Сарсухани Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ ба як китоби Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода

Чор сол пеш, шояд дар ҳамин рӯзҳо, ки туту гелос пухтаву дастурхони мардумро шакаррез мекунанд, мулоқоти Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, донишманди улуми ислом ва яке аз донандагони адабиёти пурҳикмати ниёгон, мавлавишиноси маъруф бо Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ, дар соҳили дарё, кадом саробӯстоне истироҳат мекард, ба вуқуъ пайваст. Ҳосили ҳамин дидор сарсухан ба китоби нави ашъори Ҳоҷӣ Ҳусайн шуд, ки дар зер мехонед. Имрӯз муаллифи ин пешгуфтор ба олами уқбо хиромида ва умедворем Худованди ҷаҳониён дар Фирдавси баринаш макон дода бошад.

Ин сарсухан бештар аз он ҷиҳат ҷолиб аст, ки шахсияти донишманди исломро бештар мекушояд ва хонанда бо Ҳоҷӣ Ҳусайн бештар ошно мешавад, ғоибона ӯро зиёдтар аз он ки то кунун медонист, мешиносад. Тавре мегӯянд: Бузургонро бузургон зинда медоранд…

 Дуоҳои мустаҷобшаванда

 Рўзи 17 майи соли равон телефони мобилиям занг зад, шунидам, ки овоз шинос менамояд, то худам аниқ кардам, соҳиби овоз худро шиносонд: “Ман Ҳоҷӣ Ҳасайн Мўйсозода». Хушам омад аз шунидани овози ширини муҳабатангези ҳоҷӣ. Пурсид, ки ман дар куҷоям . Гуфтам, ки дари лаби дарё, дар саробўстон ҳастам. Гуфт, ки азми омадан дорад.Пурсид, ки чӣ барам? Дар посух гуфтам, ки китоб биёрад, лекин на гуфтам кадом китобро. Аксари китоби Ҳоҷӣ Ҳусайн бо ман аст, ба ҷуз китоби охирони ў дар хусуси истифодами вожаи об дар «Маснавӣ»-и Мавлавӣ.

    Ман, ки чанд маротиба бо супориши Ҳукумати вилояти Суғд дар бобати муҳокима ва тартиби лоиҳаи қонунҳо дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд ва танзими расми оинҳо дар маҳалҳо ҳамсафар будам, ўро аз наздик шинохтам, вақте ки ба маҳфили нависандагон пайваст, шиносоии мо ба дўстию рафоқат бадал гашт. Шахсияи ў кирои шинохтанист. Аз роҳи омўзиш ба пояҳои баланди вазифадорӣ расид. Дар муҳити дини ислом яке аз намоишгоҳҳои байналхалқии «Ислом дар мамлакатҳои Шарқ» Иттиҳодаи Шўравиро муаррифӣ карду обрўи ин давлати бузургро баланд бардошт.

Чанд сол пеш ба дасти ў телефонии нави мобилиро дидам. Аз кору бораш пурсидам, гуфт:

– Беш аз сад амалиётро иҷро мекунад. Ман ба ҳамааш сарфаҳм меравам. Хостам ўро муллои замонавӣ гўям, ҳарфи ман набаромада, ў илова кард-ман компуторро ба қисмҳо тақсим карда, аз сари нав сохта метавонам. Яъне ба фанни физика рағбати зиёд доштааст. Имрўз дар хазинаи телефонии ў ба ғайр аз луғати бузурги Деҳхудо дари даҳҳо китобхонаҳои машҳури дунё боз аст, ба забонҳои  форсию арабӣ, русию ангилисӣ ҷустуҷў мекунад, меомўзаду ба дигарон низ мегўяд омўхтаҳояшро. Баъд аз хатми мадраса рост ба минбари масҷид омад. Муддати минбарбардории ўро ҳоҷат нест ба шумурдан. Танҳо ҳамин кифоя ҳаст, ки гўям : «ў ҳама вақт дар байни мардум асту ба саволҳои гуногуни зиндагӣ ҷавоб медиҳад. Ҳамеша панду насиҳати бузургонро бо ҳадисхои Паямбар (с) ва оятҳои Қуръони Шариф шарҳу эзҳо дода, аҳли муъминро ба роҳи рост, ба роҳ некӣ кардан ҳидоят мекунад.»

  То омадани Ҳоҷӣ Ҳусайн як табақ тути балхиро афшонда рўи дастархон гузоштам. Хушнуд аз он шудам, ки Ҳоҷӣ хоҳиши маро  иҷро карду бароям  китоб овард, аммо ин на он китоб. Ин китоби нав. То ин вақт як миқдор китобҳои илмӣ навишт, бо наср сару кор дошт. Ин сафар бароям дафтари ғазал овард, ки онро шоири нуқтасанҷи  Камолшинос Абдуҷаббори Сурўш аз назар гузаронда, кам – кам таҳрир ҳам кардааст.

    Ҳоҷӣ Ҳусайн Мўсозода олим аст. Дар риштаи суханшиносӣ наомзадиашро дифоъ кард. Вай дар баҳри бекарони осори пурғановати Ҷалолиддини Балхӣ шино кардаву ғўта зада, гавҳари гаронбаҳои маънӣ ба даст оварда, пешкаши ҳаводорони шеъри баланд гардонд. Ман  бехабар ҳастам, ки ў чӣ гуна ба шеърнависӣ оғоз кард. Бино ба нақли худи ў баъд аз вафоти модар – 31 январи 2016 мехоҳад марсияе нависад. Аммо ба ҷои марсия ғазале пайдо мешавад, ки дар он сўзу гудоз нест. Муҳаббати модар тавоно аст. Баъди марг ҳам фарзандро ҳидоят мекунад, то ки муҳаббат изҳор кунад дар қолаби ғазал, ғазалҳои пур аз панду ҳикмат ба хотири одам шудани одамҳо, дўст доштани зиндагӣ ва ба қадри он расидан. Одам барҳақ мавҷуди бузурги нотакрор аст. Ноиби Худост дар рўи Замин. Бояд ҳар инсонро хислатҳои баргузидаи Худовандӣ.

   Шоирон ба арсаи адабиёт ҳар гуна ворид шудаанд. То ба имрўз як шарти муайян вуҷуд надорад барои шоир шудан. Кай бояд сар кунад? Дар кадом ҳолат бояд нависад? Яке дар кўдакӣ оғоз мекунад, дигаре дар пирӣ. Дар ҳама  ҳолат барои шоир зарур аст дониши фарох аз ҳама соҳа. Сархатиби масоҷиди вилояти Суғд солиёни дароз аст, ки аз минбар амри маъруф мекунад, панду насиҳат медиҳад авомро. Адои ҳамин вазифа хусусияти аксари шоирон аст. Имрўз он панду насиҳате, ки дар асоси аҳодиси Паямбари баландмартаба  мегуфту бо оятҳои пурғановати Қуръони карим қавӣ мегардонад, дар шакли муъҷази ғазал,ки аз қадимтарин ва зеботарин жанри адабиёти мост, иброз мекунад. Баъд аз 60,дар синни паямбарӣ байтҳои ҳикматангез сурудани Ҳоҷӣ Ҳусайн Мўсозода боиси табрик аст. Ман ин олими дини ислом ва донандаи асрори шеъри равонбахши Мавлавиро бо касби шоирӣ ,ки аслан Худо додаст, табрик мекунам ва орзумандам, ки оянда бештар ғазалҳои ноби ҷаззоб менависад ва ба тариқи шеър дар тарбияти саҳми муносиб мегузорад.

  Ҳоло чанд байт аз китоби дуюм,ки “Ҷавҳари ҷовидона” ном дорад, намуна меорам:

          Ақли илмат нардбон бошад ба боми осмон,

          Илми Ҳақ омўз, зеро умри сармад медиҳад.

***   ***   ***

          Гар туро бошад таваҷҷўҳ ҷониби сидқу вафо,

          Қадри аҳли дил бидон, бар ту наёяд заҳмате

          ***   ***   ***

           Худоро шукри мегўям ба ҳар ҳол,

           Маро ҳифзе намуд аз роҳбандӣ.

           ***   ***   ***

           Худотарсию ҳақҷўи барад моро ба роҳи рост,

           Диёнат байни инсонҳо адолат оварад доим.

            ***   ***   ***

Айби мардумро маҷў, ин кори шайтонӣ бувад,

            Ҷустуҷўи кори бад охир пушаймонӣ бувад.

***   ***   ***

            Доварӣ дар ҳар сухан чун маънӣ андар маънӣ аст,

            Ман намехоҳам сухан бар қалби ту ханҷар кунам.

***   ***   ***

            Ман он як ходими динам, таҳаммул мекунам доим.

            Ба даргоҳи  Худои худ таваккул мекунам доим .

            Зи нодоне хато ояд, ба нодонӣ занам худро,

            Зи иллатҳои ҳамкорон таҷоҳул мекунам доим.

            Гаҳе  дар умқи дарёву гаҳе чун дурри мансурам,

            Барои ҷавҳарӣ будан, табодул мекунам доим.

           ***   ***   ***

            Гар писанди халқу маҳбуби Худо бошӣ,Ҳусайн,

            Андар ин дунёву он дунё ту гардӣ сарбаланд.

            ***   ***   ***

            Панду ҳикмат мисли гавҳар давлати дилҳо бувад,

            Чунки ин ганҷи равон аз ҳар замонҳо  монда аст.

            ***   ***   ***

            Мунтазам дар роҳи илм ояд туро нуру сафо,

           Соҳиби илми яқин ҳамроҳ бошад бо Худо.

       ***   ***   ***

  Ин гуна байтҳои орифонаи олимонаи пур аз ҳикмати ба гуфти худи муаллиф “дорои саҳли мумтанеъ”хеле зиёданд, ки онҳо барои ҳар гуна хонанда, хоҳ пир асту хоҳ ҷавон, равшану фаҳмост. Ҷо-ҷо мувофиқи табъу завқ  аз санъатҳои бадеӣ истифода бурдааст. Ҳарчанд адабиёти бою рангин мо пур аз ҳикмат аст, бо вуҷуди ин ҳанўз ҳам бояд гуфт, ҳатто такрор ба такрор, зеро тарбияти инсоният ҳамеша дар навбати аввал меистад . Инсони пандшунидаи тарбиятёфта дар зиндагӣ хато намекунад, бештар некии худро арза медорад, ки ин ба манфиати ҷомеа аст. Дар ин кори хайр Ҳоҷӣ Ҳусайн Мўсозода аз аввал устувор асту бурдбор. Умед аст, ки шеъри содаи ҳикматангези ў бисёртар нишонрас мешавад. Ҳоҷӣ ҳар чӣ мегўяд, ба оҳанги дуои хайр аст нисбати мардуми диёр. Орзумандем, ки дуоҳои ў мустаҷобшаванда ҳастанд. Ҳоҷӣ ҳар чӣ мегўяд ,ба оҳанги дуои хайр аст нисбати мардуми диёр. Орзумандем,ки дуоҳои ў мустаҷобшаванда ҳастанд.Худи ў мегўяд:

        Эй Худовандо, ту медонӣ дуоҳои Ҳусайн,

        Интиҳояш ояту бар дардҳо бошад шифо.

   Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Шоири халқии Тоҷикистон.

 Китоби Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода “Ҷавҳари ҷовидона” ба тозагӣ ба Китобхонаи миллӣ ворид шудааст ва алоқамандони панду ҳикмат, дӯстдорони шеъ метавонанд аз баҳраҳо бардоранд.

 Таҳияи Гулрӯ Исмоилова