ВАҲДАТ – САОДАТИ МИЛЛАТ
Дар тақвими рӯзгори ҳар як халқу миллат рӯзҳои муқаддасу мондагор, рӯзҳое барои ёдкард ва ибратпазирӣ мавҷуданд, ки назди он халқу миллат азиз шуморида мешаванд. Барои мардуми тамаддунофари тоҷик низ санаҳои таърихӣ ва ҷашнӣ хеле зиёданд. 27-уми июн дар тақвими миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст ва ин сана яке аз санаҳои бисёр муборак ва таърихӣ барои сокинони шарафманди Тоҷикистон мебошад, зеро 25 сол қабл маҳз дар ҳамин рӯз бо имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва озодӣ ба ҷанги хонумонсӯз ва таҳмилии шаҳрвандӣ дар кишвар поён дода шуд. Ва ин сана ба таври расмӣ оғози давраи нав, марҳалаи созандагӣ, ободкорӣ, баҳамоӣ, сулҳу субот ва ваҳдати сартосарии тоҷикон гардид.
Инак, аз он рӯзҳои шуми ҷанг бештар аз ду даҳсола гузаштааст ва ин миллат пайи ободиву озодӣ ва созандагии ҳар гӯшаи ватани азизамон –Тоҷикистон мебошад. Бо гузашти зиёда аз ду даҳсола Тоҷикистон хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон ва сулҳу суботи он намунаи ибрати халқиятҳои дигар гаштааст. Боиси сарфарозист, ки таҷрибаи сулҳи тоҷик мактаби омӯзиши баҳамоӣ ва сулҳу субот барои кишварҳои дар орзуи амну амонибуда, қарор гирифтааст.
Раванди ҷаҳонишавӣ, бархурди тамаддунҳо ва маҳви кишварҳои нисбатан хурд аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонӣ, вазифа ва масъулияти ватандории ҳар як сокини Тоҷикистонро ҷиҳати арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, ҳифзи якпорчагии меҳани аҷдодӣ, расидан ба қадри сулҳу амонӣ ва ободии ватани азизамон – Тоҷикистон бештар аз пештар менамояд. Имрӯз Тоҷикистон беш аз пеш ба насли худогоҳу ватандӯст ва донишманду сарсупурдаи марзу буми аҷдодӣ ниёз дорад. Зеро ҳодисаҳои кишварҳои ҳамсоя ва таҳдиди терроризму экстремизми ҷаҳонӣ, ҳифзи марзу бум ва расидан ба қадри оромиву осоиштагии меҳанро тақозо менамояд.
Насли калонсол ҳеч гоҳ фаромӯш намекунанд, ки мардуми тоҷик то расидан ба сулҳу ваҳдат чӣ рӯзҳои мудҳишро паси сар намуданд. Ман ҳамчун шоҳиди он рӯзҳои сахти таърихи давлатдории навини тоҷикон ва иштироккунандаи барқарорсозии сохти конститутсионии мамлакат бо чашми сар дидам, ки падар қурбонии ҷаҳолати писар ва бародар асири хостаҳои бемантиқи бародар гардида буд.
Дар чунин вазъи ногувор ва рӯзҳои ошуфта мардумро ба барқароршавии ҳукумати конститутсионӣ ва ояндаи равшан умедвор намуданд кори басо мушкил буд, аммо ҳукумати навтаъсиси Тоҷикистон бо роҳбарии сарвари ҷавонаш – Эмомалӣ Раҳмон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳам бо сухан ҳам бо амал мардумро ба ояндаи дурахшон ва зиндагии беҳтар эътиқодманд намуданд ва гурӯҳҳои даргирро сари мизи музокира шинониданд.
Насли имрӯзи меҳан бояд арзиши ин неъмати бебаҳоро дарк намоянд ва бо ибратпазирӣ аз ҳодисоти начандон дури таърихи халқамон ба қадри сулҳу осоиш ва истиқлолияти ватани маҳбубамон бирасанд, зеро надонистани таърих онро такрор хоҳад. Пас омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи таърихи миллат ва ибрат гирифтан аз бурду бохти он дониши баланд ва зиракии сиёсиро тақозо менамояд, ҳамон гуна, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳову борҳо насли имрӯзро ба зиракии сиёсӣ, омӯзиши таърих ва касби илму дониш ҳидоят менамоянд.
Сулҳу ваҳдат арзишмандтарин неъмат ва кафили рушду тараққиёти мамлакат мебошад. Тавре, ки шоир гуфтааст:
Ваҳдати мо Тоҷикистонро мунаввар кардааст,
Нури тоҷиконро тоҷ бар сар кардааст.
ШАФҚАТ АМИНОВ, Сардори шуъбаи матбуоти даврӣ.