Шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо

Шуъбаи  абонементи  байни  китобхонаҳо  аз соли  1933  фаъолият менамояд.

Шуъба яке аз сохторҳои таркибии Муассисаи давлатии «Китобхонаи  миллии Тоҷикистон» буда, ҷиҳати ҳифзу нигоҳдории фонд ва дастраси  умум  гардонидани  маводи дархостгардида аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватаниву хориҷӣ тавассути истифодаи низоми абонементи байни китобхонаҳо мусоидат намуда, раванди мубодилаи онро ба танзим медарорад.

Вазифаҳои асосии шуъба:

– таъмини пурра ва таъҷилии ҳуҷҷатҳо аз рўи дархостҳои  абонементи байникитобхонавӣ ва расонидани  ҳуҷҷатҳои (АБК ва РҲ) китобхонаҳои ҷумҳурӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;

– пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба истифодабарандагон аз фондҳои худ ё фонди умумӣ дар намуди аслӣ ва ё нусхаи он барои истифодаи муваққатӣ ва доимӣ, таъмин намудани талаботи абонементҳо дар мавриди набудани ҳуҷҷатҳо дар фонд аз дигар сохторҳои таркибии китобхона ва дигар китобхонаҳои ҷумҳурӣ;

– иштирок дар семинарҳо ва конференсияҳои дохилию байналмилалӣ оид ба «Системаи абонементи байникитобхонавии  давлатҳои  аъзои  ИДМ».

Фаъолияти шуъба аз чунин корҳо иборат мебошад:

Бақайдгирии хонандагон, коркард ва барасмият даровардани ҳуҷҷатҳои онҳо, таҳлили омории вазъи хизматрасонӣ ба хонандагон, хизматрасонӣ ва назорати риояи муқаррароти пешниҳоди адабиёти ба хонандагон додашуда, муайян ва ҷобаҷогузории фонди ёрирасон, таҳрир ва такмили феҳристи электронии китобҳои шуъба, қабули мавод аз шуъбаи коркарди адабиёт, омода намудани баргаҳои китобҳои тозаворидшуда, аз рўи алифбо ва соҳа, омўзиш ва суҳбатҳои шифоҳӣ бо муштариёни ҷавон оид ба қоидаҳои истифодабарии адабиёт, фарҳанги китобдорӣ ва китобхонӣ.

 

Реҷаи кори шуъба:                                                         аз соати 800 то 1700

Рӯзҳои корӣ:                                                                    душанбе – ҷумъа

Сардори шуъба:                                                              Асоева Гулҷаҳон Зайнуддинова

Телефон:                                                                           221-04-47