Чанд сатри устод Гулрухсор дар муаррифии Гулбаҳор
Варақгардони рӯзномаву маҷаллаҳои солҳои пеш мисли варақгардони саҳифаҳои таърих аст. Гоҳо чашм ба матлаби ҷолибе вомехӯрад, ки кас мехоҳад онро дигарон ҳам бубинанд ва бихонанд. Мо дерест ин корро дар сомонаи Китобхонаи миллӣ анҷом медиҳем ва то кунун даҳҳо мақолаҳои ҷолибро аз маҷаллаҳои “Садои Шарқ”, “Занони Тоҷикистон” ва нашрияҳои дигар рӯнавис кардаву дар хидмати хондадагони худ қарор додаем.
Имрӯз сарсухани Шоири халқии Тоҷикистон устод Гулрухсорро ба чанд шеъри шоираи он замон ҷавон Гулбаҳор Мирзоева ин ҷо мекорем. Аммо аввал муаррифии хеле кутоҳи Гулбаҳор:
Гулбаҳор Мирзоева дар оилаи шоири мардумии тоҷик Ғаффор Мирзо ба дунё омадааст. Ӯ дар соли 1981 Институти ба номи Горкийи Маскавро хатм намуда, муддате дар маҷаллаи русзабони “Помир”, чопи Душанбе ба ҳайси мудири бахши адабиву бадеӣ ифои вазифа кардааст. Дар ҳамон солҳои 1980-ум аввалин мунтахаби ашъори Мирзоева ба забони русӣ ва чанд филми мустанади ӯ, ки дар студияи “Тоҷикфилм” ба навор гирифта шудаанд, нашр шуд.
Дар соли 1987 Мирзоева ба узвият дар Иттиҳодияи нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ қабул шуд. Бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ Мирзоева ибтидо ба Русия ва аз он ҷо дар соли 1992 ба Фаронса кӯч баст. Дар Фаронса Мирзоева донишгоҳи Сорбонро хатм намуда, муддате дар Донишгоҳи шаҳри Страсбург дарс дод ва ҳоло дубора ба филмбардорӣ баргаштааст.
Гулбаҳор Мирзоева соҳиби як духтар ва як писар аст, ки алҳор ҳарду соҳиби оилаҳои худанд.
ГУЛБАҲОР
Барои онҳое, ки шеъри Гулбаҳор Мирзоеваро бори нахуст ба забони модарии ӯ дар тарҷума мехонанд, андаке шарҳ лозим аст: Шоира мактаби русӣ, сипас Иститути адабиёти ба номи Горкийро дар Москва хатм карда, бо забони омӯхтааш, яъне русӣ шеър мегӯяд. Шоираи тоҷик ба забони андешаҳои худ асар эҷод мекунад, аммо диди шоиронааш заминаи миллӣ дорад. Махсусан, агар суханаш пайванди замини падарон, Ватан ва таърихи ниёгонашон бошад. Гулбаҳор нисбатан ҷавон бошад ҳам, талабу дархосташ аз каломи баркамол сарсарӣ нест. Махсусан, ашъори пасинаи ӯ шоҳиди гуфтаҳои зеринанд.
Маълум аст, ки вақти камоли худро беҳуда нагузаронда, аз паи камоли андеша, камол ва сухани худ шудааст, ки боиси хурсандист. Вақт рафт нақд рафт, мегӯянд. Нақди шоираи ҷавон аз вақт кироист. Ӯ бисёр кор мекунад. Худ эҷод карда, ашъори ҳамсолонашро низ барои хонандаи русзабон тарҷима мекунад. Ҳаваси таҳлилу андешаронияш оид ба эҷодиёти ҳамсолонаш шоистаи дастгирист.
Комёбиҳои солҳои охири Гулбаҳор, ки пайваста эҷодиёти ӯро таҳти назар дораму ба истеъдодаш бовар мекунам, маро хурсанд мекунад. Ба забони русӣ шеър гуфтани духтари тоҷик тасодуф не, тақозои давру замон аст. Дар баҳори имсола Гулбаҳор аъзои Иттифоқи Нависандагони СССР гардид. Шодам, ки боз як духтари боистеъдоду ҳунарманд кӯшиши хизмат кардан ба халқу ватанро дорад. Онҳое, ки бори аввал ба ашъори тоҷиконаи шоира шинос мешаванд, барои худ дар оянда боз як ҳамрозу дамсозеро пайдо хоҳанд кард.
ГУЛРУХСОР
Барои духтарам
Рӯҳафтода машав, духтаракам,
Сӯи худ дасти баҳоронро бин.
Боядаш қабзаи бодом ба каф,
Дарди тавлиду азоби ширин.
Чӣ баҳоре, ки зимистон омад,
Барфу яхҳо гӯиё дӯхти ҳазин.
Нигар аз мағзи зимистону ғамон,
Гули бодом гулобӣ хандад, –
Ҳамчунон тифлаки навзоди замин!
Барои модарам
Гоҳе ба ман таҷанг аст,
Бехобии шаби ман,
Гоҳе ки байт гӯяд,
Беҳолии таби ман.
Гоҳе чароғ мирад,
Мисли фароғати ту.
Аз дур бишнавам ман,
Овози нарму дилҷӯ:
«Асло матарс, қад каш,
Ҷонона духтари ман…»
Бехобиву шикастам,
Омурз, модари ман!
Тарҷумаи Гулрухсор
Сайрон
Чӣ ҷавобат бидиҳам, ман чӣ ҷавобат бидиҳам…
Метавонем бад-он шаҳри хазонпӯш равем,
Ғозаи чеҳраи худ поккунон оҳиста
Гӯям: аз мағрурӣ бад баданам шоиста.
Хоњӣ инкор бикун,
Рӯи дил ё ки бигӯ:
«Ёва магӯ»
Дили ман навҳа кунад, навња, ки ишқи сӯзон
Монд дар зери хазон,
Монд бо сӯзи гарон.
Ҳама чиз дар назари ман ба ҳам омезад гарм –
Осмонҳову ҷудоиву нами боронҳо.
Ин дам аз пунбаи абри гузарон
Ки ҳамон бистари ишқи аввалам метобад.
Панҷаҳои дили ман беҳуда
Бикашад нарм ваноғи борон.
Ӯ набофад дигар
Баъд аз ин пироҳани ишқи нахустинамро…
Ҷониби шаҳри зимистоноғӯш
Раҳ бигирӣ хомӯш,
Чун каси зардчаи бедармон
Дар паси ағба бимонад мизон…
Дӯшизагони деҳаи
Чилдухтарон
Аз пардаи тиреза
Сад нақши гул таровад,
Аз сӯҳбати шумо дил
Осудагӣ биёбад.
Дар чойник шуда сард
Чандест чои ҳулбӯ,
(Озодагиву тифлон
Доранд инчунин бӯ).
Чун субҳ рӯ намояд,
Хезем мо ҳам аз ҷо.
Гӯё ки субҳи содиқ
Бошад дугонаи мо.
– Имсол Момагул низ
Пур кард шонздаҳро,
Дуздида хобаш аз чашм
Шавқи ҷиҳози зебо…
– Ин дафтари дубайтист,
Шаҳлош карда гулчин.
Бӯи муҳаббат ояд
Аз деҳи мо пас аз ин.
– Эй ҷон, ба вақти гул ой,
Хоҳӣ, ки гул кунад ҷон.
Сӯи анору ангат
Бикшой чашми армон.
– Ин ҷо кино бигиранд,
Мо низ қаҳрамоншон.
Худро гаҳе биёбем
Дар коми кӯҳнавардон.
– Оҳ, эй апа, гави мо
Донад сияҳдилонро,
Бо шоху шатта аз худ
Ронад сияҳдилонро.
– Дидӣ, дар остона
Кӯбида наъл чӯпон.
Яъне ки хонаро наъл
Аз чашми бад нигаҳбон…
Гулрез пардаҳошон…
Дар хона бӯи њулбӯ…
Озодагиву кӯдак
Ин гуна медиҳад бӯ…
Дунё шавад фаромӯш,
Чун по ниҳӣ дар ин ҷо.
Дорад шамими њулбӯ,
Гӯё тамоми дунё…
Тарҷумаи Зиё Абдулло
Аз маҷаллаи «Занони Тоҷикистон», 1987, №7,
таҳияи Малика АБДУЛЛОЕВА
Акс аз маҷаллаи “Занони Тоҷикистон”