Аз таърихи китобхонаҳои олам. Китобхонаи миллии Порис
Маҷмўаҳое, ки дар ниҳоят ҳастаи Китобхонаи миллии Порисро ташкил додаанд, дар асл ба подшоҳони Фаронса тааллуқ доштаанд. Франсиси аввал маҷмўаҳои салтанатиро дар Фонтаинеблауе гирд овард. Чарлзи нуҳум маҷмўаҳоро ба Порис мунтақил кард. Луи ХIV (солҳои 1634-1715) то ҳадди ақал ин китобхонаро густариш дод. Дар даврони салтанати вай китобхона ҳамагонитар шуд ва дар соли 1692 дарҳояш ҳафтае ду бор ба рўйи умум боз мешуд.
Донишманд ва инсонгарои фаронсавӣ Гуиллаум Баде (солҳои 1464-1540), ки баъдҳо вазири Луи дувоздаҳум шуд, Франсиси аввалро дар ҷараён гузошт, то маҷмўи салтанатиро ба ҳам пайваст диҳад ва китобхонаи Фунтан Бларо ба вуҷуд оварад. Эҳёи алоқа ба дониши юнонӣ ва ҳамдамии фикрии ў бо донишмандони аср, ҳамчун Ерасмус, Томас ва Раблэ вайро яке аз андешамандони пешрави Ислоҳот сохт. Китобхонаи миллӣ ба қудрати пайгирӣ ва ҳимояти фикрии вай бисёр бастагӣ дошт.
Дар қарни XVIII пас аз инқилоб ва замоне, ки китобхонаҳои калисо соли 1789 мусодира шуданд, китобхонаи миллии Фаронса маҷмўи 300000 ҷилдӣ аз кутуб ва нусхаҳои хаттии арзишманд ба даст овард, ки ҳамаи онҳо аз мавҷуди мусодирашуда тавассути инқилобиён фароҳам шуд. Дар ин бора номи Жузеф Ван Прает аз китобхонаи салтанатии собиқ барҷаста ва ба ёд монданӣ аст, зеро ба кўмаки ҳофизаи аҷибу боварнакардании вай аксар осори арзишманди китобхонаи калисо ва салтанатӣ баргузида шуд. Инқилобиён бар асоси барномаи хеш тарҳе барои китобхонаи миллӣ доштанд. Онҳо танҳо ганҷинаи азиме фароҳам оварданд, ки аз ҳайси камият ва кайфият қобили мулоҳиза буд, балки мехостанд дарҳои ин китобхона ба мафҳуми воқеӣ ба рўи ҳамагон боз бошад. Густариши башардўстонаи хадамоти китобхона барои ҳамагон ҳадафи онон буд ва китобхонаи миллиро он гуна бозсозӣ карданд, ки бо ин ормон созгор шуд.
Дар оғози қарни XIX китобхонаи миллӣ маҷмўи иборат аз 250000 китоби чопӣ, 83000 нусхаи хаттӣ ва 1500000 гравюр дошт. Дар миёни китобдоронаш Леополд Делисле (солҳои 1829-1910) олими машҳури таърих ва хатшинос аз ҳама маъруфтар буд. Ў ба танзими нусхаҳои хаттӣ пардохт ва соли 1897 таҳияи феҳристи умумиро, ки то поёни соли 1955 дар ҳудуди 183 ҷилди он берун омада буд, оғоз кард. Саҳҳофии ҳар даста феҳрист, ки дар ҷилдҳо фароҳам омада буд, соли 1882 боз мегардад. Ҳар феҳрист ду бахш дошт, бахши нахуст ба падидоварандагон (муаллифон) ва бахши дигар ба мавзўъҳо ихтисос ёфта буд. Ҷилди якуми феҳрист соли 1897 оғоз шуд, ки таърихчаи китобхонаро низ дар бар дорад.
Китобхонаи миллӣ бузургтарин китобхонаи Фаронса аст ва 23 млн (с. 1979) китоб ва нусхаҳои хаттӣ дошт. Дар миёни нусхаҳои камёби он папируси Мисри Бостон низ дида мешавад, ки 2880 пеш аз мелод ба нигориш ёфтааст.
АЗ КИТОБИ С.Сулаймонӣ “Таърихи китобдории кишвраҳои хориҷӣ”. Душанбе, соли 2013. Таҳияи Мадина Ҳамидова.