Қурбоналӣ Рустам Қурбон: Обҳои газдор ва меваву сабзиҷоти ношуста омили бемориҳои шикамравишанд!
Дар ин бора муовини директори маркази саломатии рақами 3-и шаҳри Душанбе Қурбоналӣ Рустам Қурбон дар маҳфили навбатии “Ҳаёти солим”, ки моҳе як маротиба дар Шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ баргузор мешавад, иттилоъ дод.
Муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷалолуддин Нурзода меҳмонро ба бачаҳо муаррифӣ намуд.
Қурбоналӣ Рустам аз вижагиҳои фасли тобистон ҳарф зад ва гуфт ҳаво ба шиддат гарм мешавад ва ин гармо барои организми инсон мушкилиҳоеро ҳам меорад. Ба гуфтаи ӯ кӯдакону наврасон бештар дар чунин рӯзҳои гарм гирифтори бемориҳои шикамравиш мешаванд. Обҳои хунук аз яхдонҳо, обҳои газдоре, ки дар кўчаҳо фурўхта мешаванд, меваву сабзиҷоти бозор, ки ношуста аз онҳо истифода мебаранд, омили асосии бемории мавсимӣ, аз ҷумла шикамравиш мегардад.
Шикамравиш бемории сироятӣ буда, ба он ҳам кўдакон ва ҳам дар калонсолон гирифтор мешаванд. Барои пешгирӣ аз он ин табиб тавсия дод, ки кўдакон ва наврасон нисбати саломатияшон бетаваҷҷўҳӣ накунанд. Ҳар боре аз ҳоҷатхона берун мешаванд, ҳатман дастонашонро бо собун ду-се бор бишӯянд. Меваву сабзиҷотро ношуста истеъмол накунанд, ҳатто саросемавор шустану ба даҳон бурдан ҳам зарар дорад. Меваҳо бояд ду-се дақиқа зери об гузошта шаванд, то аз ҳар гуна бактерияҳо ва микробҳои касаловар пок шаванд.
Қурбоналӣ Рустам Қурбон ба иштирокдорони маҳфили мазкур маслиҳат дод, ки баҳри солиму бардам мондан тозагиро риоя намоянд ва давоми ҳафта 2- 3 маротиба нохун гиранд, чун маъмулан бактерияҳои касаловар зери нохунҳо ҷо мегиранд ва ба муҷарради ба даҳон бурдани ғизо ба организм ворид мешаванд.
Вай ҳамчунин тавсия дод, ки дар чунин рӯзҳои гарм то ҳадди имкон аз нӯшидани обҳои газнок дар кӯчаҳо ва яхмосу ҳар гуна воситаҳои ташнагишикан худдорӣ намоянд. Вай ба он ишора кард, ки дар кӯчаҳо тоҷирон метавонанд обҳои наҷӯшонидаву нопокро ба сокинон фурӯшанд.
Духтур таъкид кард, ки шикамравиш дар кўдакони синни ширмак ва аз 1 то 5- сола зиёдтар вомехўрад. Тибқи маълумоти ин духтур онҳо ба модарон тарзи таҳия ва истифодаи доруҳои зидди шикамравиш, аз ҷумла доруи регидронро нишон медиҳанд. Аз ин рў, модарон метавонад дар шароити хона низ регидронро омода кунанд ва ба фарзандон диҳанд. Яъне, дар шароити хона низ метавон фарзандонро ба табобат фаро гирифт. Вале худтабобаткунӣ манъ аст, ба бемор ҳар гуна доруҳоро танҳо баъди ташхис ва иҷозати табиб бояд дод.
Гуфтанист, ки маҳфили “Ҳаёти солим” аз аввали соли равон моҳе як маротиба баргузор мешавад ва дар он кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар ширкат ва дар мавзӯҳои хос бо хонандагони ҷавони толори хониши кӯдакон ва наврасон суҳбат мекунанд, дарсҳои амалӣ мегузаронанд.
Раҳима Аъзам