АҲМАД МАХДУМИ ДОНИШ ВА ФАРҲАНГИ МУСИҚИИ ЗАМОНИ Ӯ
“Шиносоии ман ба «Наводиру-л-вақоеъ» дар ман на танҳо инқилоби фикрӣ ба вуҷуд овард, балки ба сарам савдои насрнависиро андохт. Ва ман он вақт орзў мекардам, ки бояд кас насрнавис шаваду агар ин мақсад ба даст дарояд, монанди Аҳмад Махдуми насрнавис шавад, ки воқеаҳоро бо забони сода муҷассам кунонида, нишон дода тавонад”. Садриддин Айнӣ
Китоби Аскаралӣ Раҷабов “Аҳмад Махдуми Дониш ва фарҳангии мусиқии замони ӯ” бо ҳамин иқтибос аз устод Садриддин Айнӣ оғоз мешавад. Муаллиф дар муқаддима аллома Донишро муаррифӣ мекунад. Аз ҷумла мегӯяд:
Аҳмад Махдуми Дониш (1827-1897) нависанда, суханвар, таърихнигор, донишманд, мунаққиди ошкоргў ва ростин, ходими намоёни сиёсию ҷамъиятӣ, аз чеҳраҳои баноми замонааш буда, мероси гаронманду дороии адабию илмии ў дар таърихи афкори иҷтимоию сиёсӣ, чун намунаи камназири адабию таърихии тоҷикон ва мардумони Осиёи Марказӣ нақши хоса дорад. Дар замони зиндагию фаъолияти адабию илмӣ ва ҷамъиятии ў симоҳои намоёни адабу фарҳангии мардумони Осиёи Марказӣ чун Абдуқодирхоҷа Савдо (1823-1973), Шамсиддин Шоҳин (1866-1895), Абай Кунанбой (1845-1904), Токтогул Сотилған (1864-1933), Ҷунайдулло Ҳозиқ (1800-1843), Зокирҷон Фурқат (1858-1908), Чукан Валихон (1835-1865), Аваз Утар (1884-1919), Муҳаммад Аминхоҷа Муқимӣ (1856-1903), Ҷамбул Ҷабай (1846-1945), Тошхоҷа Асирӣ (1864-1916), Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ ( 1889-1929), Садриддин Айнӣ (1878-1954) ва дигарон зиндагӣ ва эҷод намуда, офаридаҳояшон дар таърихи афкори иҷтимоию фарҳангии садаи Х1Х ва сароғози садаи ХХ-Осиёи Марказӣ ҷойгоҳи хоса доранд.
Аҳмад Махдуми Дониш аз худ мероси гаронманд ба ёдгор гузошт.
Бинобар ба тавсифи сарчашмаҳои хаттӣ ва таърихнависону адибони замонааш ў дорои истеъдоди камназири азхудкунии масоили илму адаб, ҳунарҳои бадеӣ, (хаттотӣ, китобороӣ, бинокорӣ, мусиқидонӣ, наққошӣ, ситорашиносӣ ва амсоли ин) дошт.
Омўзиши сарчашмаҳои хаттии шеърию мусиқии (манзумаҳои мусиқӣ- баёзҳои мусиқӣ «Шашмақом») аз мавзуъҳои муҳими таърихию назарии фарҳанги замони аллома Аҳмад Махдуми Дониш (1827-1897) маҳсуб шуда ва ба истинои навиштаҳои нигорандаи ин сатрҳо бар пояи сарчашмаҳои дар захираҳои хаттии Тоҷикистону Ўзбекистон ва қисман Эрон маҳфузанд, таҳқиқи фаннии академии сарчашмашиносӣ нашудаанд. Омўзиши ин мавзўъ бисёр паҳлўҳои таърихнависӣ, адабию илмии Аҳмад Махдуми Дониш иртиботи ногусастанӣ дорад.
Китоби “Аҳмад Махдуми Дониш ва фарҳангии мусиқии замони ӯ”-ро шумо, хонандагони азиз ҳоло метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Ойҷонбӣ Азизова.