БО БАЧАҲО. Распе Рудолф Эрих. Қиссаҳои Барон Мюнҳаузен. Бахши 1
Кист Барон Мюнҳаузен? Шахсияти достонӣ ва ашрофзодаи Олмон аст, ки соли 1785 тавассути нависандаи олмонӣ Рудолф Эрих китоби ривоятҳои ӯ аз сафари шигифтангези худ ва муборизаҳо дар Русия таҳияи шудааст. Номи ӯ баъдан дар саросари олам чун шахсе, ки аз ҳаводиси боварнакарданӣ қиссаҳои ҷолиб мебофад, машҳур шуд.
Қисми дуюми китоби “Қиссаҳои Барон Мюнҳаузен соли 2020 чоп шудаву ҳоло онро метавон дар толори хониши кӯдакон ва наврасон пайдо ва мутолиа намуд.
Тасмим гирифтем чанд бахш аз онро барои хонандагони худ нашр кунем.
Қиссаи занбўрбонӣ ва хирси асалдўст
Як дафъа маро аз бадбахтӣ куввати зиёду ҷасоратам ҳам наҷот дода натавонист. Боре туркҳо маро иҳота карданд. Ҳарчанд палангвор ба онҳо дарафтодам, боз ҳам асир шудам. Онҳо дасту поямро баста, ба ғуломӣ фурўхтанд.
Рўзҳои вазнин ба сарам омаданд. Дуруст, ки кори вазнин нафармуданд, аммо вазифаам басо дилгиркунанда буд: ман занбўрбон шудам. Ҳар субҳ бояд занбўрони султонро ба марғзор мебурдам ва рўзи дароз бонӣ карда, шабона боз меовардам.
Шабу рўзи аввал мушкилӣ надоштам, вале занбўрҳоро шуморда биним, якто намерасад. Ба суроғаш рафтам ва ба зудӣ пайдо кардам. Аммо ба занбўр ду хирси барзангӣ дарафтода буд. Хирсҳо мехостанд, ки вайро ду ҳисса карда, асалашро нўши ҷон кунанд.
Он лаҳза ман ягон хел аслиҳа надоштам. Дар дастам як табарчаи нуқрагӣ буду халос.
Қулоч кашидаму ҳамин табарчаро ба тарафи хирсҳои гушначашм партофтам. Мақсадам тарсондани онҳо ва халос кардани занбўри бечора буд. Хирсҳо тарсида гурехтанд. Занбўр аз чанги онҳо раҳоӣ ёфт.
Аммо дар вақти қулоч кашида табар партофтан фаромўш кардам, ки дастонам басо пурқувватанд, яъне чунон ба шаст табар партофтам, ки вай боло рафта, рост ба Моҳ бархўрд. Оре, ба худи Моҳ. Албатта, шумо сар ҷунбонда механдед, лекин маро фурсати хандидан набуд.
Ба фикр афтодам: акнун чӣ кор кунам? Аз куҷо як нардбони дароз пайдо карда, ба моҳ барояму табарчаро бигирам?
Саёҳати нахустин ба моҳ
Хушбахтона, ба ёдам расид, ки дар Туркия як сабзавот мерўяд. Ин сабзавот чунон зуд қад мекашад, ки баъзан ба осмон мерасад. Ин боқилои туркист.
– Урр-а-а! – дод задам ва ба танаи он часпида гирифтам, ба боло ҳаракат кардам.
Баъди як соат дар Моҳ шудам. Дар моҳ табарчаи нуқрагинамро пайдо кардан осон набуд. Охир, Моҳ ҳам нуқрагун асту табарча ҳам. Нуқра дар нуқра дида намешавад. Бо вуҷуди ин табарчаро пайдо кардам: вай андарунм як даста пахоли пўсида будааст.
Хурсанд шудам. Табарчаро ба тасмаи миёнам баста, ба Замин фуромадан хостам. Аммо тарбуз аз бағалам афтид: дар офтобрў танаи боқило хушкида, чанд ҳисса шуда буд. Инро дида, аз дарду ғам қариб фиғон кашида будам.
Чӣ бояд кард? Чӣ бояд кард? Наход акнун имкони ба Замин баргаштан надорам? Наход акнун тамоми умр дар Моҳи дилбазан мемонам? Не, ҳаргиз!
Ба назди тўдаи пахол давидам, то ки аз он ресмон ресам. Ресмон чандон дароз нашуд, вале кирои гап нест.
Онро овезон карда, ҷониби Замин поён омадам. Як дастам дар ресмон буду дар дасти дигарам табарча.
Вале, ресмон ки кўтоҳ буд, ба зудӣ дар фазо – миёни замину осмон, муаллақ мондам. Даҳшатнок буд, аммо дасту по нахўрдам. Андак фикр карда, илоҷи корро ёфтам: аз нўги ресмон маҳкам дошта, сари онро бо табарча буридам ва ба нўги дигараш пайваст кардам. Ин кор имкон дод, ки оҳиста-оҳиста поён фуромадан гирам.
Бо вуҷуди ин то Замин роҳ дароз буд. Сари ресмонро чанд маротиба бурида, ба охираш пайвастан лозим шуд. Ниҳоят ба андозае паст фуромадам, ки биною қасрҳои шаҳр намудор шуданд. То ба Замин се ё чаҳор мил масофа монд.
Банохост, бахти бадро бинед, ки ресмон канда шуд. Бо шаст сорозерафтодам ва тақрибан ним мил ба қаъри замин фурў рафтам. Ба худ омада, чанд гоҳ чӣ кор карданамро надонистам, то аз чуқурӣ берун бароям. Рўзи дароз, нахўрдаю нанўшида, фақат андеша кардам.
Ниҳоят, чора ёфт шуд: бо нохун зина кандам ва якта-якта по монда, ба рўйи замин баромадам.
Ҳақ асту рост, ки Мюнҳаузен дар ягон ҷо дар намемонд.
Оқибати чашмгуруснагӣ
Ҳеҷ ганҷ бе ранҷ муяссар намешавад, ранҷу азоб инсонро пухтатар мекунанд. Баъди саёҳати Моҳ ман ҳам тарзи дигар ва беҳтари аз дасти хирсҳо наҷот додани занбўронро пайдо кардам.
Як бегоҳ ба шоҳтири ароба асал молида, каме дуртар пинҳон шудам.
Чун пардаи торикӣ фуромад, ба ароба як хирси барзангӣ наздик шуд. Вай шоҳтирро ҳарисона лесидан гирифт. Хирси чашмгурусна саргарми лесидани асал шуд ва бехабар монд, ки шоҳтир ба даҳонаш даромад, баъд, ба гулўяш халид, пас, аз меъдаю рўдааш гузашту ниҳоят аз ақибаш берун шуд.
Ман, ки мунтазири ҳамин фурсат будам, ба тарафи ароба давидам ва як мехи калону дароз гирифта, ба нўги шоҳтир кўфтам. Хирс дар шоҳтир банд шуд. Вай на пеш рафта метавонисту на ба ақиб. Дар ин вазъ ўро то субҳидам нигоҳ доштам.
Субҳидам ин воқеаро шунида, худи султони турк ба наздам омад, то ба чашми худ бубинад, ки чӣ ҳила ба кор бурда, хирси барзангиро асир кардам. Султон манзараро дурудароз тамошо кард ва чунон ба завқ омад, ки аз ханда ҳатто афтид.
Ду асп дар бағалу ароба сари китф
Ба зудӣ туркон маро озод карданд ва ҳамроҳи асирони дигар боз ба Петербург фиристоданд.
Аммо ман Россияро тарк кадам, ба як фойтун савор шуда, ҷониби ватани худ роҳ пеш гирифтам. Ҳамон сол зимистон бисёр вазнин омад. Ҳатто офтоб шамол хўрд, рухсораҳояш ях бастанд ва мубталои зуком гашт. Чун офтоб бемор мешавад, ба ивази гармӣ сардӣ медиҳад. Акнун тасаввур кунед, ки дар фойтун маро чӣ хел ларзаи сахт гирифта буд. Бар замми ин, роҳ танг ва ду тараф – девор.
Ба ёвари худ амр додам, ки сурнай кашад , то мусофироне, ки аз муқобил меоянд, бозистанд ва сабр кунанд, ки мо гузошта равем. Дар ин роҳи танг ду фойтун намеғунҷид.
Фойтунчӣ амри маро ба ҷо оврд. Вай сурнай гирифту хост, садо диҳад. Туф карду пуф карду пуф кард, аммо аз сурнай ягон садо набаромад. Ин вақт аз рўбарў як фойтуни калон намудор шуд.
Чораи дигар набуд, аз фойтун пиёда шудам, пас аспҳоро аз он ҷудо кардам.
Баъд, фойтунро сари китф бардоштам. О ҳ, чӣ қадар вазнин буд фойтуни пуродам. Як хез зада, онро ба ақиби он фойтуни калон гузарондам.
Ин кор барои ман, ки басо нерумандам, – шумо инро хуб медонед, – осон набуд.
Нафас рост кардаму ба назди аспҳо баргаштам. Ҳар дуро зери каш гирифта, ин дафъа ду хез зада, онҳоро ба назди фойтуни худамон бурдан хостам.
Дар вақти хез заданам як асп бошиддат лагад задан гирифт.
Бисёр нобоб буд пеш рафтан.
Ночор ду пойи ақиби он аспро ба қисаи камзўлам даровардам ва асп ҳам ночор монду ором шуд.
Пас, аспҳоро дубора ба фойтун бастам ва орому осуда ба як меҳмонхона расидем.
Гуворо буд дар чунин сармои қаҳратун ва баъди ин хел кори вазнин дар хонаи гарм истироҳат кардан.
Садоҳои яхбаста
Фойтунчии ман сурнайро аз бухорӣ каме дуртар гузошт ва назди ман омад. Мо аз ҳар хусус чақ- чақ сар кардем.
Нохост сурнай садо дод: «Тра-та-та! Тра-та-та! Тра-та-та!»
Сахт ҳайрон шудем. Аммо ҳамон замон фҳмидам, ки чаро дар сармо аз ин сурнай ягон садо берун нашуду акнун дар гармӣ худ аз худ нағма сар кард.
Дар сармо садоҳо дар сурнай ях баста будаанд ва акнун аз гармӣ об шуда, аз сурнай бурун омаданд.
Ману фойтунчӣ тамоми шаб аз ин садоҳои форам ҳаловат бурдем.
(Давом дорад).
Таҳияи Шабнами Мустафо