Китобҳо бо хати лотин дар бойгонии Китобхонаи миллӣ

 Шуъбаи нигаҳдории депозитарӣ аз мавҷудияти беш аз 500 номгӯ ин гуна китобҳо хабар медиҳад, ки бештари онҳо маъруфтарин китобҳои адибони тоҷик ва ҷаҳонанд. Аз ҷумла, чопҳои аввали асарҳои поягузори адабиёти навини тоҷик, устод Садриддин Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик» ва «Дохунда», «Намунаи фолклори тоҷик», «Зарбулмасалҳои тоҷик», «Зиндагӣ ва саргузаштҳои Робинзон Крузо»-и Д. Дефо, «Ревизор»-и Н. Гогол ва даҳҳо асарҳои маъруфу машҳури адабиёти тоҷик ва ҷаҳон нигаҳдорӣ мешаванд.

  Дар усули нигоҳдории бойгонӣ ба бахши китобхонаҳои депозитарӣ таваҷҷуҳ ҳамеша якранг нест, зеро пуркунӣ ва такмили ин навъи фондро манбаъҳои гуногуну воридшавии адабиёти омехта ташкил медиҳад. Масалан, агар дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ яке аз сохторҳои асосӣ дар дохили муассиса ҷойгир шуда бошад ва фонди он аз ҳисоби фонди шуъбаи нигоҳдории китоб ва такмили адабиёти ин муассиса такмил ёбад, дар давлатҳои хориҷа, махсусан Русия, Қазоқистон, Белорусия ва давлатҳои Ғарб бойгонии депозитарӣ ҳамчун китобхонаи алоҳида ва дорои фонди бой созмон ёфтааст ва махзани онҳо на танҳо аз ҳисоби адабиёти дохилӣ, балки аз бойгониҳои китобхонаҳои дигар ва ҳатто аз фонди муассисаву идораҳои давлатӣ такмил меёбад.

Мутаассифона, бойгонии шуъбаи нигоҳдории депозитарии Китобхонаи миллӣ имрўзҳо танҳо аз ҳисоби фонди дохили муассиса ғанӣ мегардад, ки мо наметавонем як хазинаи фарогири тамоми китобҳои камёфт ва нодирро дар ин бахш гирд оварем. Албатта, ҳоло мо дар масъалаи мавриди назар ба таври умум иттилоъ додем ва мутмаинем, ки дар оянда коршиносон ва мутахассисони соҳа бо таҳқиқу таҳлили амиқ ин масъаларо ба таври пурра омўхта, барои рўшантар гардидани ҳадафу мақсад ва вазифаҳои шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ баҳои арзанда хоҳанд дод.

            Чуноне ки иттилоъ дода будем, дар ин махзан маҷмӯаи мунтазами китобҳо иборат аз фонди китобҳои нодир, камёфт, китобҳои ҳаҷман хурд, китобҳои ҳаҷман калон, фонди ба хатти лотинӣ, маҷаллаҳои то инқилобӣ, варақаҳои изографӣ ва дигар номгўи фонд аст, ки дар мавриди аксари онҳо мо маълумот пешкаш намуда будем.

            Инак, мақсад гузоштем, ки дар ин навишта то ҳадди имкон дар мавриди фонди ба хатти лотинӣ нигоҳдоришавандаи махзани шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ маълумот диҳем. Фонди мазкур бо шумораи зиёда аз 5000 нусхаро дар бар гирифта, дар шаклу намудҳои гуногун ва бо дарназардошти арзишҳои таърихиву бадеӣ ҳифз мешавад. Бояд гуфт, ки китобҳои ба хатти лотинӣ дар миёни коллексияҳои фонди нодири шуъба дорои арзиши баланди илмӣ буда, дар бораи ходимони илму фарҳанг ва шахсиятҳо, маҷмуаҳои библиофилӣ, китобҳо дар мавзӯи мушаххас ё алоқаманд ба як минтақаи мушаххаси ҷуғрофӣ мебошанд. Барои нигоҳ доштани маҷмуи ин фонд, чун қоида, он ба фондҳои алоҳида ҷудо карда шудааст. Маҷмуаҳо асосан таълимӣ буда, дар он вобаста ба тамоми илҳои ҷамъиятӣ адабиёт пайдо намудан имкон дорад.

            Бояд гуфт, ки хатти лотинӣ, ки ҳоло дар бораи китобҳои бойгонии Китобхонаи миллӣ бо ин хат сухан меравад, алифбои лотин ё алифбои румӣ номида мешавад ва бо ҳамин ду истилоҳ аз он ёд мекунанд. Ин хат имрӯз ҳам пуристифодатарин хати рӯи олам ба ҳисоб меравад. Аввалин осори хаттӣ бо ин алифбо ба миёнаҳои ҳазорсолаи аввали то солшумории мо рост меояд. Ин хат аз гунаҳои ғарбии алифбои юнонӣ гирифта шуда ва нахустин бор дар Руми Бостон барои навиштани забони лотин ба кор рафт. Баъди садаи якуми пас аз милод дар алифбои лотин қоидаҳои зебоишиносии вижае падидор гашт. Ин аввал дар катибаҳо ва сипас бо тағйироти ҷузъӣ дар китоб таҳаққуқ пайдо кард.

Алифбои лотинӣ (ҳудудан 10 сол 1930–1940) бо иловаи ҳарфҳои ишоракунандаи овозҳои хоси забони тоҷикӣ чун алифбо барои мо хидмат кард. Хатти лотинӣ баъзе душворӣ ва камбудиҳоро ба миён овард. Ин душвориҳо аз он иборат буд, ки аксари мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (русҳо, украинҳо, белорусҳо ва халқҳои дар гузашта бехату алифбо) бо хатти русӣ менавиштанд, аз ҷиҳати дигар, барои таълими забони русӣ дар мактаб омӯхтани хатти русӣ аҳамият дошт.  Ҳамин тавр, соли 1940 дар Тоҷикистон бо иловаи шаш ҳарфи хоси тоҷикӣ (ӣ, ғ, қ, ӯ, ҳ, ҷ) хати крилӣ ҷойгузини алифбои лотин шуд.

            Дар фонди ба хатти лотинӣ маҳфузбудаи шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ адабиёти нависандаҳои тоҷик ва хориҷӣ, ки ба ин хат баргардон шудаанд, маҳфузанд. Аз ҷумла, чопҳои аввали асарҳои поягузори адабиёти навини тоҷик, устод Садриддин Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик» ва «Дохунда», «Намунаи фолклори тоҷик», «Зарбулмасалҳои тоҷик», «Зиндагӣ ва саргузаштҳои Робинзон Крузо»-и Д. Дефо, «Ревизор»-и Н. Гогол ва даҳҳо асарҳои маъруфу машҳури адабиёти тоҷик ва ҷаҳон нигаҳдорӣ мешаванд.


Идигул Нусратуллозода,

 сардори шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ.

 

 МАТОЛИБИ ДИГАРИ ИН БАХШ: