Китоби нав. Сайдаҳмади Зардон: «Чароғи нигоҳ”

Эҳёи арзишҳои миллӣ, арҷгузорӣ бо модарони муқаддасу башарӣ ва фарзандони фарзонаи миллат, баланд бардоштани руҳияи ватандўстиву ватанпарастӣ ва худогоҳию хештаншиносии мардум, бахусус наврасону ҷавонон аз мавзуъҳои меҳварии эҷодиёти Сайдаҳмади Зардон маҳсуб мешаванд. Нависанда дар « Чароғи нигоҳ « – и хеш низ ҳамин ҳадафҳоро пайгирӣ кардааст.

Узви вобастаи Акадамияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илми филология, профессор Сахидод Раҳматуллозода дар сарсухани худ бо номи “Модарнома”-и мансур”  ин асарро дар адабиёти тоҷик “беҳтарину бебеҳотарин” номида. Аз ҷумла навиштааст:

Бузургони олам ва ҳамаи суханварону бихрадон модар ва занро васфу ситоиш кардаанд.  Дар таърихи адабиётамон доир ба модар ва қадру манзалати ў осори зиёде вомехўрад, ки ҷойгоҳи модар ва мақому манзалаташ дар ҳаёт нишон дода шудааст. Модар рамзи ҷовид будани зиндагӣ, гардиши рўзгор, гирдгардиши ҳаёти башар ва сарчашмаи зиндагӣ ва давомёбии он аст. Аз тарафи дигар, модар муъҷизаест аз муъҷизоти илоҳӣ ва ин аст, ки қадру қимату манзалати ватанро ба модар нисбат медиҳанд. Оғўши гарми модар макони буду боши аввалин рўзҳои зиндагии тифл, сарзамин ва ватани ширинтарини фарзанди башар аст. Ва фарзанд бо бузург шудан дар ин макони амн, гарм ва домони пурҳаловат модарро дўст медорад, ҳурмат мекунад, муҳофизат ва ғамхорӣ менамояд. Дар ин замина, минтақаи бузурге, ки онро сарзамини аҷдодӣ медонем, ин ҳам ватан аст. Ин ватани аҷдодӣ ватани миллӣ аст, ки шахси бонангу номус, шахсе, ки дар домани поки модар шири мусаффои ўро хўрдааст, онро низ муқаддас медонад ва мисли модар дўст медорад.

Асари Сайдаҳмади Зардон «Ассалом, аё равонҳои пок !…» моро водор месозад, ба масъалаи арзиши бузарг доштани модар бори дигаритмионо дошта бошем. Адиб барои нишон додани чеҳраҳои мондагори миллат Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Эмомалӣ Раҳмон, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур ба модар муроҷиат менамояд, ки ин бесабаб нест ва моҳияти он ҳам равшан аст. Онҳоро ҳам модар таваллуд ва тарбия карда, сиёҳро аз сафед фарқ кунондааст. Усули муроҷиат ба модар ва дар ин замина ошкор сохтани заҳматҳои фарзандони фарзонаи миллат дар адабиёти навини милллиамон роҳу равиши нави эҷодӣ ба шумор меравад. Кору пайкор, пасту баландиҳои рўзгор, ғаму андуҳ ва шодию фараҳи қаҳрамонони асар ба нони ҳалоле, ки бо заҳмати волидайн ба даст омадааст, иртиботи бевосита дорад ва аз шири поки модар сарчашма мегирад. Тавассути муроҷиат ба модар, ки бо калимаю таркибҳои ало руҳи башарӣ, аё руҳи пок, модаро, модари арҷманд, модари азиз, эй руҳи муқаддас, эй руҳи пок, ало руҳи муқаддас, модари нексиришт, модари гаронқадр, ало руҳи пок ва ғайра сурат гирифтааст, диққати хонандаро ба фаъолиятҳои абармардон ва фарзандони фарзонаи миллат ҷалб карда, ҳаёт ва фаъолияти шаш нафар аз фидоиёне, ки умри худро барои сарсабзию шукуфоӣ ва пуштибонӣ аз арзишҳои миллиамон бахшидаанд, бозгў менамояд. Шаш нафар шахсонеанд, ки миллат ба онҳо унвони Қаҳрамони Тоҷикистонро муносиб ва ҳалол донистааст ва имрўз ба фикру андарз ва андешаҳои волои онҳо зимни пешбурди корҳои сиёсию фарҳангӣ ва иҷтимоӣ такя менамоем. Ва муҳимтар, дарк мешавад, ки нависанда ин ҳама талошҳову ҷонбозиҳоро танҳо ба модарони қаҳрамонон на, балки ба кулли занону модарон ва хонандагони асари пурарзишаш расонданист. Вижагии хоси асар ва бозёфти нависанда низ дар ҳамин аст.

Аз дигар сў, бозтоби саҳифаҳои ҳаёти қаҳрамонон дар «Модарнома» саршор аз параҳаҳоест, ки барои тарбияи ҷавонон нақши асосӣ доранд. Ҳар саҳифа ҳаёте, ки бо панду насиҳатҳо ва роҳнамоиҳои модарони муқаддас ва руҳони поки онҳо доир ба қаҳрамонони рўи қоғаз омадааст, барои бозкушоии масоили ахлоқии марбут ба миллати тоҷик мусоидат мекунад.  Дар асар доир ба илму дониш омўхтан, ҳурмату эҳтиром, дўстию бародарӣ ва ваҳдату ягонагӣ андешаҳои пурқимат баён шуда, ҷавононро ба далеру шуҷоъ будан ва ҳимояи сарзамин даъват менамояд.

Асари мондагори адиби шинохта ва хеле пуркору пурмаҳсули адабиёти навини тоҷик Сайидаҳмади Зардон ба мавзуи мақом ва ҷойгоҳи модарон дар тарбияи фарзандон ва барои хидмати мардум ҳидоят намудани ҷигарбандашон бахшида шуда, беҳтарин ва бебаҳотарин асар ё худ «Модарнома» – и мансури адабиёти навини даврони Истиқлол маҳсуб мебошад.

Дар асар шаш модаре, ки шаш абармарди нотакрор, шаш Қаҳрамони миллиро бо ҳазорон меҳру муҳаббат ба воя расонида, барои хидмати халқ дуою ҳидояташон кардаанд, хеле зебову хонданбоб тасвир ёфтаанд.

Шаш модари мушфиқе, ки дар олами тахайюл нависанда як-як ба руҳи мутаҳҳараи онон суҳбат карда, бо бадеияти баланд ва санъати зебои муколама рўзгори ишонро тасвир намудаст, дар адабиёти мо чизи нав аст. Он шаш тан олиҳаи Худовандӣ шахсиятҳоеро барои миллати тоҷик эҳдо кардаанд, ки ба андешаи нависанда дар саҳнаҳои бузург қаҳрамонӣ нишон  додаанд ва онҳо шаш ахтари тобони осмони Тоҷикистони азиз буда, модарони онҳо ба унвони модарони тамоми тоҷикону тоҷикистониён ва кулли тоҷикзабонони олам шинохта шудаанд, ки фарзандони солеҳ ва инсонҳои комилу дардошноеро барои хидмати халқу Ватан ва пойдории миллати тоҷик ва роҳнамоии тоҷикону бақои давлати тоҷик ва буду боши он тарбият намудаанд.

«Модарнома» – и мансур, ки аз шаш гуфтор иборат аст, суҳбати ирфонии нависандаи хушсалиқа ва соҳибсабк Сайдаҳмади Зардон бо модарони некўҳисолу малаксимо ва комилаву фазилаи тамаддунофар: Зеварой –  модари Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ, Розия Озод – модари Қаҳрамони Тоҷикистон устод Бобоҷон Ғафуров, Бибӣ Марям – модари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳолбибӣ – модари Қахрамони Тоҷикистони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода, Шарифамо – модари Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Майсара – модари Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур мебошанд, ки дар адабиёти мо як жанри комилан навест, ки бо услуби хоси худ нависандаи навовар ва бадеияти аҷиб, бо истифода аз лаҳзаҳои зиндагии онон ба таври воқеӣ тасвир ёфтааст. Нависанда тавонистааст, ки бо тамоми шоистагӣ ва реалии махсус симои ҷовидонӣ ва дар назди Худованд ва бандагонаш басо азизи модаронро тасвир намояд. На ҳар адиб метавонад ба ин гуна жанри адабӣ муваффақ гардад. Мушкилтарин образ дар адабиёт ин тасвири воқеии симои модарон ва нишон додани ҷаҳони маънавӣ ва эҳсоси фитрии ботнии онон наст. Падид меояд, ки дар ин росто нависанда аз худ заҳмати зиёд, мутолиа, пажуҳиши хосса ва ҷустуҷўи дандоншикан ба харҷ дода, дар шаш гуфтори мансури хеш муваффақ гаштааст, ки симои шаш модари барои тоҷикон азиз ва образи воқеии ононро ба қалам диҳад. Ва ин васила дар адабиёти мансури даврони Истиқлол мо нахустин бор бо «Модарнома» – и хеле хуби насрие ошно гардидем, ки суҳбати руҳонии модарони нотакрори таърихи миллати тоҷикро дар бар мегирад.

Зикри ин нуқта зарур аст, ки банду баст, ифода, баён, услуб, интихоби калимаю ибораҳо, зарбулмасалу мақол ва ибораҳои фразеологию санъатҳои лафзӣ дар асари мазкур ҷойгоҳи хосса дошта, ҳамаи онҳо дар ҷойи худ қарор доранд. Истифодаи қабатҳои луғавию семантикии муродифат, мутаззод ва калимаҳои ҳамовоз бо дарки масъулияти истифодаи онон сурат гирифтааст. Ба унвони мисол барои гурез аз такрор истифодаи муродифоти гуногуни калимаи вақт ҳангоми нишон додани саҳифаи ҳаёти қаҳрамон бо калимаҳои замон, ҳин, ғот, гоҳ, ҳангоми моҳирона ба қалам дода шуда, калимаи сол гоҳ,  ҳамчун муродифи вожаи мазкур чун услуби фардии нависанда ба чашм мерасад. Истифодаи калимаҳои нав ва вожаҳое, ки худи нависанда сохтааст, саҳифаҳои асарро рангин намудааст. Вожаҳои (толорнишастагон, дар қолаби киштинишастагон), сардаргум (фикрҳои сардаргум) дилгазон, (шароити дилгазон) шукроналаб, азопираҳанон, ташнаҷонӣ ва ғайраҳо гувоҳи зеҳни буррову андешаи тоза дар калимашиносии муаллиф мебошад.

Хулоса, агар бо як ҷумла ифода кунем, «Модарнома» – тозаи С.Зардон моломоли сифатҳои неки инсонист, ки дар тарбияи башарӣ мусоидаи мекунад.

Китоби “Чароғи нигоҳ”-и Сайдаҳмади Зардонро шумо, хонандагони азиз метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

 

Таҳияи Шароффат Мирзоева.