Як ҳайат аз Гвардияи миллии Ўзбекистон аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуд

26 уми майи соли 2022 ҳайати намояндагон аз Гвардияи миллии Ҷумҳурии Ўзбекистон ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон меҳмон шуданд, ки онҳоро муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷалолуддин Нурзода пешвоз гирифт ва хайрамақдам гуфт.

Меҳмонҳо аз толорҳои хониши Китобхона дидан намуда, бо хидматрасониҳои он ошно шуданд. Кормандони Китобхона меҳмононро бо мусаввараи бузурги Рассоми  халқии Тоҷикистон Сабзаалӣ Муродзода «Аз давра ба давра, аз дида ба дида», ки ошёнаи сеюми Китобхонаро зеб медиҳад, муаррифӣ  намуданд.

Ҳамчунин ҳайати намояндагон аз дидани шуъбаҳои матбуоти даврӣ, адабиёти хориҷӣ, илмҳои дақиқ, толорҳои хониш ва осорхонаи китобҳои тозанашри даврони Истиқлол таасуроти бойу хотирмон гирифтанд.

Гуфтанист, ки ин боздид дар доираи нақшаи ҳамкориҳои ҳарбӣ миёни Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гвардияи миллии Ҷумҳурии Ўзбекистон сурат гирифта, барои рушду таҳкими дўстиву ҳамкориҳо нақши муҳим хоҳад дошт.

Боздиди ҳайати меҳмонони кишвари ҳамсоя дар ҳолест, ки бо даъвати Китобхонаи миллии Ўзбекистон директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон  профессор Файзализода Ҷумахон Хол барои ширкат дар ХV – умин конфронси байналмилалии Осиёи Марказӣ 2022: Захираҳои иттилоотӣ-китобхонаӣ дар илм, маориф, фарҳанг ва тиҷорат”  дар Ҷумҳурии Ўзбекистон қарор дорад.

Раҳима Аъзам,

 шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.