуби корҳои эҷодӣ ҳидоят карданд, ки Иттифоқи нависандагон бо ҳам иттифоқ бошанд.

Боз ба маврид медонам арз кунам, ки ҳамин руҳи демократӣ доштани Ҳукумати Тоҷикистон аст, ки имрӯз рӯзномаҳои ғайридавлатӣ ҳуқуқи озодандешӣ доранд. Онҳо норасогӣ ва камбудиҳоро, ки  барои пешравии ҷомеа халал мерасонанд, ба хонандагонашон пайваста мерасонанд. Ба шарте ки он беғаразона бошад. Дар ҷумҳуриҳои ҳамсоя, рости гап, то ҷойе ин тарзи озодандешӣ вуҷуд надорад. Ман дар 3 кишвари ҳамсоя, ки аз роҳи сафари хидматӣ рафта будам, ин ҳолатро мушоҳида кардам.

  – Чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз буданд баҳсҳое, ки Иттифоқи нависандагонро як созмони кӯҳнашуда ва меросмонда аз низоме медонанд, ки ҳоло вуҷуд надорад. Ба ин андеша розиед? Метавонанд адибони тоҷик бе чунин созмон бошанд?

  –  Ин намуд баҳсҳо дар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, бахусус баъди пошхӯрии Иттиҳод хеле авҷ гирифта буданд. Онҳо дар чанде аз кишварҳое, ки унвони ИДМ-ро гирифта буданд, Иттифоқи нависандагонро ба ду Иттифоқи мустақил ва дар баъзе аз кишварҳо аз рӯи ғараз онро баста буданд. Аммо пас аз чанд муддате ин хатогиро эҳсос карда, Иттифоқи ягонаро аз нав барқарор карданд. Дар Тоҷикистон низ ба ин оҳанг аз ҷониби ду-се нафаре, ки дар озмунҳо мукофот нагирифта буданд, то имрӯз ба ин мазмун гоҳ-гоҳ садоҳо баланд мекунанд.

  – Адибон дар замони шӯравӣ хеле зиёд миёни мардум буданд. Имрӯз ҳам ҳастанд, вале ба назар камтар. Ё зиёданду таблиғ намешаванд ё ин ҷо шояд мушкили дигаре ҳаст?  

  –  Дар замони Шӯравӣ заводу фабрикаҳо, колхозу совхозҳо фонди махсус доир ба фарҳанг доштанд. Адибоне, ки аз роҳи Бюрои тарғиби адабиёт ба шаҳру ноҳияҳо мерафтанд, аз ҳисоби ҳамин фондҳо ҳаққи хидматашонро дар вохӯриҳо мегирифтанд. Бюро низ бо ин ташкилотҳо қарордод мебаст ва адибонро хавасманд мекард. Имрӯз ин намуд фондҳо вуҷуд надорад. Ба ин нигоҳ накарда, имрӯз ҳам адибони мо аз роҳи Бюрои тарғиб  тариқи радиою телевизион ва ҳам дар шаҳру ноҳияҳо пайваста вохӯриҳо мегузаронанд. Аммо аз тариқи телевизион ин намуд вохӯриҳое, ки дар шаҳру ноҳияҳо мегузаранд, кам тарғиб мешаванд.

  – Соли охире баҳсҳои тезутунд сари эътои ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ буданд. Аз ин чӣ бардошт метавон кард: ҳангомаҳое, ки афрод расонаӣ кардаанд, ё воқеан ҳам ин гуна мушкил дар интихоби асарҳои шоиста ҳаст?

 

  –  Ин суол бештар ба Кумитаи давлатии ҷоизаҳои ба номи Рӯдакӣ дахл дорад. Азбаски ман ҳам узви ҳамин Кумита ҳастам, метавонам бо ду ҳарф доир ба ин масъала изҳори ақида кунам: Асареро, ки нақди адабӣ ва ҳам хонандагони бофазлу дониш баҳои мусбат дода бошанд, муаллифи он аз ин даргоҳ ноумед нагаштааст.

  Қабул доред, ки пазириш ба сафи ИН дар қиёс ба солҳои Шӯравӣ хеле сода шудааст ва теъдоди касоне, ки узвияти ин иттиҳодро доранду маъруфияташон ба ин сатҳ нест, афзудааст?  

  –  Қабул ба узвият, воқеъан ҳам назар ба замони устод Турсунзода афзудааст. Ба он хотир, ки агар дар замони устод Турсунзода аҳолии Тоҷикистон 4 миллион бошад, имӯз қариб ба 9 миллион расидааст. Агар дар он замон 4 Донишгоҳи Олӣ бошад, имрӯз Тоҷикистон 38 Донишгоҳи олӣ ва Донишкада дорад. Ин ҳама донишгоҳҳо, бешубҳа дар қатори ихтисосҳояшон ҷавонони навқаламро  ҳам ба воя расонида, ҷониби Иттифоқи нависандагон ҳавола мекунанд. Акнун бубинед тафовути раҳ аз куҷост то ба куҷо.

 Вобаста ба қабул ба узвият ҳақиқати ҳол чунин аст: Ман ҳамчун Раиси Иттифоқи нависандагон, муовини аввал Абдулҳамид Самад, муовин Камол Насрулло ба шуъбаҳои дахлдор супориш намедодем, ин нафарро ба узвият қабул кунед ва каси дигарро не!

Аслан шуъбаҳои дахлдор ба комиссияи қабул пешниҳод мекунанд. Комиссияи қабул низ аз ҷониби ҳайати худ, ки аз шоиру нависандагони шинохта иборатанд, номзадҳои интихобкардаашонро баройи тасдиқи қонунӣ ба Раёсати Иттифоқи нависандагон пешниҳод мекунанд. Дар асоси Оинномаи Иттифоқи нависандагон Раёсат бо овоздиҳии пинҳонӣ номзадҳоро ба узвият қабул мекунад. Яъне, дар масъалаи ба узвият қабул намудан нақши ҳалкунандаро ҳукми Раёсат дорад.

 – Имрӯз дар нафақаед ва гумон намекунам истироҳат доред. Шояд болои кадом асаре кор мекунед ва агар махфӣ набошад бигӯед, ки чӣ асар аст?

– Ҳар рӯз худро тасаллӣ медиҳам, агар имрӯз нашуда бошад, ҳатман фардо ба навиштани асари дар хаёлу андешаам пӯхта расида, оғоз мебахшам. Чун фардо шавад боз инро ба рӯзи дигар мавқуф мегузорам. Хулоса, аз паси умед ба умед равонаам, ки ман рӯзе онро оғоз мекунам ва рӯзе ба анҷом мерасонам…

Суҳбати Б.Шафеъ.