РУҶЎИ ТАЪРИХӢ БА ФАЪОЛИЯТИ ШУЪБАИ НИГОҲДОРИИ ДЕПОЗИТАРӢ
Китобхонаи миллии Тоҷикистон яке аз рукнҳои муҳими фарҳанги миллӣ буда, дар ташаккули тамоми бахшҳои ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявии Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши бузург дорад. Китобхонаи миллӣ аз ибтидои фаъолияташ ба ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ ва дастрас намудани китоб, нашрияҳои даврӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои гаронқиммати моҳияти илмӣ, таърихӣ ва бадеидоштаи адибону муҳаққиқони дохилу хориҷи кишвар кӯшиш ба харҷ медиҳад. Ва барҳақ, алҳол ин боргоҳи илму маърифати мамлакат ҳам аз лиҳози ҳифзи маҷмӯи беназири маҳсули тафаккури наслҳои зиёди ниёкону ҳамасрони миллат, офаридаҳои гуногунсоҳаю мухталифҷабҳаи дигар қавму ақвом ва халқияту миллатҳои муқими сайёра ва ҳам аз нигоҳи ба хидмати ниёзмандон қарор додани ин ганҷинаи бебаҳо воқеан ҳам, ба хазинаи беназири боигарии маънавии миллат табдил ёфтааст. Аз ин захираи камназир алҳол шумораи зиёди олимону адибон, зиёиёну намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа истифода бурда, талаботи маънавию иттилоотии хешро қонеъ мегардонанд.
Яке аз шуъбаҳои Китобхона нигоҳдории депозитарӣ номида шудааст, ки дар он бештар асарҳои кам истифодашаванда, нусхаҳои зиёдатии асарҳо ва асарҳои нодири мазмунан куҳнашудае, ки ҳамоно дорои аҳамияти илмӣ мебошанд, ҳифз мешаванд.
Шуъбаи нигоҳдории депозитарии Китобхонаи миллии Тоҷикистон 1-уми январи соли 1977 дар собиқ Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ ташкил шудааст. Соли 2012 Китобхона бо бинои нав таъмин гашта, шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ низ дар ин бинои нав макони нав ёфт.
Дар ин шуъба асарҳое нигаҳдорӣ мешаванд, ки аз солҳои 1700 то соли 2015 нашр шудаанд. Бояд қайд кард, ки таркиби фонди шуъба аз маводи шакли чопӣ, китобу маҷаллаҳо ва варақаҳои изографӣ (мусаввараҳо) иборат аст. Аз ҷиҳати мазмун асарҳое мебошанд, ки камистифодаанд, вале қиммати баланди илмӣ доранд. Ба монанди натиҷаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ (экспидитсияҳо), асарҳои олимони ҷаҳон, нашрияҳои маълумотдиҳанда (энсиклопедияҳо, луғатҳо, фарҳангҳо) ва ғайра, ки бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ, бо ҳуруфи лотинӣ ва крилӣ нашр гардидаанд. Асарҳо дар фонди шуъба бо тартиби рақамӣ (рақами инвентарӣ) ҷобаҷо шудаанд. Китобҳое, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз рӯи андоза ҷудо мешаванд, аз асарҳои калонҳаҷм ва асарҳои хурдҳаҷм иборат мебошанд. Онҳо ҳамчун асарҳои нодир ба шумор рафта, дар шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ ҳифз мешаванд.
Албатта, дар мавриди мақсаду муҳтавои фонди депозитарӣ ва ба ин тартиб таҳлили бахшҳои он, ки иборат аз фонди ҳаҷман хурд (китобҳои миниатюрӣ), китобҳои ҳаҷман калон, фонди адибони ҷаҳон, китобҳои камистифода, китобҳои арзишнок, китобҳои ба хатти лотинӣ интишорёфта, фонди донишнома, луғатномаҳо, фонди матбуоти даврӣ ва ғайраро фаро мегирад, ки дар як мақола ғайри имкон аст. Аз ин рӯ, ҳоло танҳо дар мавриди ду фонди асосие метавонем, ки ҳикоят кунем, ки дар фонди нигоҳдории депозитарии Китобхонаи миллӣ ҷойгоҳи махсус доранд.
Дар таърихи чопи китоб, ки ҳазорсолаҳоро дар бар мегирад, китобҳои бузургу кӯчак зиёд интишор шудаанд. Сарчашмаҳои таърихӣ калонтарин китоби оламро “Кодекси Гигас” номидаанд, ки як маҷмӯъи қонунҳои дастинавишта дар аввали асри XIII мебошад. Баландии ин китоб 92 сантиметр, дарозиаш 50, ғафсии он 22 сантиметр ва вазнаш 75 килост.
Аммо хурдтарин китоб оламро “Буқаламун” (“Хамелион”)-и Антон Чехов меноманд, ки соли 1996 дар шаҳри Омски Русия чоп шудааст. Андозаи ин китоб 0,9×0,9 миллиметр буда, аз 30 саҳифаи ёздаҳсатрӣ иборат аст ва бо се ранг ороиш ёфтааст. Китоб ҳамагӣ 50 адад бо забони русӣ ва 50 нусхаи дигар бо забони англисӣ чоп шудааст.
Усулҳои чопи китобҳои миниатюрӣ низ гуногунанд – аз китобҳои дастнавис, то чопи рақамии ҳозиразамон. Барои тасвир ва ҷилдбандии китобҳои мазкур аз қоғази мармарин то пўсти мор, аз дарахт то нуқра истифода шудааст. Баъзе аз ин китобҳо саҳифаҳои зарҳалӣ доранд, ки ба назар мерасад бо оби тилло онро оро додаанд. Бо гузашти замон чопи ин гуна китобҳо низ содатар шуданд, рушди техникаи чопи китоб ба он мусоидат кард, ки дар ҳаҷми хурд ҳам инсон заковати ороиширо истифода кунад ва кӯшиш намояд онҳоро хеле назаррабо ва ҷолибу хонданӣ ва диданӣ ба нашр расонад.
Намунае аз хурдтарин китобҳо дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон низ вуҷуд доранд, ки онҳо дар шуъбаи депозитарӣ нигаҳдорӣ мешаванд. То ба имрӯз теъдоди ин гуна китобҳо 1181 адад буда, аз ин 520 адади он китобҳои адабӣ, ё худ асарҳои шоирону нависандагони машҳури олам мебошанд. 243 китоб забоншиносист, 357 адад таърихнигорӣ ва теъдоди хеле ками онҳо (61 адад) ба соҳаҳои тибб, саноат, ҳуқуқ ва ғайра ихтисос ёфтаанд.
Аз ҷумлаи китобҳои хазинаи депозитарӣ асарҳои нобиғаҳои олами адаб, А.С. Пушкин, А. Делвиг, Л.Н. Толстой, Г.Т. Шевченко ва ғайра мебошанд, ки онҳоро солҳои гуногун ноширони мухталиф интишор додаанд. Ин китобҳо бидуни шак арзиши илмӣ-таҳқиқотӣ ва омўзишӣ доранд.
Бомаврид аст зикр кунем, ки хусусияти тасвири библиографии китобҳои нодир аз чопи китобҳои ҳозира аз он иборат аст, ки тамоми маълумотҳо оид ба китобҳои нодир дар раванди тасвир инъикос мешаванд. Аз ҷумла: рақами инвентарӣ, забони китоб, муаллиф, мухтасар дар бораи осори илмӣ ва адабии муаллиф, мундариҷаи мухтасари китоб ва хусусиятҳои он, нуқсони китоб, ороишҳои дохили китоб, ҷой ва таърихи нашр, ҳаҷми китоби миниатюрӣ ва миқдори саҳифаи он. Бахше аз ин китобҳо, ки дар расм ҳам мебинед, дар шуъба ҳамешагӣ дар намоиш гузошта шудаанд.
Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ барои хонандагони худ ҳамеша армуғон дорад. Хонандагон дар ин шуъба метавонанд ба баҳри нопайдоканори адабиёти нодири олам шино кунанд ва аз дурдонаҳои назму насри он баҳраҳо бардоранд. Дар ин шуъба хонандагон имкон доранд бо номгӯй асарҳои нодири адибони олам ошно гарданд. Аз ҷумла, китоби А.С. Пушкин «Стихотворения, поэмы, сказки»; Уайльд Оскар. «Стихотворения портрет Дориана Грея тюремная исповедь»; А. Чехов «Рассказы, повести, пьесы»; Вильям Шекспир «Трагедия, сонеты»; Шота Руставелӣ «Витязь в тигровой шкуре»; Низами «Пять поэм»; Фирдоуси «Шахнаме» ва ғайра. Аксари ин китобҳо бо забони русианд. Осори маҳфузбуда дар шуъба аз як нусхагӣ иборат буда, аз ҷумлаи китобҳои нодири шуъба маҳсуб меёбанд.
Дигар аз фонди хеле гаронарзиш ва қиммати илмидошта ин адабиётҳои экспедитсионӣ доир ба Тоҷикистон ҳамчун ҷамъбасти корҳои илмӣ-татқиқотӣ мебошанд ва бештар ба масъалаҳои захираҳои табии фоиданок: маъданҳои куҳӣ, тилло, сангҳои қиматнок, ороишӣ ва ғайра; рушди саноат ва иқтисод, масъалаҳои пахтакорӣ, саноати пахтатозакунӣ, коркарди абрешим ва маҳсулоти хоми саноатӣ; соҳаи энергетика: омўзиши пиряхҳо, кӯлҳо аз ҷумла кули Сарез обанборҳо, дарёҳо, ҳамчун асоси тавлидкунандаи нерўи барқ, маълумот медиҳанд.
Бояд хотирасон намуд, ки ин асарҳо қимати баланди илмӣ дошта, аз рўи таъини ҷалби хонанда ва ҳадафнокӣ ба олимон ва мутахассисоне, ки дар самтҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат, доир ба илмҳои табиӣ, таърих, тиб, бостоншиносӣ ва этнография корҳои илмӣ-татқиқотӣ мебаранд, ҳамчун сарчашмаи боэътимод метавонанд мавриди истифода карор гиранд.
Ҳамчунин, барои осон намудани кори пажўҳишгарон дар поёни асарҳо нишодиҳандаҳои ёрирасони ҷуғрофӣ, мавзўӣ ва номӣ пешниҳод шудаанд, ки барои тезтар ва осон намудани корҳои ҷустуҷӯи маълумотҳо аз дохили асар кўмак мерасонанд.
Умуман мо тасмим гирифтем хеле ба зудӣ аз муҳтавои асарҳои экспедитсионӣ, нодир, кўчак, камёфт муфассалтару мушаххастар маълумот ироа кунем ва бар ин назарем, ки худи паёми мавҷудияти ин гуна асарҳо дар бойгонии шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ мавриди таваҷҷуҳи пажуҳишгарон ва умуман хонандагон қарор мегирад.
Нусратуллозода Идигул – сардори шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ.