Тақдими ҳудудан 500 китоб аз китобхонаи шахсии профессор Сангинов. Дар Китобхонаи миллӣ гӯшаи китобҳои олими маъруф ташкил шуд

Аҳли хонадони профессори марҳум Облоқул Сангинов ҳудудан 500 адад китоби китобхонаи шахсии ӯро ба Китобхонаи миллӣ тақдим карданд. Китобҳоро ҳамсари олими маъруф Раъно Шукурова ҳамроҳ бо фарзандонаш  Некрўз, Фирўз, Наврўз ва Ҷамилаву Хуршеда дар арафаи рўзи ёдбуди падари хонадон (24.05.2014)  ба Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» оварданд, то аз он дигарон ҳам баҳра бардоранд. Раъно Шукурова гуфт, инҳо ҳама китобҳои дӯстдошати шавҳари марҳумаш буд, ки харидаву хонда буд. Китобҳое, ки ӯро ба қуллаи мурод расонданд, соҳиби шуҳрат карданд. Ҳоло ӯ аз дори фано ба дори бақо шитофтааст ва мехоҳанд ин китобҳоро дигарон ҳам бихонанд.

Айни замон дар толори хониши академикон ва докторони илм гӯшаи доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Сангинов Облоқул Қамарович ташкил карда шуд. Ба он хотир, ки шогирдону пайравонаш аз онҳо истифода баранд. Дар миёни китобҳо асарҳои пажӯҳишии олими маъруф низ ҳастанд, ки арзиши илмии воло доранд.

САНГИНОВ ОБЛОҚУЛ ҚАМАРОВИЧ 13 – уми сентябри соли 1955 дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба дунё омадааст. Соли 1974 мактаби миёнаи №59-и шаҳри Душанберо хатм  карда, ҳамон сол ба факултети автомобилу роҳҳои Донишкадаи политех­никии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ) қабул шуда, соли 1979 онро ба итмом мерасонад ва дар ҳамин ҷо фаъолияташро чун ассистент оғоз бахшидааст.

Солҳои 1984-1987 аспиранти Институти автомобил ва роҳи шаҳри Маскав, 1988-1994 муаллими калон, дотсент ва мудири кафедраи иқтисоди ИПТ, 1994-2002 декани факулта оид ба хониши шартномавӣ, 2002-2008 профессори кафедра ва ноиби ректор дар умури иқтисодӣ ва иҷтимоии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ, 2008-2011 декани факултаи нақлиёт ва аз соли 2011 то охири умр дар вазифаи декани факултаи идора ва сохтмони нақлиёти ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ кору фаъолият кардааст.

            Соли 1987 дар мавзўи «Баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии нақлиётии аҳолии деҳот бо назардошти омилҳои минтақавии иҷтимоӣ-иқтисодӣ» дар шаҳри Москва рисолаи номзадӣ ва соли 2003 дар шаҳри Душанбе дар мавзўи «Ташаккулёбӣ ва рушди бозори хизматрасониҳои нақлиёти автомобилии мусофиркаши минтақаҳои кўҳӣ» таҳти роҳнамоии академики Академияи илмҳои Русия, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Улитский М.П. рисолаи докторӣ дифоъ намудааст.

Сангинов О.Қ. аз соли 2007 ба унвони профессорӣ соҳиб шудааст. Ў ҳамчунин соли 2004 бо нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Профессор Сангинов О.Қ. баҳри рушду равнақ ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси муҳандисӣ хизмати сазовор намуда, ҷиҳати таъмини як қатор дастовардҳои нави соҳавӣ саҳми арзандаи худро гузоштааст. Инчунин дар конфронсу симпозиумҳои илмию амалӣ фаъолона иштирок карда, ҳамеша дар роҳнамоиву коромўзии олимони ҷавонон ҳиссагузор будааст.

Бобати роҳҳои истифодаи самарабахши нақлиёти автомобилӣ дар шароити иқтисоди бозаргонӣ, ҳамчунин шароити манотиқи баландкўҳ, беҳбуди фаъолияти автомобилии мусофирбару боркаш ва ғайра беш аз ҳафтод таълифот ба табъ расондааст.

Осори ў «Проблемы повышения эффективности работы пассажирского транспорта» (Душанбе,1986), «Пассажирский автомобильный транспорт и социально-экономическое развитие горного региона» (Душанбе, 1999), «Проблемы формирования и развития рынка транспортных услуг горных регионов» (Д., 2002), «Эффективность транспортного обслуживания населения горного региона в условиях рыночной экономике» (Д., 2005), «Пассажирские автомобильные перевозки» (Д., 2006) ва ғайра мебошад.

Сангинов О.Қ. соли 1992 оиладор шуда, соҳиби 5 фарзанд: 3 писар ва 2 духтар гардидааст.

Профессор О.Сангинов ҳамагӣ 59 сол умр дид ва 8 сол аст, ки аз олам рафтааст. Вале мероси гаронбаҳои ӯ, асарҳои пажӯҳишиву таҳқиқоти арзандааш ӯро миёни шогирдон ва дӯстону пайвандонаш зинда медоранд.

Руҳашон шоду манзили охираташон обод бошад.

Ёди некашон гиромӣ ва дар дилу дидаи мардум боқист.

Бибираъно ҶӮРАЕВА, сардори шуъбаинигоҳдории рисолаҳои илмӣ.