САРСУХАНИ ЗАРИФ ҒУЛОМ БА АВВАЛКИТОБИ ЭМОМ НАЗАРИЁН: БА МАЗОҲАТ НАГУФТАМ ИН ГУФТОР….
Рўзноманигори соҳибтаҷриба Эмоми Назариёнро, ки сӣ соли умри бобаракаташро ба ҷаридаи бонуфузи ҷумҳурӣ «Ҷавонони Тоҷикистон» (собиқ «Комсомоли Тоҷикистон») бахшидааст, бо хислатҳои меҳнатдўстӣ, садоқат ба касби худ ва хоксорию поктинаташ мешиносам.
Ва инак, пас аз андўхтани таҷрибаи зиндагӣ ва сайқал додани касби дўстдоштааш қадами неки нахустинашро дар ҷодаи эҷодиёти бадеӣ устуворона гузошта, маҷмўаи ҳаҷвияҳояшро таҳти унвони «Хатсайри гуноҳ» пешкаши мухлисони каломи бадеъ гардондааст.
Асан, ҳаҷв дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ба маънои мазаммат, масхара омадааст. Ҳангоми қироати маҷмўа кашф кардам, ки ҳаҷви Эмоми Назариён ҳаҷви малеҳ, яъне, ҳаҷви зоҳиран ситоиш мебошад. Худ қазоват кунед ва ба ин нигоштаи ў баҳо диҳед:
«Қадам навча, шикамам дўлча, шимам кўҳнача, мўйсарам сафедча, чашмонам аз нимгуруснагӣ чуқурча, дар китфам овезон доим сумкача, раҳгардиям ранги мастча, сарам хаму нигоҳ кунам пеши поча…» (“Бародарам милиса», саҳ. 12).
Воқеан, Эмоми Назариён то анҷоми ин маҷмўа дар баробари нигоштани мақолаҳои гуногунжанри журналистика, хеле барвақт, соли 1985 қаламаашро дар жанри ҳаҷв санҷида, бо дастгирӣ ва таҳриру дуои неки нависандаи шинохта Ҷонибеки Акобир (равонаш шод бод!) ҳаҷвияи аввалинашро бо номи « Телефон» дар маҷмўаи дастаҷамъии «Чашмасор» ба табъ расонда буд.
Омўзиш ва таҳлили ҳаҷвияҳояш аз он гувоҳӣ медиҳад, ки мавсуф хеле мушоҳидакор буда, силсилаи ҳаҷвияҳояшро аз соли 2003 то инҷониб омода намудааст. Тазаккур бояд дод, ки муаллиф ба воситаи ҳаҷви намакинаш рафтору кирдори қаҳрамонҳояш ва ҷаҳони ботиниву маънавии персонажҳоро кушода додаст. Ба ин муколамма диққат диҳед: «Шумо рўзноманигори кўҳнаву таҷрибадор ҳушёрии сиёсиро фаромўш сохтаед. Охир депутат Соҳиб Талошзода дар ҳамаи чор сурат риш дорад-е! Дар газетаи мо ба ришдорон ҷой нест! («Депутати ришдор», саҳ. 3).
Эмоми Назариён кўшиш намудааст, ки бо нигоштаҳои худ олами ҳастӣ, беахлоқии қаҳрамонҳо, ҳамаи норасоиҳои ғофилону камтаъбон ва дигар ноқисиҳою хислатҳои номатлуби персонажҳоро тасвир намояд: «Домулло, ин ҷо ҷои шарм нест, -шердил карданӣ шуд маро Маҷид Нафсӣ, ки дар мизи мудаввар иштирок надошт. – Таомул ин ҷо ҳамин хел аст. Шаҳри якчашмаҳо, ки омадед, якчашма шавед, гардам. Ду соатаки дигар гўшҳоро халта карда, гўш мекунему насиб бошад мерасем ба обед. Ба шиками холӣ овози булбул ҳам намефорад. Бигиред, нўши ҷон кунед… («Кофе- брейк»).
Эмоми Назариён дар нигоштаҳои худ паҳлуҳои гуногуни жанри ҳаҷвро ба қадри имкону қобилияташ баррасӣ намуда, кўшиш кардааст, ки масъалаҳои мубрами ин жанри бадеиро кушоду равшан инъикос намояд. Бурди дигар маҷмуа дар он аст, ки муаллиф дар тарҷумаҳои ҳикояҳои ҳаҷвии нависандагони рус Антон Павлович Чехов, Валентин Сайкинский, нависандаи машҳури Ўзбекистон Саид Аҳмад ва чанде дигар қобилияти хубе доштааст.
Ба ғайр аз ин, муаллиф дар маҷмўа якчанд лутфҳои шоири ширинкалом Хайрандеш, намунаҳои латифаҳои мардумони хориҷӣ ва лутфҳои ҳозирҷавобонаи Сазою Вафо (персонажҳои офаридаи худи муаллиф) ҷой дода шудааст, ки хонданӣ ва ҷавобгў ба талаботи замон мебошад.
Аҷаб менамояд, Эмоми Назариён дар арафаи 70- солагиаш ҷуръат намудааст то ҳаҷвияҳояшро дар як маҷмўа гирд оварад. Маҷмўаи ҳаҷвияҳои «Хатсайри гуноҳ» аз «шер» омадани соҳибқалами мавсуф далолат медиҳад.
Умед ва боварӣ дорем, ки ҳаҷвнигори муваффақ Эмоми Назариён дар қатори устодони каломи бадеъ Басир Расо, Бурҳон Ғанӣ (руҳашон шод бод!), Ҳакималӣ Назаралӣ ва дигарон мулки ҳаҷвро обод ва деги танзу мутойибаро то ҷое гарм нигоҳ дошта, ҳаҷвияҳои тоза иншо менамояд ва бо ин амали хайраш роҳу равиши худро дар адабиёт равшан менамояд. Мехоҳам дар ин ҷода ба дўсту бародарам Эмоми Назариён аз забони ниёкони бузургамон Убайди Зоконӣ дуои таманниёт намоям:
Ба мазоҳат нагуфтам ин гуфтор,
Ҳазл бигзору ҷилд аз ў барор!
Зариф Ғулом, 24 декабри соли 2020
Ҳамчуноне дар сарсухани адиби нуктасанҷ Зариф Ғулом омадааст, «Хатсайри гуноҳ» ягона маҷмўаи навиштаҳои ҳаҷвии рўзноманигори собиқадор Эмоми Назариён (Эмоми Назаров) ба шумор меравад. Қаблан аксари онҳо дар саҳифаҳои ҳаҷвии «Лабханди Сафар-махсум» ва «Хандарез»-и нашрияи «Ҷавонони Тоҷикистон», ки ў 30 соли ҳаёташро сарф кардааст, ба табъ расиданд.
Таҳияи Ойҷонгул Азизова.